Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу Абдураззоқов: "Мо дар соли 1935 мондем" ВИДЕО


Барзу Абдураззоқов
  • Режими ҳокимро дар Тоҷикистон чӣ биномем?
  • Чаро Русия ба Украина ҳамла кард?
  • Сукути Душанбе баёнгари чист?
  • Мили танкҳои Маскав ба куҷо мегардад?

Хабарнигорони Радиои Озодӣ посухи ин ва суолҳои дигарро аз коргардони шинохта ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, Барзу Абдураззоқов, пурсиданд. Вале суҳбат аз он оғоз шуд, ки ӯ моҳи январи имсол дар Қазоқистон чиро шоҳид шуд ва ҳоло вазъ дар онҷо чӣ тавр аст?

Барзу Абдураззоқов: "Шукри Худо, ҳоло хеле хуб аст. Ман рӯзи дувуми январ барои таҳияи намоишнома ба Алмато рафтам. Рӯзи севуми январ инқилоби онҳо сар зад. Дар паси тирези хона тирпаррониву сӯзондани мошинҳо рӯй дод. Ин ҳама шӯру валвала дар Алмато буд. Камбуди нон дар фурӯшгоҳҳо ва саргардонии мардуму тарси онҳоро мушоҳида кардам. Новобаста аз он ки Алмато месӯхт, мо ҳар рӯз намоишномаро дар театр тамрин мекардем. Ҳар рӯз як мошин меомад, ки соҳибаш як шахси хеле номдори Қазоқистон буд ва дар ҳама постгоҳҳо пулис мошинро дошта, ба соҳибаш "чест" медод. Баъд аз машқ ин мошин маро боз ба хона меовард. Дар роҳ ҳамарӯза мошинҳову мағозаҳои сӯхта ва фурӯшгоҳҳои бузурги ғоратшударо медидам. Шукри Худо, ки баъд аз муддате Қазоқистон боз дубора ҷояшро гирифт ва ҳоло ободу зебо аст."

"ЧӢ ОН СУЛТОН, ЧӢ ИН СУЛТОН"

Радиои Озодӣ: Шумо ин ҳодисаҳоро инқилоб номидед. Дар асл ин инқилоб буд, эътироз ё ҳамон тавр ки мақомот гуфтанд, талоши табаддулот?

Боз ҳамон параду консертҳо, боз ҳамон суҳбатҳову шиорпартоиҳо, боз ҳамон акс. Гуё Илон Маск нест, гуё ба Миррих париданҳо нест, гуё дунё несту Тоҷикистон як кураи алоҳида аст ва болояш навишта шудааст соли 1935.

Барзу Абдураззоқов: "Ба назари ман, ин ҳодисаҳо кӯшиши инқилоб буданд. Чанд соле, ки ман дар Қазоқистон будам, мардум хеле сахт нороҳат буданд. Дар суҳбатҳо бо сокинон мешунидам, ки онҳо аз роҳбаронашон хеле сахт хаста шудаанд. Пеш аз ин ҳодисаҳо низ ба фикре расида будам, ки як рӯз не як рӯз ин инқилоб сар мезанад ва ҳукумат пош мехӯрад. Ин маълум буд. Дар Қазоқистон мо чанд намоишномаро ҳам дар робита ба ин мавзуъ рӯи саҳна гузоштем ва эҳсос мекардем, ки коре бояд шавад. Намоишномаи охирине, ки як моҳ пеш аз ин инқилоб рӯи саҳна гузоштем, "Чӣ он султон ва чӣ ин султон" ном дошт. Намоишнома дар бораи султонест, ки султони пешинаро баъд аз сӣ соли салтанаташ меронаду худаш аз ӯ бадтар мешавад."

Радиои Озодӣ: Яъне, ишора ба раисҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст?

Барзу Абдураззоқов: "Бале, бале, зеро мо ҳис мекардем, ки ҳатман коре бояд шавад. Ин намоишнома асари драмнависи Сурия Саъдулло Ғанус аст. Хеле асари зебо ва қадимӣ аст."

"ДАЛЕЛИ ҶАНГИ МО ЧӢ БУД?"

Радиои Озодӣ: Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина зиёд матлаб нашр мекунед. Аз дидгоҳи Шумо, ин чӣ ҷангест ва чаро он рух дод?

