Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Хабарнигори Озодӣ ва BBC-ро ба нишасти Лавров роҳ надоданд. Чаро?

Нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ
Нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, баъди анҷоми нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ, нишасти хабарӣ баргузор кард. Аммо ба ҷуз аз намояндагони расонаҳои давлатии Русия ба дигар хабарнигорон, аз ҷумла кормандони Радиои Озодӣ, Настояшее время ва BBC иҷоза надоданд, то бо Лавров суҳбат кунанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Кохи Сомон иттилоъ медиҳад ки кормандони Вазорати корҳои хориҷии Русия ба онҳо гуфтанд, ҳаққи сабти нишасти Сергей Лавровро надоранд. Вале намояндагони ВКХ Русия нагуфтанд, ки чаро ба ҷуз аз расонаҳои давлатии Русия дигарон ҳаққи ширкат дар нишасти хабарии Сергей Лавровро надоранд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия зимни суҳбат бо расонаҳои давлатии ин кишвар дар Душанбе, таҳримои ҷорикардаи Ғарб алайҳи Русия дар робита ба ҷанг Украинаро "яктарафа ва ғайриқонунӣ" номид. Ӯ гуфт, дар бораи "амалиёти махсус"-и Русия дар Украина ба ҳамтоёнаш аз Белорус, Қазоқистон ва дигар кишварҳои узви ИДМ суҳбат кардааст.

Лавров гуфтааст, амалкарди Ғарбро маҳкум мекунанд, ки "бо аз байн бурдани робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ равон шудааст."

"Ҳама таъкид карданд, ки таҳримҳои якҷонибаи Ғарбро қабул намекунанд,"--афзуд Лавров. Нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ паси дарҳои баста баргузор шуд ва дақиқ нест, ки ширкатдорон дар бораи ҷанг дар Украина чӣ гуфтаанд ва кадом мавқеъро гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия барои ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба Душанбе омада буд. Ин нишаст паси дарҳои баста баргузор шуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Пайкараи азими Мессиро дар Ҳинд мекананд

Пайкараи бузурги Лионел Месси ситораи футбол, ки соли гузашта пеш аз сафари ӯ дар Ҳинд қад афрохта буд, ба зудӣ бардошта мешавад. Хабаргузории "Франс Пресс" бо такя ба як мақоми расмӣ дар ҳукумати Ҳинд навиштааст, ки пайкара бо вазидани бод меҷунбад ва ҳоло коргарон муҷассамаи тиллоранги 21-метрӣ дар шаҳри Калкуттаро бо ресмонҳо бастаанд, то устувор бимонад.

Пайкара, ситораи 38-солаи тими миллии Аргентина ва клуби «Интер Майами»-ро бо Ҷоми ҷаҳон дар даст нишон медиҳад. Аз пайкара моҳи декабри соли гузашта дар ҷараёни сафари Месси ба Ҳиндустон пардабардорӣ шуда буд.

Шарадват Мукерҷи, вакили парлумони аёлати Банголаи Ғарбӣ, гуфтааст: “Муҳандисон муайян карданд, ки муҷассамаи ин устураи футболи Аргентина дар шаҳри Калкутта хатарнок аст. Пайкара аз таъсири бод меҷунбад."

Мукерҷи афзудааст, маълум нест, ки пайкараро кай бармечинанд. Қарор аст тими миллии Аргентина бозиҳои худро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Канзас бо Алҷазоир оғоз кунад.

Месси то ҳол аз қасди худ барои ширкат дар ин мусобиқа расман хабар надодааст, аммо интизор меравад, ки барои бори шашум дар ин сабқати бузург ба майдон барояд. Ҳинд бо 1,4 миллиард аҳолӣ агарчӣ дар бозии чавгон қавист, аммо дар футбол дастоварди чашмрасе надорад ва дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 142-юм меистад. Аммо бар асоси пажӯҳиши ширкати таҳлилии «Нилсен» (Nielsen), ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, футбол дувумин варзиши маҳбуб дар Ҳинд маҳсуб мешавад.

Раҳмон аз музокироти Эрону Амрико изҳори умедворӣ кардааст

Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён дар рӯзи 16-уми январи соли 2025 дар Душанбе.
Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён дар рӯзи 16-уми январи соли 2025 дар Душанбе.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои эронии худ Масъуди Пизишкиён, изҳори умедворӣ кардааст, ки музокироти Эрону Амрико дар бораи поён додан ба ҷанг натиҷа медиҳад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, гуфтугӯ рӯзи 26-уми май сурат гирифтааст ва ду тараф ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ва ҳам вазъ дар Халиҷи Форсро баррасӣ кардаанд.

Дар баёния омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон “бо ибрози қаноатмандӣ аз раванди музокироти сулҳомез дар ин ҷода ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, тавассути муколамаи созанда изҳори умед намуданд.”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 24-уми май гуфт, ки музокирот бо Эрон муназзам пеш меравад. Рӯзе баъд аз ин артиши Иёлоти Муттаҳида дар ба чанд пойгоҳи мушакандозӣ ва қаиқҳои эронӣ дар ҷануби Эрон зарба зад. Ба гуфтаи фармондеҳони Амрико, ин қаиқҳо талош доштанд, дар тангии Ҳурмуз мина гузоранд.

Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Барои гуфтугу ва расидан ба як созиш 8-уми апрел миёни ҷонибҳо оташбас эълон шуд.

Дастрасӣ ба интернет дар Эрон қисман барқарор шуд

Дар Эрон дастрасӣ ба интернет пас аз 88 рӯзи қатъи саросарӣ қисман барқарор шуд.

Бино ба маълумоти гуруҳи нозири NetBlocks ва сокинони маҳаллӣ, интернети симӣ дар хонаҳо пурра барқарор шуда, дастрасии корбарон ба интернети мобилӣ қисман таъмин аст.

Ба иттилои NetBlocks, қатъи интернет дар Эрон беш аз 2093 соат идома дошта ва "тӯлонитарин қатъи саросарии интернет дар таърихи муосир" будааст.

Пештар намояндагони ҳукумати Масъуд Пизишкиён аз оғози раванди барқарорсозии дастрасӣ ба интернет дар давоми 24 соати оянда хабар дода буданд. Аммо баъдтар Додгоҳи маъмурӣ амр дод, ки иҷрои қарори кумитаи ҳукуматӣ муваққатан боздошта шавад.

Интернет дар Эрон пас аз ҳамлаи Амрико ва Исроил дар таърихи 28 феврал қатъ шуд. Ин тӯлонитарин қатъи интернет дар таърихи муосири Эрон дониста мешавад.

Додгоҳи Кӯлоб парвандаи марги варзишгарро баррасӣ мекунад

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев 18 сол дошт
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев 18 сол дошт

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасии парвандаи марги размикори тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов) оғоз кардааст. Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", мурофиаи аввал 25-уми май баргузор шудааст.

Дар курсии айбдорӣ 5 нафар нишастаанд. Гумонбари асосӣ Сулаймон Одинаев, сокини 19-солаи шаҳри Кӯлоб аст, ки ба "расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад" ва "авбошӣ" гумонзад аст. Дар сурати исбот шудани иттиҳомот ба Одинаев аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Занозании гурӯҳӣ ва кордкашӣ, ки дар он размикори тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев кушта ва ду каси дигар захмӣ шуд, шаби 11-уми январ дар шаҳри Кӯлоб рух дод. Шоҳидон он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, баҳс аз "як телефони мобилӣ сар шудааст".

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев 18 сол дошт ва варзишгари навъи муҳорибаҳои омехта буд. Ӯ дар се соли ахир дар чанд мусобиқа дар дохил ва хориҷи кишвар ҷойи аввалро гирифтааст.

Муноқишаи наврасон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Солҳои гузашта низ дар ин гуна иттифоқҳо чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.

Дар Тоҷикистон Иди Қурбонро ҷашн мегиранд

Рӯзи 27-уми май дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои мусалмонӣ Иди Қурбонро ҷашн мегиранд. Дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6:00 намози ид хонда шуд.

Имомхатибон дар суханронии рӯзи Иди Қурбон аз мардум хостанд, ки ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, ба камбизоатон кӯмак расонанд ва кӯдакони худро беназорат намонанд.

Дар масҷидҳои шаҳри Душанбе кормандони пулис ҳамроҳ бо неруҳои вижа тартиботро назорат мекарданд.

Аз субҳи барвақт дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Тоҷикистон кӯдакон ба идгардак баромаданд.

Иди Қурбон дар Тоҷикистон як иди расмӣ аст ва ба ин муносибат мардум истироҳат мекунанд. Ба муносибати ид бархе хонаводаҳое, ки тавони молӣ доранд чорво забҳ мекунанд. Зиёрати қабри гузаштагон ва аёдати хешовандону наздикон яке дигар аз одатҳои ид дониста мешавад.

Аксҳо аз намози ид дар масҷиди "Шайх Муслиҳиддин"-и шаҳри Хуҷанд:

Дар Душанбе тартибу низом дар воҳидҳои низомиро баррасӣ кардаанд

Масъалаи бадрафторӣ бо сарбозони тоҷик ва риоят нашудани ойинномаи низомӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар як нишасте бо ҳузури фармондеҳони воҳидҳои низомии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Мушкиле, ки солҳои дароз аст, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ сабаби асосии сарпечии ҷавонон аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аст.

Дар ин ҷаласа, ки ба гуфтаи вазорати мудофиа рӯзи 25-уми май дар Душанбе сурат гирифт, Фирдавс Ҳаётзода, додситони низомии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “роҳбарият, фармондеҳон ва сардорони зинаҳои гуногуни ҳама сохторҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ба риояи ҳатмии оинномаҳо, тартибу низом диққати ҷиддӣ зоҳир кунанд.”

Дар баёнияи расмии вазорат, омадааст, дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораи низомии Тоҷикистон “масъалаҳои асосӣ ва муҳими ба хизмати ҳарбӣ дахлдошта давоми солҳои 2025 — 2026, аз ҷумла ҳолати тартиботи дохилӣ, вазъи интизоми ҳарбӣ, таҳкими иҷрои ӯҳдадориҳои хизмат ва таъмини волоияти қонун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.” Ҳеч оморе дар бораи бадрафторӣ ва ё қонуншиканӣ наовардаанд, вале танҳо дар апрел аз марги се сарбози тоҷик хабар расид. Исрофил Азимзодаи 25-сола аз Рӯдакӣ, Ғолибҷон Иброҳимов - сарбози 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола дар зарфи ду ҳафтаи охири моҳи апрел ҳалок шуданд.

Мақомот гуфтанд, сабаби марги онҳоро таҳқиқ мекунанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро яке аз сабабҳои қасди ҷони худ кардани сарбозон ва ё ҳалок шудани онҳо медонанд. Айни масъала дар рӯзи 4-уми май дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон ва зери раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.

навшуда

Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки 90 % Тоҷикистон бо об таъмин мешавад

Конфронси чоруми масъалаҳои об дар Душанбе. 26 майи 2026
Конфронси чоруми масъалаҳои об дар Душанбе. 26 майи 2026

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукумат талош дорад, то соли 2040 дастрасии 90 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ба шабакаи обрасонӣ таъмин кунад. Бино бар омори расмӣ ҳоло танҳо 41 дарсади аҳолӣ ва асосан сокинони шаҳрҳо ба шабакаи оби ошомиданӣ пайвастанд.

Дар ҳамоиши ҷаҳонии об дар Душанбе, ки рӯзи 25-уми май оғоз ёфт, мушкилоти дастрасӣ ба ин манбаи табии ҳаётӣ ва дар ҳоли коҳиш дар курраи Замин баррасӣ мешавад. Рӯзи 26-уми май, мушкили дастрасӣ ба об, хатару пайомадҳои тағйири иқлим ва дар ин росто ҳамкории бештари кишварҳо аз мавзуҳое буд, ки дар ин ҳамоиш садо дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар ин нишаст гуфт: «Мо ният дорем, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳем. Ҳамзамон бо ин мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем. Мо тасмим гирифтем, ки бо ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳем».

Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки 90 % Тоҷикистон бо об таъмин мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори такмили сохтори Бунёди наҷоти Арал ва таъсиси Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ шуд. Дар нишаст, ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндагони беш аз 100 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳузур доранд. Қарор аст ин нишаст то 28 май идома ёбад. Рӯзи 26-уми май дар баробари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, намояндагони баландпояи чанд кишвар ва созмонҳои дигар низ дар бораи мавзуи об ва роҳҳои ҳалли мушкилоти норасоӣ ва ё марбут ба он суҳбат карданд.

Армида Салсиаҳ, муовини дабири кулли Созмони Милал гуфт, шиддати тағйири иқлим бисёриҳоро ба камбуди дастрасӣ ба об рӯ ба рӯ кардааст. Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана, муовини дабири кулли СММ: “Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором тақрибан 60 дарсади аҳолии ҷаҳонро фаро мегирад, аммо танҳо 36 дарсади захираҳои оби ширинро дорост, ки ин сатҳи дастрасии сари аҳолӣ ба обро дар ин минтақа ба пасттарин дар ҷаҳон табдил медиҳад. Дар чанд даҳсолаи ахир миллионҳо нафар дар минтақа аз вазъи сахти норасоии об раҳоӣ ёфтанд. Бо вуҷуди ин, шиддат гирифтани тағйири иқлим бисёре аз минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Оромро, ки қаблан дорои захираҳои фаровони об шуморида мешуданд водор намудааст, ба норасоии об рӯ ба рӯ гарданд”.

Хонум Армида хостори мудирияти устувор ва тақвияти ҳамкориҳои бештар дар ин замина шуд. Ин чорумин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кӯмаки Созмони Милал баргузор мешавад.

Мақомот дар ҳоле ба баргузории ин гуна ҳамоишҳо таваҷҷуҳ доранд, ки ба иттилои расмӣ қариб 40 дарсади аҳолӣ дар дохили Тоҷикистон аз камбуди об танқисӣ мекашанд ва ҳар сол дар пайи селу обхезиҳо, даҳҳо нафар зарар мебинанд.

Пулиси Душанбе аз тоҷирон хост, пеш аз ид нархро боло набаранд

Бозори "Меҳргон"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозори "Меҳргон"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи шикояти сокинони шаҳри Душанбе аз беасос боло рафтани нархи маҳсулот дар остонаи иди Қубон, пулис ба тоҷирон ҳушдор додааст, ки аз ин кор худдорӣ кунанд.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе 25-уми май дар хабарномае навишт, бо ҳадафи танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт "рейду чорабиниҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд.

Дар остонаи таҷлили иди Қурбон, ки 27-уми май баргузор мешавад, сокинони пойтахт аз якбора боло рафтани нархи маҳсулот шикоят доранд. Тоҷирон чун солҳои гузашта мегӯянд, ки маҳсулотҳоро аз яклухтфурӯшон гарон гирифтаанд ва наметавонанд онро арзон фурӯшанд.

Пулиси Душанбе ба тоҷирон ҳушдор додааст, ки "барои худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулот, фиреби истеъмолкунандагон ва начаспонидани нархномаҳо ба молу маҳсулот" ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Раёсати корҳои дохили Душанбе ҳамчунин аз волидайни кӯдакон дархост кардааст, ки дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Оғози ҳамоиши вобаста ба масъалаи об дар Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар оғози ҳамоиш баромад кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар оғози ҳамоиш баромад кард

Субҳи 26-уми май дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байнулмилалии вобаста ба об оғоз шуд.

Дар оғози ҳамоиш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.

Тибқи барномаи ҳамоиш, нахуствазирони Мозамбик, Бурунди ва фиристодаи вижаи Созмони милал дар масъалаи об ҳам бояд дар оғози ин кофронс баромад кунанд.

Ин ҳамоиш то 28-уми июн давом мекунад. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, намояндагони 110 кишвар ва сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар ин конфронс ширкат доранд.

Ин чорумин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кӯмаки Созмони Милал баргузор мешавад.

Мақомот дар ҳоле ба баргузории ин гуна ҳамоишҳо таваҷҷуҳ доранд, ки ба иттилои расмӣ, қариб 40 дарсади аҳолӣ дар дохили Тоҷикистон аз камбуди об танқисӣ мекашанд ва ҳар сол дар пайи селу обхезиҳо, даҳҳо нафар зарар мебинанд.

Нозири Шабакаҳои тақсимоти барқи Данғараро дастгир кардаанд

Electricity, Kulob city, Tajikistan
Electricity, Kulob city, Tajikistan

Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Данғара яке аз кормандони Шабакаи тақсимоти барқи ноҳияро бо иттиҳоми фиреби мардум ва зиён расондан ба ин муассиса дастгир кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май хабар дод, Раҳимов М.С сокини 32-солаи ноҳияи Данғара, нозири ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба он гумонбар мешавад, ки бо тағйир додани иттило дар компютерҳои шабака ба ҳисоби сокинони деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара бештар аз 73 ҳазор киловат соати нерӯи барқи изофӣ навишта аз ин роҳ ба ҳисоби муассисаи худ бештар аз 30 ҳазор сомонӣ зиён расондааст.

Ҳоло нозири собиқи муасссисаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба сохтакорӣ ва тағйир додани иттилооти компютерӣ муттаҳам мешавад. Дар Тоҷикистон дар чанд соли гузашта шикоят аз ҳисобҳои баланди нерӯи барқ аз тарафи мардум зиёд шунида мешуд, вале мақомот мегуфтанд, ки худи мардум нерӯи барқро зиёд истифода мебаранд.

Вале баъдан мақомот эътироф карданд, ки дасткории иттилооти истифода аз нерӯи барқ ва дуздидани пули мардум аз тарафи худи нозирон вуҷуд дорад. Бо ин гуна иттиҳом ва гуноҳ даҳҳо нозири барқро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҳам кашидаанд.

Ҳалокати 4 нафар дар кони тилои Шугнов

Кони тилои Шугнов. Акс аз бойгонӣ.
Кони тилои Шугнов. Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи чаппа шудани як кӯҳпораи азим дар Шугнови ноҳияи Ховалинг, чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Фавтидагон ба коркарди тило машғул буданд. Ҳодиса рӯзи 23-юми май рух додааст.

Ду манбаи огоҳ аз ноҳияи Ховалинг дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се нафар аз фавтидагон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва як нафар аз шаҳри Бохтар мебошанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади се нафарро дирӯз ва ҷасади як тани дигарро ин субҳ аз зери сангрезаҳо пайдо карда, барои ташхис ба маркази ноҳияи Ховалинг интиқол доданд.

"Дар онҷо ҷуқурӣ мекофтанд. Ҳангоми кор сангу шағал ба болояшон чаппа мешавад ва дар зери он мемонанд. Ҷасадҳоро як рӯз кофтанд ва пайдо карданд. Чорумашро субҳи имрӯз ёфтанд ва гуфтанд, ки ташхис карда, баъдан ба хонаводаш месупоранд",-гуфт мусоҳиби мо.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, фавтидаҳо аз 19 то 42 сол умр доштанд.

Ин бори аввал нест, ки ҳангоми заршӯӣ коргарон дар ин минтақа зери сангреза монда, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир шаш ширкат ба заршӯӣ машғуланд. Аксари кормандони ин ширкатҳо аз дигар шаҳру ноҳияи кишвар барои кор инҷо меоянд.

Коркарди тилои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тилои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт.

Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш иҷро шудааст

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати дифои Тоҷикистон аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш хабар дод.

Ин ниҳод рӯзи 24-уми май бо нашри иттилоияе гуфт, нақшаи даъват дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз мӯҳлат иҷро шудааст.

Даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз шуд.

Вазорати дифоъ гуфт, "сифати чорабиниҳои марбут ба гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хуб ба назар мерасад".

Аммо имсол дар ду моҳи ахир, марги чор сарбоз -- Исрофил Азимзода, Ғолибҷон Иброҳимов, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода ва Одилҷон Исломзода расонаӣ ва боиси вокунишҳо дар ҷомеа шуд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, соли 2025 ҷиноятҳои ҳарбӣ 123 ададро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 66 адад ҷиноятҳои муносибатҳои ғайриоиномавӣ мебошанд.

Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта оид ба нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хидмати ҳарбӣ 35 муроҷиат сабт шуда, нисбати 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ ҷазои интизомӣ дода шудааст.

Рубио: Наметавон дар 72 соат бо Эрон ба созиши ҳастаӣ расид

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 24 май ба "Ню-Йорк Таймс" гуфт, ки созиш бо Эрон аз ҳимояти минтақавӣ бархӯрдор мебошад, аммо расидан ба як тавофуқи ҳастаиро наметавон "давоми 72 соат анҷом" дод.

Изҳороти ӯ пас аз он матраҳ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чанд соат пеш эълон кард, ки ба музокиракунандагони кишвараш гуфтааст, барои даст ёфтан ба созиш бо Эрон барои поён додан ба ҷанги семоҳа, "саросема нашаванд".

Рубио дар гуфтугӯ бо "Ню-Йорк Таймс" гуфт, "мо масъаларо ба баъд намегузорем. Музокироти ҳастаӣ масъалаҳои бисёр фаннӣ ҳастанд. Шумо наметавонед як мавзуъи ҳастаиро дар 72 соат ҳал кунед".

Ӯ афзуд, ки "дар ҳоли ҳозир, ҳафт ё ҳашт кишвари минтақа аз ин стратегия ҳимоят мекунанд ва мо омодаем ин роҳро идома диҳем".

Ин дар ҳоле аст, ки Марко Рубио чанд соат пеш гуфта буд, мумкин аст то шоми якшанбе хабаре дар бораи созиш бо Эрон эълон шавад, ки метавонад ба таври расмӣ ба ҷанг дар Ховари Миёна поён диҳад.

Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорон, низ эълон кард, ки байни Теҳрон ва Вашингтон дар бораи бархе бандҳои созишнома, аз ҷумла, дар бораи "озодсозии амволи бандмондаи Эрон" ихтилоф вуҷуд дорад.

Ҳалокати ду кас дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев

Дуд дар фазои шаҳри Киев. 24 майи 2026
Дуд дар фазои шаҳри Киев. 24 майи 2026

Дар ҳамлаи густурдаи артиши Русия ба шаҳри Киев, ду нафар ҳалок шуда, 56 каси дигар маҷруҳ гардиданд. Ду нафар аз захмишудагон кӯдак ҳастанд.

Неруҳои ҳавоии Украина хабар дод, ки Русия бо 549 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ва 55 мушак ҳамла кардааст. Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, дар ин ҳамла ба эҳтимоли зиёд аз мушаки "Орешник" ҳам истифода шудааст.

Шаҳрдори Киев гуфт, тақрибан ҳама минтақаҳои пойтахти Украина дар ин ҳамла осеб дидаанд. Аз ҷумла биноҳои Театри академии опера ва балет ва осорхонаи миллии "Чернобил" зарар диданд.

"Барои Киев шаби даҳшатноке буд... феълан наҷотдиҳандагон сӯхторро хомӯш мекунанд ва харобаҳоро тоза доранд. Пизишкон ба захмиён кӯмак мерасонанд", - навиштааст, Виталий Кличко шаҳрдори Киев.

Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки дар ҳамлаҳои Русия дастикам 83 кас осеб дидааст. Ӯ гуфт, ҳадафи асосӣ шаҳри Киев буд.

Трамп аз ниҳоӣ шудани созиш бо Эрон хабар дод

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, созиш бо Эрон барои хатми ҷанг тақрибан ниҳоӣ шудааст ва танҳо "ҷузъиёти ниҳоӣ" баррасӣ мешавад. Ин изҳорот бори дигар умедҳоро ба эҳтимоли поёни низоъ бештар кардааст.

Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, "ҷузъиёти ниҳоии созишнома дар баррасӣ қарор дорад ва ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Илова бар бисёре аз бахшҳои дигари ин созиш, тангаи Ҳурмуз низ боз хоҳад шуд".

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ин паёмро баъди суҳбат бо роҳбарони Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Покистон, Туркия, Миср, Урдун ва Баҳрайн нашр кард.

Доналд Трамп ҳамчунин навишт, ҷудогона бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу телефонӣ гап зад ва ин суҳбат "хеле хуб" гузаштааст.

Теҳрон ба изҳороти ахири Доналд Трамп вокунише накардааст. Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ 23-юми май гуфтанд, дар музокироте, ки бо миёнаравии Покистон сурат мегирад, пешрафт ҳосил шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG