Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳамсояи Русия гуфт, барои пайвастан ба НАТО дархост медиҳад


Cарвазири Финландия Санна Марин ва президенти он кишвар Саули Ниинистё. Ҳелсинкӣ, 15-уми майи 2022
Cарвазири Финландия Санна Марин ва президенти он кишвар Саули Ниинистё. Ҳелсинкӣ, 15-уми майи 2022

Раисҷумҳур ва нахуствазири Финландия гуфтанд, ки ин кишвари ҳамсояи Русия қасд дорад, барои узвият дар паймони низомии НАТО дархост бидиҳад. Ин тасмим дар пасманзари таҷовузи Маскав ба Украина сурат мегирад.

Президент Саули Ниинистё ва сарвазир Санна Марин 15-уми май дар нишасти хабарии муштарак дар Ҳелсинкӣ ин рӯзро “таърихӣ” номиданд.

“Имрӯз президенти ҷумҳурӣ ва Кумитаи сиёсати хориҷии ҳукумат розӣ шуданд, ки Финландия баъди машварат бо парлумон узвият дар НАТО-ро дархост кунад. Ин як рӯзи таърихӣ аст. Давраи нав фаро расид,” – гуфтанд онҳо.

Финландия бо Русия 1300 километр сарҳад дорад ва 75 сол боз аз пайвастан ба блокҳои ҳарбӣ парзеҳ мекард, аммо таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол дидгоҳҳоро дар ин маврид дигар кардааст. Ҳафтаи гузашта президент ва нахуствазири Финландия гуфта буданд, ҳарду ҷонибдори узвият дар НАТО ҳастанд.

Русия гуфтааст, пайвастани Ҳелсинкӣ ба паймони низомӣ “иштибоҳ хоҳад буд” ва ба равобити дуҷониба осеб мерасонад. Саули Ниинистё дар оғози ҳафтаи гузашта гуфта буд, пайвастани кишвараш ба НАТО “ба зидди ҳеч кас нахоҳад буд”. Вай гуфт, ба ин кор Русия сабаб шудааст ва аз мақомоти он кишвар хост, “ба оина бинигаред”.

Порлумони Финландия ин тасмимро рӯзҳои наздик қабул хоҳад кард.

Ин эъломия дар ҳоле паҳн шуд, ки дипломатҳои баландпояи НАТО рӯзи 15-уми май дар Берлин масъалаи мадади бештар ба Украина ва иқдоми Финландия, Шветсия ва кишварҳои дигарро барои пайвастан ба паймони низомӣ баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG