Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Улфатхонум Мамадшоева ба изҳороти ВКД вокуниш кард


Улфатхонум Мамадшоева

Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мақомот ӯро ба ташкили эътирозҳо дар Хоруғ айбдор донистанд, вокуниш кард.

Ӯ рӯзи 17-уми май дар изҳороти кӯтоҳе дар Фейсбук навишт, "ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигори мустақил аст" ва афзуд, "ба ҷуз виҷдони пок ва дилсӯзӣ нисбат ба мардуми кӯчаки худ – помириҳо – гуфтании дигар надорам."

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нооромиҳои 16-уми май дар Хоруғ дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз сарони ғайрирасмии Бадахшон ва Алим Шерзамонов, муовини раиси созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллӣ, Улфатхонум Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро низ айбдор кард.

Изҳороти вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шуд. Хабарнигори тоҷик, Рамзия Мирзобекова, дар Фейсбук навишт, Улфатхонум Мамадшоева бештар ҷонибдори муколама аст ва гузашта аз ин "беш аз як ҳафта боз дар Душанбе аст".

Дар ҳодисаи 16-уми май дар Хоруғ, ба иттилои расмӣ, як сокини маҳаллӣ кушта ва се афсари пулис захмӣ шудаанд. Сокинон мегӯянд, аз ҳисоби мардуми одӣ низ чандин нафар маҷруҳ шудаанд, вале мақомот аз онҳо ном набурданд.

Нооромӣ пас аз он сар зад, ки як гуруҳ аз эътирозгарон баъди иҷро нашудани талабҳояшон (аз мансаб рондани раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи марги Гулбиддин Зиёбеков ва раҳоии боздоштшудаҳо) аз сӯи мақомот аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ раҳсипор буданд. Онҳо дар роҳ, дар маҳаллаи Чинак, бо сафи нерӯҳои интизомӣ рӯбарӯ гаштанд. Дар ин ҳодиса аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода шудааст.

XS
SM
MD
LG