Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон шиканҷаи гумонбарон афзоиш ёфтааст


Шиканҷаи гумонбарон дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Шиканҷаи гумонбарон дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Раиси комиссияи таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон - "Ҳақиқат" ва вакили дифоъ Айман Умарова гуфт, баъди оғози нооромиҳо "шиканҷа зиёд шудааст".

"Дар вазъияти маъмулӣ ин қадар парванда нест. Бинобар ин, дар чашм наменамояд, ки онҳо чи гуна сурат мегиранд. Зеро шиканҷаҳо оҳиста анҷом мешаванд. Аммо ҳоло дастаҷамъона мешавад", иқтибос овардааст хабаргузории ​Tengrinews аз суханони Умарова.

Ба гуфтаи Умарова. кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон чунин хулоса мекунанд, ки вақте одамон дар тазоҳурот иштирок карда бошанд, дар беназмиҳо низ даст доранд. "Танҳо барои он ки ӯ дар онҷо буд, зиддаш бо айби терроризм парванда боз мекунанд", - афзудааст Умарова.

Додситонии кулли Қазоқистон 4-уми феврал хабар дод, ки ба мақомоти ин кишвар дар бораи "усули ғайриқонунии тафтиш" 148 шикоят шудааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 1-уми феврал аз мақомоти Қазоқистон хост, ки иддаои шиканҷаро ҳамаҷониба тафтиш кунанд ва ба нақзи ҳуқуқи фаъолон поён диҳанд. Созмон дар изҳороти худ ба саргузашти Жасулан Анафияев таваҷҷуҳ кард. Падари серфарзандро баъд аз ҳодисаҳои моҳи январ ба иттиҳоми ширкат дар гирдиҳамоии беиҷозат дастгир карда, пас аз чанд рӯз ҷасадашро бо изи шиканҷа ба наздикон доданд. Сабаби расмии марги ӯро "панкреатити музмин" навиштанд.

Тазоҳурот бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январи имсол дар Жанаозен, ғарби Қазоқистон, шуруъ шуд ва тадриҷан тамоми кишварро фаро гирифт. Мақомот иддао карданд, ки ба шаҳри Алмаато "20 ҳазор террорист ҳамла кардааст", вале баъдан ВКД гуфт, манзури мақомот шумори умумии иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ аст.

XS
SM
MD
LG