Барзу Абдураззоқов: "Бубинед, дӯстам, ба ин суолатон наметавонам посух диҳам, ки барои чӣ ин ҷанг сар зад. Сабаби ҷанги Чеченистон ҳам ҳамин аст, сабаби ҷанги Финляндия низ ҳамин аст, сабаби пакти Рибентропу Молотов ҳам аз ҳамин реша аст. Ҳамааш як реша дошт, ки Русия ҳеч гоҳ тоқати дидани ободии ҳеҷ касеро надошт. На худашро обод карда метавонад, на тоқати дидани ободӣ ё озодии дигареро дорад. Тоқати дидани кишвареро надорад, ки мехоҳад роҳи хуберо интихоб карда, вобастагиашро аз Русия биканад. Сабаби ҷанги Тоҷикистон ҳам ҳамин аст. Шояд ҳоло ғазабу парешонии ман, ки на хоб дорам ва тамоми фикрам ба Украина марбут мебошад, дар ҳамин аст. Зеро тамоми ҳодисаҳои марбути Тоҷикистон то соли 1997 аз ҳамин реша аст. Ҳамааш як реша дорад, яъне як мамлакат намехоҳад, як мамлакати дигар озод бошад, рушд кунад, худаш тақдири худашро ҳал кунад. Фақат ҳамин аст."

Видеои суҳбатро дар инҷо тамошо кунед:

Абдураззоқов: Русия ободӣ ва озодии ҳеч касро дида наметавонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:41 0:00

“ТОҶИКИСТОН ПУРРА ТАҲТИ НАЗОРАТИ КРЕМЛ АСТ”

Радиои Озодӣ: Бисёре, агар нагӯем, ҳамаи зиёиёни тоҷик дар мавриди ҷанги Украина монанди ҳукумати Тоҷикистон сукут ихтиёр кардаанд. Сабаби хомӯширо дар чӣ мебинед?

Барзу Абдураззоқов: "Ман хеле хуб дарк мекунам, ки барои чӣ ҳукумати Тоҷикистон сукут ихтиёр кардааст. Ин ҷо пайвастҳои иқтисодӣ ҳастанд, муҳоҷирони мо ҳастанд, вобастагии Тоҷикистон аз Русия ва ғайраву ғайра. Аммо ман аз чизи дигар нигаронам. Қариб 70 дарсади мардуми Тоҷикистон, ки худашон ҷангро аз сар гузаронидаанд ва хабар доранд, ки сабабгори ҷанг киҳо буданд, муқобили Украина ҳастанд. Ҳама бо як овоз тарафдори куштор дар Украина ҳастанд. Аз бемористон мебаромад ва бо нафаре вохӯрдам, ки бароям мегуфт, "ту садқаи номи тоҷик шавӣ, зеро тарафи Украинаро мегирӣ, садқаи нону намаки рус бош, ки туро хононду одам кард, аммо ту бошӣ имрӯз аз бандеровчиҳо ҳимоят мекунӣ. Онҳо дар Украина панҷоҳ лаборатория сохтанду бомбаи атомӣ сохта, мехоҳанд Русияро аз рӯи замин пок кунанд." Як нафари дигаре ба суҳбат ҳамроҳ шуда, сари ман дод мезад, ки хеле даҳшатнок буд. Ҳарчанд он шахс донишманд буд. Бо чанд нафаре, ки суҳбатҳо доштам, ҳама босаводанд, вале тарафдори Русия буданд. Онҳо ба ҳар иттилое, ки тавассути шабакаҳои ОРТ ва РТР пахш мешаванд, сад дарсад бовар мекунанд."

Радиои Озодӣ: Дар ҳамин маврид, ба ақидаи Шумо афкори ҷомеа дар Тоҷикистон дар мавриди ҷанги Украина бо кадом абзор, таҳти таъсири чӣ ва чӣ гуна ташаккул меёбад? Оё давлат дар он даст дорад?

Зӯр бошӣ, чаро тамошобин надорӣ? Зӯр бошӣ, чаро билетфурӯшиҳоят кор намекунанд, чаро ороишгару намоишноманавис надорӣ? Зӯр бошӣ, чаро як қадам берунтар аз Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои театрӣ намеравӣ?

Барзу Абдураззоқов: "Фикр накунам, ки мақомот дар ин кор даст дошта бошад. Ин ҳама сабаби ҷоҳиливу надонистан аст. Гузашта аз ин, иттилоот пурра дар дасти Кремл мебошад. Ҳама чиз пурра таҳти назорати Русия шудааст. Солҳои ҳафтодум ман хавотир будам, ки мо пурра рус мешавем. Солҳои навадум қонуни забон қабул шуд ва рӯзномаву маҷаллаҳо ва намоишномаҳо ба забони тоҷикӣ пайдо шуданд. Вале ҳоло боз ҳама чиз таҳти контроли Кремл рафт. Тоҷикистон пурра таҳти назорати Кремл аст. Бубинед, ҳама талош мекунанд, фарзандҳояшон ба мактаби русӣ бираванд. Яъне, бачаҳои мо дар мактабҳои русӣ аз рӯи китобҳои русӣ дарс мехонанд, ки дар онҳо навишта шудааст, “ватани мо Русия аст”. Дар ин китобҳои дарсӣ дар бораи Тоҷикистон тақрибан маълумоте нест. Ин ҳама натиҷаи ҷоҳиливу нахондан ва муқоиса накардани фактҳо аст.”

МИЛИ ТАНКҲОИ РУСИЯ ДАР УКРАИНА ШИКАСТА МЕШАВАНД"

Радиои Озодӣ: Таҳлилгарон мегӯянд, Путин пас аз Украина мили тонкҳоро ба тарафи кишварҳои Соҳили Балтика, Қазоқистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад гардонд. Ба ин ақида розӣ ҳастед?

Барзу Абдураззоқов: "Не, розӣ нестам. Зеро, умедворам, мили танкҳояш дар Украина шикаста мешавад ва абадан ба ҳеч иқдоме қодир намешавад."

Радиои Озодӣ: Шумо парвардаи замони Шӯравӣ ҳастед ва дар он давра ҳам фаъолияти фарҳангӣ кардаед. Ба гумони Шумо, аз он давра то ҳоло фарҳанг ва ҳунари тоҷик чӣ марҳилаеро паси сар кард, чӣ гуна варорехт ё трансформатсия шуд?

Барзу Абдураззоқов: Коммунистҳо як хислате доштанд, азбски обрӯяшон дар ҷаҳон паст буд, талош мекарданд, обрӯяшонро аз ҳисоби фарҳанг бихаранд, яъне, театру кино ва адабиёт. То соли 1991 Шӯравӣ сензураи хеле сахт дошт. Аммо, баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба ҷойи он ки пеш равад, боз худашро ба солҳои сӣ бозгардонд. Яъне, ҳоло мо дар соли 1935-и асри бист ҳастем. Аз он чизе, ки ман мебинаму мешунавам ва мехонам ва дар рӯи саҳна мебинам, ба хулосае меоям, ки тафаккури мо хеле қафо мондааст.

"ҲАМА БА АСРИ 21 ГУЗАШТАНД, МО БА ҚАФО РАФТЕМ"

Радиои Озодӣ: Яъне, гуфтанӣ ҳастед, мо ба кадом самт ҳаракат дорем, ба боло ё поён? Ба тарафи самти ҷаҳонӣ ё маҳаллу қабилаӣ?

Лаҳзае аз суҳбати Искандари Фирӯз бо Барзу Абдураззоқов
Лаҳзае аз суҳбати Искандари Фирӯз бо Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов: "Ин қабилавӣ ҳам нест ва оилавӣ ҳам нест. Таърих гуё бо мо як шӯхӣ кард. Яъне, мо то синфи нӯҳ хондем, вале имтиҳонро натавонистем супорем ва моро дубора ба синфи ду баргардонданд. Ҳоло дубора аз синфи ду талош дорем алифу бе ва те бихонем. Мефаҳмед, вақте тамоми инсоният ба асри бисту як рафтанд, мо баргаштем ба солҳои сивуми асри бист. Боз аз нав ҳама чизро меомӯзем, боз ҳамон параду консертҳо, боз ҳамон суҳбатҳову шиорпартоиҳо, боз ҳамон акс ва мутмаинам баъд аз чанд сол мо боз бармегардем ба ҳамон синфи дувум. Гуё Илон Маск нест, гуё технологияҳо нестанд, гуё Дубай нест, гуё Амрико нест, гуё ба Миррих париданҳо нест, гуё Фаронса нест, гуё дунё нест ва Тоҷикистон як кураи алоҳида аст, ки болояш навишта шудааст соли 1935."

Радиои Озодӣ: Вале бубинед, бештаре аз тоҷикистониҳо ҳамчунон аз замони Шӯравӣ пуштибонӣ мекунанд. Гумон меравад, ки ин ҳимояти мардум дар заминаи муқоисаи вазъи ҳозира бо зиндагии замони Шӯравист. Шумо чӣ мегӯед, ҳоло зиндагӣ беҳтар аз замони Шӯравист?

Барзу Абдураззоқов: "Фикр мекунам, ҳоло нисбати замони Шӯравӣ ҳазорҳо маротиба беҳтар аст. Ман ҳар рӯз чунин суханҳоро мешунавам, ҳар куҷое нишаста бошам, ё ҳамсинфонам ё дӯстону шиносҳоям ҳамин гапҳоро мегӯянд. Баъд барояшон мегӯям, замоне, ки Шӯравӣ буд, Шумо кӯдак будед ва замони бачагиатонро мегӯед. Аз ҷиҳати иқтисодӣ азоби падарону модарони мо хеле зиёд буд. Модарам маҷбур буд дар чор ҷой кор кунад. Он кас 135 сӯм маош мегирифтанд. Ман бо ду диплом 110 сӯм маош мегирифтам, ки ҳатто барои роҳкиро намерасид. Бо ду диплом маҷбур будам, боз дар чанд ҷойи дигар кор кунам. Болои ин ҳама рафҳои холии мағозаҳо ва камчинии маҳсулот. Ҳоло хеле хубтар аст, вале мардум маош надоранд. Мардум як рӯзи хуб ва озодӣ надоранд. Имрӯзи Тоҷикистон дар муқоиса бо беҳтарин рӯзҳои Шӯравӣ садҳо маротиба беҳтар аст."

"МО ҲАТТО СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ НАДОРЕМ, КИ…"

Радиои Озодӣ: Шумо, ки ҳоло аз Тоҷикистон тавсиф мекунед, оммаи мардум дар Тоҷикистон орзуманди онанд, ки Тоҷикистон як вилояти Русия шавад. Дар ин бора чӣ назар доред?

Барзу Абдураззоқов: "Инро синдроми Стокҳолм меноманд. Чунин орзуҳоро хуб дарк мекунам ва ҳоло болои намоишномае дар ин бора кор мекунам. Мардуми бечора ба ҷуз Русия дигар ҳеч ҷоро надидааст. Солҳои бисти асри гузашта ҷанг карда, муқобилият нишон дод, вале натавонист. Адабиёташро гирифтанд, фарҳангашро гирифтанд, хаташро гирифтанд, ватану миллаташро гирифтанд, ору номусашро гирифтанд. Дар мағзи сараш як илми дигар, як забони дигар, як тафаккури дигарро ҷой доданд. Гуфтанд, Пушкин аз Саъдӣ беҳтар аст, гуфтанд Толстой аз Фирдавсӣ беҳтар аст, пештоқи китобхонаи Фирдавсиро бингаред, аввал Горкий меравад ва баъд дигару дигар. Агар пештоқи Иттифоқи нависандагонро бингаред, ҳама классикони мо ҳастанд ва ҳатман Горкий дар канори Айнӣ ва дар ду ҷой. Ин ҳама дигар дар мағзи сари тоҷик мондааст. Тоҷики бечораи мо ба ғайр аз Русия дигар ҳеч чизро намедонад. Ҳар чизе ки аз мактаб ва сипас гирифт ин Муму ва Тургенев, Пушкин, "Белеет парус одинокий", Россия, Москва, Кремл, Ленин, галстуки пионерӣ. Дигар чизеро намедонад, зеро ҳеч ҷое нарафтааст, охир. Як забонеро, ки каму беш онро медонад, ҳамон ҳам забони русӣ аст. Телевизиони худашро, ки тамошо намекунад, ҳатман як сериали русиро мебинад, аз китобхона китоби адабиёти ҷаҳониро бигирад, он ҳам ба забони русӣ аст. Бечораи тоҷикро ҳамаи пайвасташ бо Русия аст ва инро дигар ҳеч кор карда намешавад. Мо ҳатто стратегияи миллие надорем, ки ин вазъро ислоҳ кунем. Ин ҷо носталжи ҳам пайдо мешавад, ки дар гузашта мо ҳама якҷо ва бародар будем ва ҳар куҷо, ки мехостем, мерафтем. Албатта, ин ҳама дурӯғ ҳам буд, зеро Армияи Советӣ хуб нишон медод, ки ин дӯстӣ чӣ қадар қадр дошт."

"МОНАРХИЯИ ФЕОДАЛӢ"

Радиои Озодӣ: Низомеро, ки дар Тоҷикистон сохта шудааст, чӣ ном ниҳодан мумкин, яъне чи форматсияи ҷамъиятӣ-сиёсист он?

Барзу Абдураззоқов: "Намедонам, баъзеҳо онро авторитарӣ меноманд, баъзеҳо мегӯянд диктатура аст. Фикр мекунам, ин монархияи феодалӣ аст, ҳатман. Агар бо як калима бигӯем, монархияи феодалӣ аст."

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Барзу Абдураззоқов, дар суҳбати гузашта вазъи театрҳои Тоҷикистонро шадидан ногувор арзёбӣ карда будед. Як ҳунарманди тоҷик дар посух ба ин иддаои Шумо гуфт, ки Барзу чанд сол аст, дар хориҷа кор мекунад ва вазъи театрҳои моро намедонад. Чаро намехоҳед дар театрҳои Тоҷикистон намоишномаи хуберо рӯи саҳна гузоред?

Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов: "Ман гуфта будам, ки сабаби рушд накардани Тоҷикистон ин роҳбарияти нодон аст. Гуфтаанд, ки Барзу дар хориҷа аст ва аз куҷо вазъи театри тоҷикро медонад? Коронавирус дар ҳама ҷо ҳамон коронавирус аст. Ман, ки дар театр кор мекунам, бароям чӣ фарқ аст, ки коронавирус узбекӣ аст ё тоҷикӣ ё русӣ? Инҳо фикр мекунанд, ки дави тоҷик аз дави русӣ фарқ мекунад. Рӯзи дави тоҷик мегӯянд, магар дави тоҷикӣ аз дави дигарҳо фарқ мекунад? Магар, фин ё амрикоӣ дигар хел медавад ё бурундӣ? Магар тоҷик дигар хел медавад, ки номашро дави тоҷикӣ мегӯянд? Театри тоҷик ҳам ҳамон театр аст. Ин касби ман аст. Ман аз як намоишнома ва як ҷумла мебинам, ки ҳоли ин театр чӣ тавр аст. Вай дар хориҷа аст ва мо зӯрем. Хайр, зӯр бошӣ, чаро ҳеч коре карда наметавонӣ? Зӯр бошӣ, чаро тамошобин надорӣ? Зӯр бошӣ, чаро билетфурӯшиҳоят кор намекунанд, чаро ороишгару намоишноманавис надорӣ? Зӯр бошӣ, чаро як қадам берунтар аз Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои театрӣ намеравӣ? Зӯр бошӣ, чаро дар Тоҷикистон ҷашнвораҳои ҷаҳонии театрӣ баргузор намекунӣ? Зӯр бошӣ, чаро наздат касе намеояд? Зӯр бошӣ, чаро як театри обод надорӣ? Ман ба ҳамон одам муроҷиат мекунам, ту як бор бирав ба театри музофоти Қазоқистон ва онро бо театри академикии Тоҷикистон муқоиса бикун. Ё бирав ба театри академики Узбекистон, туро сад қадам ба дохилаш роҳ намедиҳанд, зеро театр барои миллати узбек даргоҳи муқаддас аст. Танҳо бо ҳуҷҷат ва роҳбаладии як кормандаш, мумкин аст, дохили театр бишавӣ. Ман аз аҳволи ҳамаи театрҳои Тоҷикистон, аз театри Конибодом сар карда, то театри Бохтару Кӯлоб ва театрҳои Душанбе огаҳӣ дорам. Ман соли 2010 аз Тоҷикистон берун рафтам ва дар кишварҳои хориҷӣ коргардонӣ мекунам ва ба ҳунармандон дарс медиҳам. То имрӯз дар тӯли 12 сол аз Тоҷикистон ҳеч даъвате барои ҳамкорӣ нагирифтаам. Дар Тошканду Бишкек ва Алмато моҳҳо аз коргардонии театрӣ дарс гуфтаам, вале даъват нашудам, ки дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба коргардонҳои ояндаи театрӣ дарсе бидиҳам. Аз Тоҷикистон касе маро барои ҳамкорӣ даъват намекунад. Барои ҳамин, ин суолро на ба ман, балки ба сохторҳои дигар бидиҳед. Агар даъват кунанд, чаро наоям? Тоҷикистон ватанам аст."

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG