Дар чанд ҷумла
Роҳи Хоруғ-Қулмаро пас аз чаҳор рӯз кушодаанд
Роҳи Хоруғ-Қулма, ки Тоҷикистонро ба Чин васл мекунад ва чаҳор рӯз боз баста буд, пас аз зуҳри 20-уми май кушода шудааст.
Роҳро мардуми норозӣ баста буданд. Мақомот онҳоро узви гуруҳҳои ҷиноӣ меноманд.
Кушодани роҳи Хоруғ-Қулма яке аз талабҳои мақомоти Тоҷикистон буд.
Яке аз фаъолони Бадахшон рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, кушодани роҳ пас аз музокироти намояндагони ҳукумат ва эътирозгарон имконпазир шудааст.
“Пас анҷоми музокирот санги роҳро бардоштанд. Ҳоло дар роҳи байнулмилалии Душанбе-Хоруғ-Қулма монеае нест ва мошинҳои боркаш дар ҳоли ҳаракатанд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Тафсилоти музокираи ҷонибҳо маълум нест.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Хоҷазода: “Аломатгузории хати марз бо Қирғизистон 90% анҷом шуд”
Раиси Кумитаи замин дар Тоҷикистон гуфт, таъйину нишонагузории хати марз бо Қирғизистон, ки солҳо сабаби задухӯрд буду аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, 90 дарсад ба поён расидааст.
"Танҳо каме корҳои муҳандисӣ мондааст ва соли 2027 пурра ба анҷом хоҳад расид," – гуфт Ориф Хоҷазода рӯзи 17-уми июл дар нишасти матбуотӣ. Вай афзуд, "корҳои мушкилтаре, ки дар самти вилояти Суғд буд, ба анҷом расонида шуд."
Мақомот дар Суғд аввали моҳи июл гуфтанд, ки таъйину нишонагузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра поён ёфтааст. Вале на Кумитаи замин ва на ҳукумати Суғд ҷузъиёти таъйину аломатгузориро шарҳ надоданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину нишонагузорӣ кунанд ва танҳо моҳи марти соли гузашта Созишномаи ниҳоии марзиро ба имзо расонданд.
Номуайянии марз сабаби чанд даргирии мусаллаҳонаи байни ду кишвар шуда, дар натиҷаи онҳо садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ гаштанд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Баҳс солҳо боз сари он идома кард, ки харитаҳои кадом замон асос шумурда шаванд. Тарафи Қирғизистон бештар ба ҳалли масъала бар пояи вазъи феълӣ таъкид мекард. Ду тараф барои ҳалли мушкил табодули қаламрав карданд.
Баъзе аз сокинони ду тарафи марз аз ин табодул норозӣ монданд ва мегӯянд, талафоти онҳо ҷуброн нашудааст.
Эҳтимол нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон шавад
Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки эҳтимол арзиши истифода аз нерӯи барқ боз боло бурда шавад.
Дар ин ниҳод рӯзи 16-уми июл афзуданд, "болоравии қимати барқ бо назардошти тағйир ёфтани арзиши маводи сӯхт ва хароҷоти дигар" сурат хоҳад гирифт.
Онҳо мушаххас нагуфтанд, ки арзиши барқ кай гарон мешавад.
Бори охир дар Тоҷикистон 1-уми феврали имсол нархи барқро гарон карданд.
Ҳоло ҳар киловат соати барқ барои аҳолӣ 41,37 дирам арзиш дорад. Пештар он 35,36 дирам буд.
Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, об яке аз сарватҳои асосии кишвар аст ва чун бахши аъзами нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад, набояд нархи он бештар аз тавони молии мардум бошад.
Иштироки паҳлавонони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Урдун
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё байни навҷавонон (Asian Junior Championships Individuals 2026), ки рӯзҳои 18-19-уми июл дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон – доир мегардад, ширкат меварзад.
Чунонки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ хабар додааст, барои иштирок дар ин мусобиқаи навҷавонони қораи Осиё 173 ҷудокор (111 писар ва 62 духтар) аз 20 кишвар номнавис шудаанд.
Ин мусобиқа як марҳилаи муҳими омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон маҳсуб меёбад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ба ҳайати мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон 9 нафар шомиланд, ки дар рақобатҳо байни писарон дар панҷ вазн ҳунарнамоӣ хоҳанд кард: Рамзиддин Азизов, Икром Шамсов (ҳарду дар вазни -60 кг), Ёсин Бобокалонов, Муҳаммадрофеи Ҳабибулло (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадин Лоиқов, Ворис Назаров (ҳарду дар вазни -73 кг), Абдулло Лоиқов, Аминҷон Абдуҷалилзода (ҳарду дар вазни -81 кг), Ардашери Ҳамза (-90 кг).
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё байни навҷавонон дар Урдун ба ғайр аз Тоҷикистон, аз Узбекистон (9 писару 9 духтар), Қазоқистон (9 писару 9 духтар) ва Қирғизистон (9 писару 8 духтар) иштирок мекунанд. Аммо намояндагони Туркманистон дар рақобатҳо ширкат намеварзанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа – 18-уми июл – шаш нафар паҳлавонони ҷавони тоҷик дар се вазн – 60, 66 ва 73 кг – ба рақобат мепардозанд. Се нафари дигар дар рӯзи дувуми мусобиқа – 19-уми июл – дар вазнҳои 81 ва 90 кг вориди рақобат мешаванд.
Дарвоқеъ, рӯзҳои 16-17-уми июл дар шаҳри Уммони Урдун мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон (Asian Cadet Championships Individuals 2026) бо ҳузури намояндагони 20 кишвари қора баргузор шуд, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон иштирок накарданд.
Дар ин мусобиқаи наврасон мунтахаби Узбекистон бо касби 12 медал (6 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Қазоқистон бо 7 медал (1 тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Эрон бо як нишони тило ҷойи севумро соҳиб шуданд.
Ҳалокати 5 фаластинӣ дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза
Мақомоти тандурустӣ дар Фаластин мегӯянд, рӯзи 16-уми июл бар асари ҳамлаҳои Исроил дастикам панҷ фаластинӣ кушта шуданд.
Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", табибон гуфтаанд, дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил ду тан дар наздикии маҳаллаи Туффоҳ ва як тани дигар дар тирандозии тонкҳои исроилӣ дар атрофи шаҳраки Зайтун дар шарқи шаҳри Ғазза кушта шудааст.
Пизишкон гуфтаанд, дар як ҳамлаи ҳавоии дигар дар урдугоҳи оворагон дар ғарби шаҳри Ғазза як тан кушта ва дар ҳамла ба як мошин дар Хон Юнус як каси дигар ҷон бохтааст.
Артиши Исроил то ҳанӯз дар бораи ҳеч як аз ин ҳодисаҳо изҳори назар накардааст.
Шашумин шаби ҳамлаҳои паёпайи Амрико ба Эрон
Фармондеҳии марказии артиши Амрико тасдиқ кардааст, ки соати 21:30-и шаби гузашта ба вақти Теҳрон даври наве аз ҳамлаҳо ба Эронро оғоз кардааст.
СЕНТКОМ ин мавзуъро бо нашри паёме кутоҳ дар шабакаи "Х" эълон кард, аммо ҳанӯз ҷузъиётеро дар бораи маҳал ва моҳияти ҳадафҳо дар ин мавҷи нави ҳамлаҳо нашр накардааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои дохилии Эрон аз рух додани таркишҳо дар минтақаҳои ҷанубии он кишвар хабар доданд.
Хабаргузории Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки ин таркишҳо дар Бушаҳр, Бандар Аббос, Қишм ва Аҳвоз рух дод.
Ҳамчунин хабаргузориҳои "Форс" ва "Тасним", расонаҳои наздик ба Сипоҳи посдорон, мегӯянд, фурудгоҳи Эроншаҳр дар Систон ва Балучистон ва як пул дар бандари Хамир ҳадафи ҳамлаҳои нави Амрико қарор гирифтаанд.
Баъзе аз расонаҳо ҳам аз ҳамла ба як истгоҳи роҳи оҳан дар Бандар Аббос ва як пул дар ҳамин минтақа хабар доданд.
Аз сӯи дигар, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо судури баёнияе аз ҳамла ба чанд пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа хабар доданд.
Артиши Эрон дар баёнияи худ гуфт, бо ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи "Ас-Сахир" ошёнаи чархболҳо ва ҳавопаймоҳои Амрикоро ҳадаф қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Эрон ба нақл аз артиш ва Сипоҳи посдорон, аз ҳамлаҳои густурдаи паҳподӣ ва мушакӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар Кувайт хабар дод.
Aртиши Кувайт ҳам гуфт, даргири муқобила бо ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакии Эрон аст.
