Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Украина ва ҳамсояҳояш хостаанд, ки хориҷиҳоро "ҷудо" накунанд


Марзи Украина бо Лаҳистон (Полша)
Марзи Украина бо Лаҳистон (Полша)

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, теъдоди мардуме, ки аз ҷанги Русия дар Украина мегурезанд, ба тақрибан 2 миллион нафар расидааст. Дар ин бора комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон Филиппо Грандӣ баъди боздид аз Молдова, Лаҳистон ва Руминия маълумот дод. Ин кишварҳо мизбонони асосии паноҳҷӯён аз Украина ҳастанд.

Аммо натанҳо украиниҳо, балки шаҳрвандони кишварҳои дигар низ аз онҷо фирор мекунанд. То ин дам тақрибан 1400 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистону Молдова паноҳ бурдаанд. Айни замон баъзе аз хориҷиҳо шикоят доранд, ки ҳини фирор бо «табъиз ва мушкилоти дигар» рӯбарӯ ҳастанд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират аз ҳукуматҳо хостааст, ба табъиз нисбати шаҳрвандони кишварҳои саввум, ки талоши фирор аз Украина ба давлатҳои ҳамсояро доранд, поён бидиҳанд.

Павел Диллон, сухангӯи созмон, гуфт, "албатта, мо амиқан нигарони вазъияти таассуфовари ин афрод ва гузоришҳои таъйидшуда ҳастем, ки дар мавриди табъиз, хушунат ва бегонаҳаросӣ алайҳи онҳо дар тӯли сафарашон дар тарафи Украина ва он сӯи марзҳо дарёфт кардаем."

Сайлигул, як зани ҳомилаи тоҷик, то оғози ҷанги Русия дар Украина дар Запарожйе кору зиндагӣ мекард. Ӯ шикоят дорад, ки беш аз як ҳафта боз наметавонад бо ду кӯдакаш аз онҷо берун шавад. «Дар роҳи оҳан ва ҷойҳои дигар аввал шаҳрвандони Украинаро барои берун рафтан иҷозат медиҳанд. Шаҳрвандони кишварҳои дигарро дар навбати дувум гузоштаанд,» -- гуфт ӯ рӯзи 8-уми март.

Сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, дар робита ба вазъияти шахсоне ба монанди Сайлигул бо мақомоти украинӣ ва кишварҳои дигар дар тамос мебошанд. Вай аз ҳукуматҳо хост, гузоришҳоро дар бораи табъиз ва рафторҳои дигари нодуруст баррасӣ кунанд.

Павел Диллон ҳамчунин аз кишварҳо хост, итминон бидиҳанд, бо афроде, ки аз даргириҳо фирор мекунанд, аз ҷумла атбои кишварҳои севум, рафтори инсонӣ сурат мегирад ва дар қаламравҳояшон ба онҳо иҷозаи дастрасӣ ба хадамотро медиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони 138 кишвар Украинаро тарк карданд ва масъалаи шаҳрвандони кишварҳои севум ва ниёзҳои давомдори онҳо яке аз мавридҳое хоҳад буд, ки дар ҳафтаҳои оянда ба он расидагӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Диллон, даҳҳо кишвар бо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар тамос шуда, хоҳони бозгашти амни шаҳрвандонашон шуданд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират хостори дарёфти 350 миллион доллар барои посух гуфтан ба ниёзҳои рӯ ба афзоиши бӯҳрони Украина дар ду тарафи марз аст. Ин созмон мегӯяд, ин пул ба ҳазорон овора дар дохили Украина ва ҳамчунин ба касоне, ки ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд, расонида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG