Дар чанд ҷумла
Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон хостааст, "сабур" бошанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикиаш ба муносибати Наврӯз аз мардум хостааст, ки дар ин “солҳои вазнини башарият” сабур бошанд.
Дар паём, ки рӯзи 19-уми март дар саҳифаи расмии раиси ҷумҳур нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки мардуми тоҷик солҳои аз ин сахттаро паси сар кардааст ва ин рузҳои душворро метавонад, паси сар кунад. Дар ин паём омадааст: “Мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд.”
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ба сабаби таҳримоти иқтисодӣ ва низоъҳо, ки зоҳиран ишорае ба таҳримоти кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия ва ҷанги он дар Украина аст, “вазъи таъминот бо маводи ғизоӣ дар бисёр минтақаҳои олам хеле мушкил гардидааст, ки таъсири он ба ҳама, аз ҷумла ба кишвари мо низ мерасад.”
Баъди эъмоли таҳримоти сахти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия, ки бо Тоҷикистон тиҷорати зиёд дорад ва кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст, арзиши сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ бахусус доллар поин рафт. Қимати маводи ғизоӣ батадриҷ ба боло ҳаракат мекунад.
Нархи орд, яке аз маҳсулоти асосӣ барои хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки то аввали моҳи март 270 сомонӣ буд, рӯзи даҳуми март то ба марзи 325 сомонӣ расид. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки истифодаи босамари замин ва кишоварзии дуруст, яке аз роҳҳои “асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад.”
Тоҷикистон агарчӣ як кишвари умдатан кишоварзист, аммо ба қадри кофӣ ғалла истеҳсол намекунад ва солона садҳо ҳазор тонна гандумро аз хориҷ мехарад. Бисёре аз маҳсулоти ғизоӣ низ аз хориҷ ворид мешавад ва барои ҳамин ҳукуматро танқид мекунанд, ки натавонистааст, шароитро барои тавлиди маводи ғизоӣ дар дохил фароҳам кунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Лукашенко дар зиндон будани Статкевичро тасдиқ кард

Александр Лукашенко, раҳбари Беларус гуфт, ки Николай Статкевичи 69-соларо, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни озодкунии маҳбусони сиёсӣ нахост кишварашро тарк кунад, мақомоти қудратӣ «бурдаанд». Лукашенко дар ин бора рӯзи 17 сентябр дар ҷараёни мулоқот бо тарафдорони ҳукумат изҳори назар кард. Лукашенко гуфт, қарори аз зиндон озод кардани Статкевичро бо сабаби бад будани вазъи саломатии ӯ қабул кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Ин одам дар поёни умраш аст, базудӣ, худо накарда, дар зиндон мемурад. Ба ӯ ин корҳо чӣ даркор? Вай мехоҳад раҳбар бошад». Худи Лукашенко 71-сола аст.
Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Беларус бо гузашти як ҳафта аз ҳодисаи нопадидшавии ӯ дар марзи Беларусу Литва макони будубоши Статкевичро шарҳ намедоданд.
Лукашенко дар идома инчунин гуфт:
Статкевич «гӯё ба он ҷо, ба минтақаи ҳоил ворид шуда ба назди литвониҳо рафт. Бачаҳо пурсиданд: «Ту ба Беларус баргаштанӣ ҳастӣ, о туро ба зиндон…» (Статкевич гуфтааст): «Ба зиндон меравам». «Хеле хуб». Ӯро бурданд. Монда намераванд-ку. Ӯ ба ҳар ҳол одами худи мо аст. Яъне шаҳрванди мо. Ба Беларус бурданд. Чаро ӯро хафа кунанд? Агар ӯ хоҳад, ки пешвои оташ задани мошину хонаҳои милисаҳо бошад, бигузор дар он ҷо (дар зиндон) истад, - гуфт Лукашенко. – Каме мубориза бурд, бас аст, хуб, ин ҳам қиссаи дигар аст».
Николай Статкевич соли 2020 номзадии худро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намуд ва то ҳол маҳбуси маъруфтарини сиёсӣ дониста мешавад. Рӯзи 11 сентябр мақомоти Беларус 52 зиндонии сиёсро аз маҳбас озод карданд ва дар миёни онҳо Статкевич ҳам буд. Шоҳидон гуфтанд, ки вақте маҳбусони сиёсиро савори автобус ба самти минтақаи ҳоил дар марз бо Литва интиқол медоданд, ӯ аз дохили автобус берун шуда фирор намуд.
Ба Беларус ӯро одамони ниқобпӯш бурданд. Аз он замон дар борааш ҳеҷ маълумоте дар даст набуд. Ҳоло ҳам маълум нест, ки ӯро дар куҷо нигоҳ медоранд.
Нашрияи мустақили беларусии "Наша Нiва" бо такя ба як «манбаи боварбахш» гуфт, ки Статкевичро ба зиндони шаҳри Глубокое дар вилояти Витебск интиқол доданд. Ӯ дар ҳамин маҳбас мӯҳлати ҷазояшро сипарӣ мекард. Декабри соли 2021 ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум карданд.
Ҳамсари Статкевич Марина Адамович дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ба зиндони Глубокое рафт, то дар бораи макони будубоши шавҳараш пурсад, вале ба ӯ тасдиқ накарданд, ки ҳамсараш дар ин муассиса қарор дорад. Ин зан гуфт, ки маъмурияти зиндон ба ӯ ваъда дод, ки ба дархосташ дар 15 рӯз ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад.
Барои аризаи Гринкорт пардохти 1-долларӣ ҷорӣ шуд

Департаменти давлатии ИМА барои хоҳишмандони иштирок дар лотереяи ҳақи иқомат дар Амрико ё Гринкорт пардохти ҳатмие дар ҳаҷми 1 долларро ҷорӣ намуд. Огаҳиномае дар ин бора дар сомонаи Реестри федеролии ИМА нашр шудааст. Акнун хоҳишмандони ширкат дар лотерея баробари пур кардани аризаи худ бояд 1 доллар маблағро пардохт кунанд.
То ҳол ин кор бепул анҷом мешуд ва танҳо дар сурати бурд дар лотерея баъдан 330 доллар маблағро ба ҳангоми баррасии парвандаашон пардохт мекарданд. Департменти давлатӣ гуфтааст, ки ин чора барои аз иштирок дар маъракаи пуртарафдор дар сайёра хориҷ кардани шахсони тасодуфӣ мусоидат мекунад. Департаменти давлатӣ тахмин кардааст, ки аз ҳисоби ин пардохтҳо буҷаи давлат соле то 25 миллион доллар фоида мебинад ва шояд шумори аризадиҳандагонро коҳиш диҳад.
Лотереяи Гринкорт ё Корти сабз соли 1990 ҷорӣ шуд ва ҳар сол аз роҳи интихоби тасодуфӣ барои 50 ҳазор нафар ҳақи гирифтани иқомати расмӣ дар ИМА-ро фароҳам мекунад.
Таваҷҷӯҳ ба ин барнома дар миёни сокинони кишварҳои пасошӯравӣ хеле зиёд аст ва Узбекистон бузургтарин омори барандагони лотереяро дар соли ҷорӣ дошта, 5564 нафар посухи мусбат гирифтаанд.
Инчунин Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар миёни барандагони калони ин лотерея номбар мешаванд. Аз Тоҷикистон имсол наздики се ҳазор нафар барандаи лотерея шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон хост, саршумори ҷонварҳои нодир дақиқ карда шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти расмӣ ва донишмандон хостааст, саршумори чанде аз ҷонварҳои нодир, аз ҷумла, бабри барфӣ, морхӯр ва меши кӯҳӣ ва ё архарро аз нав дақиқ карда, ба ҳукумат гузориш бидиҳанд.
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар рӯзи 17-уми август ва дар ҳузури кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфт, дар Тоҷикистон дар 10 соли охир саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла морхӯр аз 1900 ба 6827 сар, Марко Поло аз 20 ҳазор ба 29 ҳазор ва бабри барфӣ аз 350 ба 500 сар афзоиш ёфтааст.
Ин ҷонварони нодир як даҳсола пеш дар вартаи нобудӣ қарор доштанд ва бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва талошҳои онҳо барои ҷилавгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ, батадриҷ бештар шудаанд.
Морхӯр, аз нодиртарин ва гаронтарин ҷонвари шикорӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои шикори як сари он 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби санаде мавсими шикори тирамоҳӣ дар Тоҷикистонро аз 1-уми сентябр эълон кард.
Имсол барои шикори 20 сар морхӯр, 132 гусфанди кӯҳии архар ё “Марко Поло”, 18 гусфанди бухороӣ ва 10 хирси нохунсафед иҷоза дода шудааст. Тибқи баъзе аз гузоришҳо, шикори ин ҷонварони нодир ва даромади он аз тарафи афроди баландпоя дар ҳукумат назорат мешавад.
Намояндагони Тоҷикистон ба нишасти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ рафтаанд

Тоҷикистон як ҳайатро барои ширкат дар иҷлосияи 60-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Женеваи Швейтсария фиристодааст.
Бар асоси амри президент Эмомалӣ Раҳмон, Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амният, Зариф Ализода, ёвари раиси ҷумҳур дар масъалаи ҳуқуқи инсон, ду муовини вазири корҳои дохилӣ, намояндагони Додгоҳи олӣ ва додситонӣ аз номи Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ширкат мекунанд.
Раиси ҷумҳур дастур додааст, ки маблағи сафари намояндагони Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи кишвар пардохт карда шавад.
Ҷаласаҳои пӯшидаи иҷлосияи 60-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милал аз 17 то 23-юми сентябр дар шаҳри Женева баргузор мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла Созмони Милал ҳукумати Тоҷикистон барои нақзи озодиҳои шаҳрвандон танқид мекунанд.
Феълан маълум нест, ки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ дар кадом мавзӯъҳо баромад мекунанд.
Ширкати низомиёни тоҷик дар машқҳои СПАД дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон рӯзи 17 сентябр машқҳои низомии нирӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) бо номи “Рубеж-2025” шурӯъ шуд.
Дафтари матбуоти ин созмон гуфтааст, машқҳо дар маркази тамринии назди Иссиқкӯл барпо шуда, ривояти он мубориза бо гуруҳҳои мусаллаҳи ба хоки кишварҳои узв воридшуда мебошад. Дар ин машқҳо воҳидҳои низомии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳам гуруҳҳои ҳарбии ситоди муштарак ва котиботи СПАД иштирок мекунанд.
Дар хабари Интерфакс омадааст, ки шумори асосии низомиёни иштирокдори машқҳоро ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия ташкил медиҳанд, ки дар хоки Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Дар машқҳо 1200 нафар ва 500 адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла, техникаи махсус, ҳавопаймо ва чархболҳо истифода мешаванд.
Дар маросими ифтитоҳи машқҳои низомӣ Имонгали Тосмагамбетов, дабири кулли СПАД гуфт, «ҳоло хатари асосӣ ин эҳтимоли ба самти Осиёи Марказӣ аз қаламрави Ховари Миёна кӯчидани гуруҳҳои тундрави ифротгаро мебошад”. Ӯ ҷузъиёти аз ин бештар надод.
СПАД як созмони ҳарбии минтақаӣ аст, ки соли 1992 бо иштироки ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ таъсис шуд, вале дар солҳои баъдӣ аз узвияти он чандин кишвар, аз ҷумла Узбекистону Гурҷистон берун шуданд.
Дар Чехия беш аз 40 коргари идораи полис дар як вақт шикамдард шуданд

Дар шаҳри Прагаи Чехия ҳафтаи гузашта дар як вақт беш аз чил корманди як идораи полис бо нишонаҳои исҳол ё шикамдард ба духтур муроҷиат кардаанд. Сомонаи чехии iDNES рӯзи 17 сентябр навишт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта дар идораи полиси маҳаллаи Летна рух дод.
Таҳқиқ шурӯъ шудааст, вале фарзияи аввалия ин аст, ки эҳтимолан бемории ходимони полис хусусияти вирусӣ дорад. Ҳанӯз манбаи сироят маълум карда нашудааст, вале барои пешгирӣ аз ҳама гуна эҳтимоли бадтар шудани вазъ барои як муддат ошхонаи умумӣ ва буфети бинои идораи полис баста шуд.
Ҳана Мала, як намояндаи ин идораи полис ба нашрия гуфтааст: “44 корманд бо нишонаҳои сабуки шикамравӣ шикоят карданд. Таҳқиқоти микробиологӣ вуҷуди хусусиятҳои бактериологии бемориро тасдиқ накард. Инчунин ВКД ба ҳайси идораи таъмини амнияти ҷамъиятӣ таҳқиқи эпидемиологиро ба роҳ мондааст”.
Ӯ гуфт, ки тафтиши ошхонаву буфет ҳеҷ мушкилеро ошкор накард ва баъди анҷоми таҳқиқ ин ду муассисаи хӯроки умумӣ аз рӯзи сешанбе дубора корро аз сар гирифтанд. Мала гуфт, баъди он ҳодиса дигар шикояте дар бораи бад шудани саломатии ходимони идораи полис дарёфт нашудааст.
Айбдоршавандаи қатли Кирк: ӯ нафрати аз ҳад зиёд мепароканд

Тайлер Робинсон, ки ба куштани блогнавис ва фаъоли муҳофизакор Чарлӣ Кирк гунаҳкор мешавад, гуфт, Киркро барои он кушт, ки аз худ нафратро хеле зиёд паҳн мекард.
Дар нахустин мурофиаи парвандаи Робинсон дар аёлати Юта вай бар пояи чандин банди қонуни кайфарӣ, аз ҷумла “куштори дараҷаи аввал, истифодаи силоҳи оташфишон бо расонидани зарари ҷиддӣ, монеъ шудан ба умури адлия, фишор ба шоҳидон ва содир кардани ҷинояти зӯроварона дар ҳузури кӯдак” айбдор карда шуд. Ин айбномаро додситони аёлати Юта Ҷефф Греё эълом дошт.
Бино бар парвандааш, Робинсон дар сӯҳбат бо волидонаш эътироф кардааст, ки маҳз ӯ Киркро парондааст ва ният дошт барои наҷот аз ҳабс худкушӣ кунад. Дар бораи ангезаи худ Робинсон гуфтааст: «Бадӣ хеле зиёд аст ва ин шахс нафрати аз ҳад зиёд паҳн мекунад».
Дар ҳуҷҷатҳо ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳамхона ва эҳтимолан шарики Робинсон як ёддошт ёфтааст: «Ман имкони нест кардани Киркро дорам ва аз он истифода мекунам». Ба гуфтаи ҳамхонааш, Робинсон беш аз як ҳафта кушторро омода мекард.
Илова бар ин дар мукотиба бо ҳамхонааш Робинсон хоҳиш кардааст, ки ӯ ин паёмҳоро пок кунад ва бо пулис ҳамкорӣ надошта бошад. Вай инчунин шикоят кардааст, ки падараш ҷонибдори ашаддии президенти ИМА Доналд Трамп шудааст.
Чанд соат пеш аз боздошт, ба навиштаи The Washington Post, Робинсон дар чати Discord навиштааст: «Салом, бачаҳо, ман барои шумо хабари бад дорам. <...> Ин ман будам дирӯз дар Донишгоҳи водии Юта. ИН ҳамаро ба ман бубахшед».
- Чарлӣ Кирк, блогнавис ва фаъоли муҳофизакор, ки 31 сол дошт, рӯзи 10 сентябр бо тире, ки ба гарданаш бархӯрд, кушта шуд. Дар он лаҳза Кирк дар донишгоҳи аёлати Юта суханронӣ мекард. Трамп ин ҷиноятро «ваҳшиёна» номид.
- Кирк яке аз онҳое ҳисобида мешавад, ки дар ҷалби шумораи зиёди интихобкунандагони ҷавон ба Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва худи Трамп дар интихоботи президентии соли 2024 ёрӣ кардааст.
"Бо амри Ҳайбатулло Охундзода". Интернети сокинони Балх маҳдуд шуд

Сухангӯи ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯяд, раҳбари ин ҷунбиши тундгаро ба мақсади, ба гуфтааш, "ҷилавгирӣ аз бадахлоқӣ" дар вилояти шимолии Балх истифодаи нахҳои оптикии интернетро манъ кардааст.
Аз замони сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021-ум ин бори аввал аст, ки идораҳои ҳукуматӣ, бахши хусусӣ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои сокинони Балх аз интернет маҳрум мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, интернети мобилӣ дар Балх фаъол боқӣ мемонад. Сухангӯйи ҳукумати Балх Ҳоҷӣ Атоуллоҳ Зайд ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки "манъи комил" бо ҳукми раҳбари Толибон Ҳайбатулло Охундзода ҷорӣ шудааст.
Маълум нест, ки чаро чунин қарор маҳз вилояти Балхро марбут аст ва оё ин ҳукм ба дигар вилоятҳои Афғонистон тавсеа хоҳад ёфт ё на?
Дар гузашта мақомдорони Афғонистон ҳангоми чорабиниҳои дастаҷамъӣ истифодаи интренети мобилиро манъ мекарданд, то аз инфиҷори маводи тарканда пешгирӣ шавад.
Мақомоти эронӣ нагузоштанд маросими ёдбуди Маҳсо Аминӣ барпо шавад

Мақомот дар Эрон пеши роҳи наздикону ҳаводоронро барои барпо кардани маросими ёдбуди Маҳсо Аминии соли 2022 дар идораи полис даргузашта гирифтанд. Радио Фардо менависад, 16 сентябр, ки рӯзи марги духтари 22-сола дониста мешавад, падари Маҳсо – Амҷад Аминиро ба идораи полиси шаҳри Саққиз дар Курдистони Эрон даъват ва аз ӯ тақозо карданд, ки ба хотири ёдбуди духтари ҷавонмаргаш ҳеҷ маросиме барпо накунад. Маҳсо Аминӣ баъди боздошташ аз ҷониби ходимони полиси ахлоқ дар Теҳрон бо иттиҳоми бадҳиҷобӣ дар шароити мармуз ҷон дод.
Наворҳои видеоии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки рӯзи 16 сентябр фурӯшгоҳҳо дар Саққиз баста буданд ва гуфта мешавад, ки ба нишони ёдбуд аз марги ин духтари ҷавон тоҷирон коршиканӣ карданд.
Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки аз рӯзи 14 сентябр ба ин сӯ дар наздикии хонаи Аминӣ ходимони амниятӣ истода ҳама гуна ҳаракату рафту омади мардумро назорат мекарданд. Ин манбаъ инчунин гуфт, ки амниятиҳо роҳро ба сӯи қабристони Ойчӣ, ки Маҳсо он ҷо дафн шудааст, бастаанд. Зиёрати қабри Маҳсо ҳам барои аҳли хонавода ва ҳам дигарон манъ шудааст.
Манбаъҳои Радио Фардо мегӯянд, ки мақомот бо талоши масдуд кардани роҳ ба сӯи қабристон сатҳи оби дарёи Саққизро аз ҳисоби боз кардани захираҳои оби обанбори Чароғи вайс зиёд карданд.
Айни ҳамин корро соли гузашта ҳам дар солгарди дуюми марги Аминӣ карда буданд. Ҳалокати духтаре, ки мақомот ӯро гӯё барои нодуруст бастани ҳиҷоб дар Теҳрон боздошт кардаву дар он ҷо ҷон дод, боиси эҷоди бесобиқатарин эътирозҳо дар таърихи низоми Ҷумҳурии Исломӣ гардид.
Мардуми зиёде давоми моҳҳои дароз зидди ҳукумати мазҳабӣ, аз ҷумла раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ ба кӯчаҳо рехтанд. Ҳукумат бо саркӯб вокуниш кард ва дар натиҷа, беш аз 500 кас куштаву 20 ҳазор кас боздошт гардид. Human Rights Watch бо нашри гузорише дар остонаи сесолагии марги Маҳсо гуфт, бо гузашти вақт ҳам мақомот дар Эрон таҳқиқи муассир, бетарафона ва мустақилонаи ҳолатҳои ҷиддии вайрон шудани муқаррароти ҳуқуқи инсонро дар паи эътирозҳое бо шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ” барпо накарданд.
Кӯмаки ИМА ба гуруҳҳои осебпазири сокини Тоҷикистон

Дипломатҳои амрикоӣ дар маросиме дар Душанбе рӯзи 17 сентябр ба Тоҷикистон 75 тонна ғизои истеҳсоли амрикоиро ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар тақдим карданд.
Дар иттилоияи сафорати ИМА дар Душанбе омадааст, ки ин кӯмакҳо “барои дастгирии тақрибан 40 ҳазор аҳолии осебпазир” равона мешавад. Маводи ғизоии тақдимшуда аз наску биринҷ ва сабзавот иборат мебошад, ки бо витамину минералҳои муҳим ғанӣ гардонида шудааст.
Ин ёриро ба беш аз 140 муассисаи тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобати сил, дармонгоҳҳои равонпизишкӣ, марказҳои онкологӣ ва паноҳгоҳҳо барои гурезаҳо тақсим мекунанд.
Аз соли 2007 ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон ҳазор тонна кумаки ғизоии ғанигардонидашудаи истеҳсоли Амрикоро ба маблағи беш аз 2,2 миллион доллар фароҳам кардааст.
Ҳабси абади як афғонистонӣ дар Олмон

Дар Олмон як зодаи Афғонистон барои куштори фарде дар гирдиҳамоии зиддиисломӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Рӯзи сешанбе додгоҳи шаҳри Штутгарт гуфт, ки соли гузашта ин шаҳрванди Афғонистон бо ғаразҳои эҳтимолан мазҳабӣ ба гирдиҳамоии зиддиисломӣ ҳамла кард ва дар натиҷаи ин амали ӯ, як афсари полис ба қатл расида, панҷ каси дигар захмӣ шуданд.
Ба навиштаи хабаргузории Рейтерс, ҳукм замоне содир мешавад, ки дар Олмон баҳси бозгардони ҷинояткорон ва паноҳҷӯёни нокоми афғонистонӣ ҷараён дорад. Хабаргузорӣ меафзояд, бозгардони афроди ёдшуда соли гузашта баъди музокироти Олмон бо ҳукумати Толибони Афғонистон оғоз ёфтааст, вале Берлин то кунун расман ин иқдомро тасдиқ накардааст.
Моҳи майи соли 2024-ум шаҳрванди 26-солаи Афғонистон, ки бо номи Сулаймон А. зикр шудааст, бо корди шикорӣ ба гирдиҳамоии гуруҳи мухолифини ислом бо номи "Пакс Европа" дар шаҳри ғарбии Манҳейм ҳамла кард.
Баъди ин амал ӯ боздошт шуд. Ҳарчанд ин шаҳрванди Афғонистон аз ҳаводорони созмони даҳшатафкани "Давлатӣ исломӣ" ба шумор меравад, дар айбномааш истилоҳи терроризм ёд нашудааст.
Дар ҳукми Сулаймон А. ибораи "ҷинояти хеле вазнин" ба чашм мехӯрад. Яъне имкони афви ҷурмаш вуҷуд надорад. Тибқи қонунҳои Олмон, Сулаймон А, ҳақ дорад, бознигарии ҳукмро талаб кунад.
Дар Тоҷикистон соле 2 миллион тонна партови маишӣ ҷамъ мекунанд

Дар Тоҷикистон соле беш аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва ин партовгоҳҳо масоҳати умумии беш аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 сентябр дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва маросими ифтитоҳи бинои нави ин идораи ҳукуматӣ суханронӣ намуд.
Раҳмон ба камбуди шумори коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо чун як мушкили ҷиддии экологии Тоҷикистон таъкид намуда гуфт, ки корхонаҳои амалкунанда барои коркарди партовҳои пластикӣ, коғаз, равғани воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва дигар навъи партов кифоят намекунанд.
Ӯ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дод, ки «Стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035»-ро таҳия намоянд, то ки ҳадафи аслиаш кам кардани таъсири партовҳо ба муҳити зисти Тоҷикистон бошад.
Мушкили партовҳо дар Тоҷикистон нав нест ва дар бисёр маҳалҳои аҳолинишин то ҳол нуқтаҳои махсусан ҷудошуда барои ташкили партовгоҳи расмӣ вуҷуд надоранд. Фаъолони экологӣ аз ҷорӣ набудани низоми ҷудо кардани навъи партов вобаста ба сифати он – пластик, оҳан ё коғазу ахлоқи маишӣ солҳо аст интиқод мекунанд.
Трамп бори дигар аз Зеленский хост, ки бо Путин созиш кунад

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп қабл аз сафараш ба Британияи Кабир гуфтааст, Владимир Зеленский барои поёни ҷанг дар Украина, бояд ба созиш расад.
Ба гуфтаи Трамп, дидори як моҳи пеши ӯ бо Владимир Путин дар Аляска "муваффақиятҳои зиёд дошт", аммо барои созиш бояд ду тараф, яъне Русия ва Украина, ба созиш расанд.
Трамп гуфтааст, лозим меояд, ки ӯ низ дар вақти вохӯрии роҳбарони Русия ва Украина ҳузур дошта бошад, чун Путин ва Зеленский "ҳамдигарро дидан намехоҳанд"-у "наметавонанд дар як утоқ бошанд".
"Расидан ба созиш аз тахмини ман мушкилтар аст, барои онки Путин ва Зеленский нисбати ҳамдигар бадбинии зиёд доранд. Вале мо ин ҳолатро бозмедорем",-гуфтааст Трамп.
Пештар Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, эҳтимол дорад Доналд Трамп бо Владимир Зеленский ҳафтаи оянда дар ҳошияи нишасти 80-уми Маҷмааи СММ мулоқот кунад.
Трамп аз "Ню-Йорк Таймз" ба додгоҳ шикоят бурд ва $15 млрд хост

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 15 сентябр аз рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" ва чаҳор хабарнигори он ба додгоҳи федеролии Флорида шикоят бурд ва 15 миллиард доллар ҷуброн талаб кард.
Дар шикоят омадааст, мақолаҳо ва китобе, ки пеш аз интихоботи соли 2024 нашр шуданд, "намунаи чандинсолаи дурӯғгӯӣ ва бадгӯии барқасдона" алайҳи Трамп будааст.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии Social Truth ин рӯзномаро ба дурӯғпардозӣ ва сухангӯи чапи радикал" будан, муттаҳам кард.
Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, ки "Ню-Йорк Таймз" ба дархосташ барои шарҳи ин мавзуъ, ҳанӯз посух надодааст.
Трамп қаблан ҳам алайҳи расонаҳои дигар, аз ҷумла, Wall Street Journal, шикояти 10-миллиарддоларӣ бурда буд.
Бонки миллӣ: Дар фурӯши доллар ягон маҳдудияти нав ҷорӣ нашудааст

Бонки миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба як гузориши Радиои Озодӣ аз 9 сентябр гуфтааст, дар кишвар барои фурӯши доллари амрикоӣ "ягон маҳдудият ё талаботи нав ҷорӣ карда нашудааст".
Дар моҳҳои ахир қурби доллар дар Тоҷикистон поён рафт, аммо пайдо кардани ин асъори хориҷӣ ба гуфтаи сокинон дар бонкҳо хеле мушкил аст. Бонкҳои тиҷоратӣ ё доллар надоранд ё бо маҳдудият танҳо то 500 доллар мефурӯшанд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гузориш навиштааст, "талаботи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда пурра ва сари вақт қонеъ гардонида мешавад".
Аммо Бонки миллӣ дар ин бора ягон омор наовардааст ва маълум нест, ки талаботи рӯзонаи бонк ва ташкилотҳои қарзии кишвар ба доллар чӣ қадар аст.
Бонки миллӣ ҳамчунин бе овардани рақамҳои мушаххас танҳо гуфтааст, дар моҳҳои январ - августи имсол асъори нақди барои аҳолӣ ҷудошуда назар ба соли гузашта зиёд мебошад.
Дар вокуниши Бонки миллӣ омадааст, камчинии асъори хориҷӣ дар бонкҳо "танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз қабили ба итмом расидани асъори нақди ҷудошуда дар хазина" ва саривақт нарасидани асъор метавонад ба вуҷуд ояд, "вале ҳолати мазкур вазъияти бозорро пурра инъикос намекунад".
Баъзе аз соҳибкорон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қабл аз он ки доллар бигиранд, бояд санади соҳибкориашонро пешниҳод кунанд ва баъд аз ин ба онҳо доллар дода мешавад.
Бонки миллӣ низ ин ҳолатро тасдиқ карда гуфтааст, дар ҳолати як дафъа ивази асъор дар ҳаҷми аз 350 то 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, бонкҳо вазифадоранд, ки шахсияти муштариро аниқ кунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, сокинон метавонанд ҳангоми сафар, пардохти маблағи таҳсил дар хориҷ ва табобат, аз бонкҳо кортҳои Visa, UnionPay, Mastercard дастрас карда, сомониро ба он ворид кунанд ва он автоматӣ ба асъори хориҷӣ иваз карда мешавад.
Дар ҳоли ҳозир сад доллари амрикоӣ дар бонкҳои Тоҷикистон то 940 сомонӣ мубодила мешавад.