Барои ёфтани мошини Алишер Мирзонабот аз Қазоқистон ёрӣ хостаанд
Тоҷикистон барои ёфтани мошини хидматии Алишер Мирзонабот, раиси пешини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз Қазоқистон ёрӣ хостааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, “дар ҷое, ки ҳодиса рух дод, ҳаракати об бисёр тезу хатарнок аст”.
“Барои муайян кардани мошин дар зери об таҷҳизот надоштем. Бо Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ҳамкорӣ кардем ва гурӯҳи корӣ омада, барои муайян кардани мошин дар зери об кор карданд, аммо муайян карда натавонистанд,” – афзуд ӯ.
Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ бо такя ба маълумоти Вазорати умури дохилӣ гуфт, ба сабаби суръати баланд ронанда идораи мошинро аз даст додааст.
Пайкари Алишер Мирзонаботро рӯзи 30-юми июн ва ёвару ронандаашро рӯзҳои 25 ва 26-уми июн пайдо карда, ба хок супурданд.
Ҷасади Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот, рӯзи 3-юми июл дар дарёи Панҷ дар ҳудуди Афғонистон ёфт шуд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи фарзанди Алишер Мирзонабот идома дорад.
Чаро семент дар Тоҷикистон гарон шуд? Шарҳи мақомот
Хадамоти зиддиинҳисорӣ зиёд шудани талабот ва таъмири корхонаҳоро сабаби якбора боло рафтани нархи семент дар моҳи майи имсол дар Тоҷикистон номид.
Масъулони ин идора мавридҳои ба гуфтаашон "фиребкории баъзе аз миёнаравон"-ро далел оварданд, вале дар ин бора ҷузъиёт надоданд.
Намояндагони Хадамот 16-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, баъди гарон шудани семент дар моҳи май ва норозигии сокинон вазъи бозорро санҷиданд.
Ҳоло, ба гуфтаи онҳо, нархи семент муътадил шудааст ва феълан нархи ҳар халтаи он вобаста ба сифат аз 48 то 77 сомонист.
Дар шаҳри Душанбе ҳар халта семент аз 55 то 60 сомонӣ будааст.
Ин дар ҳолест, ки баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳанӯз нархи семент дар муоқиса ба аввали сол гарон аст.
Болоравии нархи семент ва камчин шудани ин маҳсулот дар моҳи май, яъне дар оғози мавсими сохтмон нигаронии сокинонро ба миён оварда буд. Он моҳ нархи як халта семент аз 45 ба 70 сомонӣ баромад.
Офатҳои табиӣ дар ним сол ҷони 12 танро гирифтааст
Ҳодисаҳои нохуши табиӣ дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон 52,8 миллион сомонӣ ё 5,7 миллион доллар зарар расондааст.
Ба гузориши расмӣ, дар ин офатҳо 12 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ҷумла, ҳафт нафар баъди омадани сел, ду нафар дар зери тарма, як кас дар сангфароӣ ва ду нафари дигар дар натиҷаи ярч ва шамоли сахт, вафот кардаанд.
Фавтидагон, сокинони шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент, Душанбе, Турсунзода ва ноҳияҳои Варзоб, Шамсиддин Шоҳин ва Рӯшон ҳастанд.
Мақомот мегӯянд, дар моҳҳои январ-июни имсол дар кишвар 741 офати табиӣ сабт шудааст.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 16-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, аз ҳама бештар сел, тармафароӣ ва шамолҳои сахт ба иқтисодиёт ва молу мулки аҳолӣ зарар расонд.
Тоҷикистон дар баҳори имсол шоҳиди офати табии зиёд, аз ҷумла омадани сел, тармафароӣ ва шамоли сахт шуд.
Мунира Шаҳидӣ дар 83-солагӣ дар Маскав даргузашт
Мунира Шаҳидӣ, донишманди тоҷик ва роҳбари Бунёди байнулмилалии ба номи падараш, оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ, рӯзи 15-уми июл дар 83-солагӣ дар Маскав даргузашт.
Нависанда Гулсифат Шаҳидӣ, ҳамсари Толибхон Шаҳидӣ (бародари Мунира Шаҳидӣ), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, Мунира Шаҳидӣ дар Маскав дар хонаи духтараш қарор дошт ва ногаҳон фишори хунаш боло рафт.
“Ногаҳон фишори хунашон то 220 баромад. Ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале ба худ наомаданд. Даргузаштанд. Ҳеч беморӣ надоштанд. Бисёр бардам буданд. Дар Тошканду Самарқанд буданд ва аз он ҷо ба Душанбе рафта, сипас ба Маскав омаданд. Ҳамеша дар ҳаракат ва сафар буданд, ногаҳон чунин шуд,” – гуфт Гулсифат Шаҳидӣ.
Ба иттилои ӯ, пайкари Мунира Шаҳидӣ базудӣ аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфта, маросими видоъ бо ӯ рӯзи 16-уми июн дар хона-музейи падараш, Зиёдулло Шаҳидӣ, баргузор хоҳад шуд.
"Ҳоло омодагиҳоро ҷараён дорад. Он кас донишманди сарсупурдае буданд, ки барои Тоҷикистон ва муаррифии он бисёр хидмат кардаанд. Шахси ҷаҳондида буданд," -- гуфт Гулсифат Шаҳидӣ.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ рӯзи 15-уми июл дар як паёми ҳамдардӣ саҳми Мунира Шаҳидиро дар рушди фарҳанг муҳим ва даргузашти ӯро талафоти бузург номидааст.
Ин ниҳод Шаҳидиро муҳаққиқ ва ходими намоёни фарҳанг донистааст, ки "тамоми умри хешро ба тарғиби мероси мусиқиву адабии тоҷик бахшидааст."
Мунира Шаҳидӣ тайи солҳои охир чанд дафъа бо Радиои Озодӣ низ дар бораи фарҳангу мусиқии тоҷикӣ ва вазъи занон гап задааст.
Чанд иқтибос аз гуфтаҳои Мунира Шаҳидӣ дар барномаҳои Радиои Озодӣ:
"Барои эҷоди фазои гуфтугӯ дар ҷомеа, давлати Тоҷикистонро зарур аст, як барномаи миллиеро дар робита ба эҷоди фазои гуфтугӯ таҳия ва тасвиб кунад, то илм, фарҳанг ва сиёсатро муттаҳид созад."
***
"Медонед, завқ нест. Дарки мусиқии ҷаз мушкилтар аст, меҳнат мехоҳад. Мутаассифона, аксар ҷавонҳои мо ба чунин меҳнат омода нестанд, онҳо бо роҳи осон рафта истодаанд. Фақат тайёрашро мехоҳанд. Ҷаз жанри мурракаб аст, он дониш мехоҳад. Бинобар ин, ҳоло мо бояд талош кунем, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба ин навъи мусиқӣ ҷалб созем, зеро ин навъи мусиқӣ хусусияти тарбиявӣ ҳам дорад. Мо бояд ҳам оҳангсозон ва ҳам ҷомеа талош кунем, то ин жанрро дар омезиш бо навоҳои анъанавӣ ва миллӣ рушд бидиҳем."
***
"Ман фикр мекунам, ҷавононро ба мақомҳои раҳбарикунанда бояд роҳ дод. Масалан, ман дар ташкилоти хурде, ки роҳбар ҳастам, ҳамеша ба ҷавонон такя мекунам. Агар ягон ҷавони ташаббускору масъулиятшинос ба мо муроҷиат кунад, ман тайёрам, ки вазифаи худро ба ӯ вогузор кунам, бо камоли майл."
***
"Агар рӯшанфикриву маданият ва покизагӣ мавриди эҳтиром ва арҷгузорӣ бошад, мавқеъ ва хости зан ҳам эҳтиром мешавад. Дар ҷомеаи мо заноне ҳастанд, ки ба мартабаҳои баланд расиданд, мисли пизишк ва фаъоли иҷтимоӣ Фирӯза Абдуллоева, Дилбар Шарифова аз созмони ҳуқуқи атфоли маъюб ва ё журналисти шинохта Шаҳло Акобирова. Ин феҳрист метавонад беохир бошад. Чунин занҳо зиёданд, ки ҳамарӯза барои пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд ва онҳо бояд қадрдонӣ шаванд."
***
"Мусиқӣ ҳунари нозуку нафис аст, ки агар онро донӣ, таҳлил кардани бисёр чизҳо осонтар мешавад. Абуалӣ ибни Сино мусиқиро ҳамеша дар радифи илмҳои дақиқ риёзиёт, физика, химия ҷойгир карда буд. Як каҷфаҳмӣ дар олами ислом ҳаст, ки мусиқиро ҷудо мекунанд ва дарк намекунанд, ки ин ба ҳувияти миллӣ таъсири манфӣ дорад. Чӣ қадар барвақттар фарзандонамон аз илми мусиқӣ огоҳ шаванд, ҳамон қадар хуб аст."
Иштироки беш аз 100 ҳазор ҷавон дар "маршировка" дар Тоҷикистон
Беш аз сад ҳазор ҷавон дар “маршировка”-и бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.
Ин оморро Сураҷ Чоршанбезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарӣ эълон кард.
Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, тамрин аз аввали август оғоз мешавад.
Сураҷ Чоршанбезода ба танқидҳо дар бораи “маршировка” ва тамрин дар ҳавои гарм посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, кӯшиш мекунанд, ки “тамринҳо дар ҳавои гарм анҷом нашаванд”.
Баъзе аз донишҷӯён дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳоро аввали моҳи август ба “маршировка” даъват кардаанд.
Яке аз онҳо бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "ба мо таъкид карданд, ки иштирок ҳатмӣ аст, агар ширкат накунем, чора медидаанд."
Ҷалби ҳазорон нафар барои омодагӣ ба таҷлили иду ҷашнҳои давлатӣ дар гузашта танқидҳоро ба миён оварда буд.
Аммо вазири пешини маориф баҳсҳои атрофи ин мавзуъро “як чизи хасакӣ” номида, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон "хости ҷавонон" ва "маҳалли шиносоии ошиқон" хонда буд.
Мунтақидони ин тасмим бовар доранд, ки “маршировка” мероси монда аз даврони шӯравии собиқ аст ва бояд аз он даст кашид.
Даври дигари ҳамлаҳои Амрико ба ҳадафҳои низомии Эрон
Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) гуфт, шаби 15-уми июл низ ба ҳадафҳои низомии наздик ба тангӣ ё оброҳаи Ҳурмуз ва қисматҳои соҳилии Эрон зарба зад.
Теҳрон дар навбати худ чанд муассисаи ҳарбии Амрикоро дар Баҳрайн ва Кувайт ҳадаф қарор додааст.
CENTCOM дар изҳороте дар шабакаи “Х” навишт, ки мавҷи нави зарбаҳо ҳафт соат идома кард.
“Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико, паҳподҳо ва киштиҳои низомӣ ҳамлаҳои дақиқро алайҳи макони мушаку паҳподҳо, имкониятҳои баҳрӣ ва низомии дифои соҳилии Эрон ба роҳ монд, то тавонмандиҳои Ҷумҳурии Исломиро барои таҳдид ба ҳаракати киштиҳои тиҷоратӣ ва мулкӣ коҳиш диҳад,” – иттилоъ дод манбаъ.
Фармондеҳии марказии артиши Амрико афзуд, “дар айни замон беш аз 20 киштии ҷангии амрикоӣ ва садҳо ҳавопаймои ҳарбӣ дар саросари Ховари Миёна фаъолият мекунанд.”
Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, алайҳи муассисаҳои низомии Амрико дар Баҳрайну Кувайт, аз ҷумла маконҳое, ки мавриди истифодаи Флоти панҷуми ҳарбии ИМА мебошанд, зарба задааст.
Мақомоти низомии Урдун рӯзи 15-уми июл хабар доданд, ки се мушаки эрониро шиносоӣ ва маҳв карданд.
Бред Купер, фармондеҳи CENTCOM, гуфт, Эрон дар як ҳафтаи гузашта ҳафт киштии тиҷоратиро дар минтақа ҳадаф қарор дод ва дар натиҷа даҳ маллоҳ куштаву захмӣ ва беномунишон шудаанд. Ӯ афзуд, нерӯҳои эронӣ даҳҳо паҳподу мушакро ба сӯйи кишварҳои ҳамсояаш дар Халиҷи Форсӣ партоб намуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар Теҳрон ба мизи музокирот барнагардад, Иёлоти Муттаҳида метавонад амалиёти худро то ба ҳамла ба муассисаҳои мулкие ба монанди нерӯгоҳҳои барқиву пулҳо тавсеа бидиҳад.
Трамп рӯзи 14-уми июл дар мусоҳибааш бо Fox News гуфт, зарбаҳои Амрико ба Эронро “то бас гуфтани ман” идома хоҳад кард.
Издивоҷҳои бармаҳал дар Тоҷикистон кам шудааст
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси оморе, ки дар даст доранд, издивоҷи бармаҳали духтарон имсол камтар шудааст.
Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила 15-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, дар нимаи аввали имсол ва бо иҷозаи додгоҳ 141 нафар барвақттар аз синни издивоҷ оиладор шудаанд. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 89 маврид камтар аст.
Дар Тоҷикистон оиладоршавӣ аз 18-солагӣ иҷозат аст. Танҳо бо қарори додгоҳ ва он ҳам дар ҳолатҳои истисноӣ синни издивоҷ як сол кам карда мешавад.
Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз никоҳҳои бармаҳал нигаронӣ карда, онро барои ояндаи духтарон хатарнок гуфтаанд.
Рӯзи 15-уми июл намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила омори никоҳ ва талоқро низ эълон карданд. Ба гуфтаи онҳо, аз моҳи январ то охири июни имсол зиёда аз сеюним ҳазор оила аз ҳам ҷудо шуда, ҳазорон кӯдак аз дидори падар ё модар маҳрум гаштаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин муддат беш аз 27 ҳазор никоҳ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан се ҳазор маврид камтар аст.
Мақомот мегӯянд, ҷудошавии оилаҳо аз мушкилиҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Ҳабси абади раиси хоҷагии деҳқонӣ барои куштани ду нафар
Додгоҳи вилояти Суғд раиси як хоҷагии деҳқониро дар куштани ду ҳамдеҳааш гунаҳкор карда, ба ҳабси абад маҳкум намуд. Ҳукми додгоҳ аввали моҳи июл содир шуда, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҷузъиёти онро тоза нашр кард.
Ба гуфтаи манбаъ, додгоҳ Хуршед Мавлоновро дар куштани ду ҳамдеҳааш гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад ва адои ҷазо дар зиндони низомаш махсус маҳкум кард.
Назари ин мард ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест ва рӯшан нест, ки ӯ аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мебарад ё не.
Хуршед Мавлонов, раиси хоҷагии деҳқонӣ дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 апрели имсол бо иттиҳоми куштор дастгир шуда буд.
Он вақт мақомот гуфтанд, Мавлонов дар заминаи баҳси молу мулк бар сари бошишгоҳи саҳроӣ ду ҳамдеҳаашро парронда куштааст.
Таъйини ҷазои ҳабси абад барои куштор дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад.
Чанд таркиш дар ғарби Бандар Аббос
Расонаҳои Эрон аз шунида шудани садои чанд таркиш дар ғарби Бандар Аббос хабар доданд.
Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ба нақл аз хабаргузории “Тасним” (наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ) навишт, мардуми Бушеҳр ва Чағодак низ садои чанд инфиҷорро шуниданд.
Маҳалли дақиқ ва ҷузъиёти таркишҳо ҳанӯз маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта артиши Амрико дар рафти амалиёте, ки ба гуфтаи Фармондеҳии марказии Амрико панҷ соат тӯл кашид, ба ҳадафҳое дар гӯшаҳои мухталифи Эрон, аз ҷумла Бушеҳр, Чобаҳор, Чосак, Абумӯсо ва Бандар Аббос ҳамла кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, бо сабаби вайрон шудани шарти оташбас аз тарафи Эрон дигар ёддошти тафоҳум амал намекунад.
Э.Раҳмон хоҳони бозбинии низоми назорат дар маҳбасҳо шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз қонуншикании баъзе кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазо, ниҳоди нозир бар зиндонҳо, изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ин корҳо боиси поймол шудани ҳуқуқи маҳбусон мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон 14-уми июл дар ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлия дар Душанбе гуфт, "ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ, содир намудани ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо аз ҷониби кормандони сарраёсат", ки боиси нақзи ҳуқуқи боздоштшудагон ва зиндониён мегардад, "ҳоло ҳам ҷой доранд". Аммо ӯ ҳеч омор пешниҳод накард ва ягон намуна ҳам наовард.
Президенти Тоҷикистон хоҳони бозбинии пурраи низоми назорати дохилии маҳбасҳо шуд.
Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва наздикони зиндониён борҳо аз шароити нохуб ва ҷой доштани ҳолатҳои шиканҷа дар зиндонҳо нигаронӣ кардаанд.
Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, моҳи июн ва июли имсол аз шиканҷа шудан ва фишори равонӣ ба онҳо нигаронӣ карданд. Мақомот ба ин гузориш вокунише нишон надоданд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси қонуни афв дар ҳафтаҳои охир ҳазорҳо зиндониро озод кардаанд. Қонуни нави афв 16-уми июни имсол имзо ва нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён татбиқ хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми июл аз мақомот хостааст, дар вақти иҷрои қонуни афв “ба омилҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд”. Соли 2019 ва баъди қабули қонуни афв, ки 20 ҳазор нафарро фаро гирифта буд, иддае аз вуҷуди мавридҳои фасод шикоят доштанд.