Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз дарди дил даргузашт." Меҳмон Бахтиро дар оромгоҳи "Лучоб" дафн карданд. ВИДЕО


Маросими видоъ ва дафни Меҳмон Бахтӣ 20-уми май дар Душанбе баргузор шуд

Меҳмон Бахтӣ, шоиру драмнавис ва раиси собиқи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистонро, ки давраи кораш ситоишу танқидҳоеро дар пай дошт, дар оромгоҳи "Лучоб" дафн карданд. Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ рӯзи 19-уми май бар асари бемории дил даргузашт. 81 сол дошт.

Холназар Муҳаббатов, бародари Меҳмон Бахтӣ, 20-уми май гуфт, нависанда рӯзи панҷшанбе "аз дарди қафаси сина шикоят кард" ва дар бемористон даргузашт.

"Аввал фикр кардем, дарди меъда аст. Пизишкон гуфтанд, бемории дил аст. Ҳолашон хуб буд. Ҳазлу шӯхӣ карда гуфтанд, равед, ман камтар хоб кунам. Соати даҳи шаб занг заданд, ки аз дунё гузаштанд," – нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Меҳмон Бахтиро дар Лучоб дафн карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Меҳмон Бахтӣ соли 1941 дар минтақаи Рашт зода шуда, пас аз хатми мактабу донишгоҳ, солҳои гуногун дар телевизиони Тоҷикистон, "Тоҷиктелефилм" ва Театри Лоҳутӣ кор кардааст. Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси Миллӣ буд.

Адибон аз нақши ӯ дар адабиёт ситоиш мекунанд. Ба назари Абдулҳамид Самад, нависандаи шинохтаи тоҷик, эҷодиёти Меҳмон Бахтӣ "зиндагии инсони муосир ва дарду ормонҳои онҳоро, ҳолатҳои бисёр аҷиби зиндагии замона ва хулқу атвори инсонро фаро мегиранд. Сарояндагони беҳтарини мо шеърҳояшро месароянд. Дигар инки дар тарбияи адибони ҷавон ҳиссаи арзанда гузоштанд."

Меҳмон Бахтӣ аз соли 2003 то 2015 раиси Иттифоқи нависандагон буд. Баъзеҳо аз давраи раёсати ӯ танқид мекунанд, ки нақши адибон дар ҷомеа камранг шуд. Як танқиди дигар он замон ва ҳоло аз Иттифоқи нависандагон ин аст, ки дар мулоқоти ҳарсолаи президент бо зиёиён, адибони тоҷик асосан ба мадҳу сано машғул шуда, мавзуъҳои муҳимро намебардоранд.

Худи Меҳмон Бахтӣ ҳашт сол пеш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин танқидҳоро рад карда, гуфта буд, роману повестҳои бисёр ҷолиб эҷод шудааст. Роҳбари пешини Иттифоқи нависандагон дар он мусоҳиба ҳамчунин гуфта буд, дар мулоқот бо президент, адибон барои худ чизе нахоста, балки пешниҳодҳои ҷолибе ироа кардаанд.

Абдулҳамид Самад, адиби тоҷик, замони роҳбарии Меҳмон Бахтӣ дар Иттифоқи нависандагон муовини аввали ӯ буд. Мегӯяд, дар замони роҳбариаш, "Меҳмон Бахтӣ бинои Иттифоқи нависандагонро обод кард ва барои боло бурдани мавқеи ин ниҳоди адабӣ талоши зиёд кард."

Аз сӯи дигар Абдулҳамид Самад мегӯяд, "эҷод кори шахсии ҳар адиб аст. Раиси Иттифоқи нависандагон ба ҷойи ӯ наменависад. Муҳокимаи асарҳо кори Иттифоқи нависандагон аст. Арҷгузорӣ ба заҳмати адиб дар давраи Меҳмон Бахтӣ муназзам буд."

Як бахши асосии кори Меҳмон Бахтӣ драматургияи ӯ аст. Намоишномаҳои "Фирдавсӣ", "Шоҳ Исмоили Сомонӣ" ва "Тилисми Сайҳун" ("Нангбардори Хуҷанд")-ро офаридааст. Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифт.

Абдуғаффор Абдуҷаббор, драматурги тоҷик, мегӯяд, мавзӯи намоишномаҳои Меҳмон Бахтӣ гуногун буд: "Лаҳзаи ҷовид" дар бораи куштори се омӯзгор дар соли 1929 аз ҷониби босмачиён дар Ғарм буд. Баъд "Роҳзан ва кӯзагар", ки солҳо дар театри Лоҳутӣ рафта буд. Пйесаи "Фирдавсӣ" бо хати форсӣ дар Эрон чоп шуд ва мукофот гирифт. Аз ин нигоҳ заҳмати зиёд кашиданд."

Меҳмон Бахтӣ рафт, орзуву ормонҳояш ҳам бо ӯ рафтанд. Наздиконаш гуфтанд, дар охири ҳаёташ дар бораи вазъи театр бисёр фикр мекард ва ният дошт, асарҳои худро дар чанд ҷилд гирд биорад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG