Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи амният "афтодан"-и тирҳоро аз тарафи Афғонистон тасодуфӣ номид


Акс аз бойгонист. Назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон ба чархбол
Акс аз бойгонист. Назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон ба чархбол

Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар натиҷаи даргирӣ миёни ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ ва Толибон "тирҳои болозикр" тасодуфан ба қаламрави Тоҷикистон гузаштаанд. Толибон гуфтанд, омилони ҳамларо пайдо карда, ҷазо медиҳанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 8-уми май ба нақл аз Раёсати неруҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллирогуфт, задухӯрд дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон дар рӯзи 7-уми май ва дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии рақами 12 дар ноҳияи Панҷ якуним соат идома кардааст.

Дар баёния омодааст: “Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.» Дар баёния доир ба теъдоди тир чизе гуфта нашудааст ва маълум нест, манзур аз "тирҳои болозикр" мушакҳое ҳастанд, ки хабаргузориҳо гуфтаанд ё тирҳои муқаррарӣ.

Дар вокуниш ба ин ҳамла Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо саъй мекунанд, ки омилони ҳамла ба Тоҷикистонро ёфта ва ҷазо бидиҳанд. Ӯ дар паёми савтие аз тариқи Вотсапп ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: "Масъулини мо дар Бадахшон дар талош ҳастанд, ки омилони ин ҳамларо пайдо кунанд ва муҷозот кунанд. Ҳамла ҳам муассир набуда ва кадом осебе иншоолоҳ ба хоки Тоҷикистон ҳам нарасидааст. Вале табъан як мушкил вуҷуд дорад, ки дар Афғонистон ҷанг гузаштааст ва маводи мунфаҷира ва аслиҳа осон ба даст меояд. То як вақте ҳамачиз контрол мешавад ва мардум халъи силоҳ мешавад, каме мушкилоте хоҳад дошт. Дар умум мо мутааҳид ҳастем ва ба ҳеч кас иҷоза нест, ки аз хоки Афғонистон ҳамсояҳои мо ва ё кишварҳои дигарро таҳдид кунанд."

Аз ин пештар ва дар рӯзи 7-уми май, ҷангҷӯёни гуруҳи террористии ДОИШ бо нашри як баёния масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро бар уҳда гирифтаанд. Гуруҳи SITE, ки иттилооту баёнияҳои гуруҳҳои тундраву террористиро радёбӣ ва ҷамъоварӣ мекунад, рӯзи 7-уми май баёнияи кутоҳе аз ҳалқаи Хуросони ДОИШ-ро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, ҳамлаи мушакӣ кори дасти ин гуруҳ буд.

Дар хабарҳо омадааст, ки аз ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон ба самти Тоҷикистон аз 2 то 7 мушак партоб кардаанд. Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар баёнияи худ гуфтааст, ки неруҳои Толибон дар митақаи Хоҷағор барои пайдову нобуд кардани ҷангҷӯёни ДОИШ амалиёт пеш мебаранд.

Ба гуфтаи кумита, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон муътадил аст ва таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад. Пештар аз ин чанде аз расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки "афроди мусаллаҳи ношинос аз вилояти Тахори Афғонистон ба самти хоки Тоҷикистон ҳафт мушак партоб кардаанд.”

Ҳалқаи Хуросони гуруҳи ДОИШ, душмани Толибон низ ҳаст, дар баъзе аз манотиқи марзии Афғонистон низ ҳузур дорад. Ин гуруҳ масъулияти чанде аз бомбгузориҳои рузҳои ахир дар Афғонистонро бар уҳда гирифтааст. Моҳи гузашта дар натиҷаи бомбгузории ин гуруҳ дар масҷиде дар шаҳри Мазори Шариф 12 намозгузори шиамазҳаб кушта ва 58 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG