Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат мегӯяд, нагузошт, ДОИШ дипломатҳоро дар Душанбе террор кунад


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, аз як ҳамлаи тарафдорони ДОИШ ба дипломатҳои хориҷӣ дар Душанбе пешгирӣ кардаанд.

Илҳом Файзуллозода, сардори яке аз шуъбаҳои вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Сино дар Душанбе, гуфтааст, фарде, ки қасд дошт, ба кормандони яке аз сафоратҳои хориҷӣ дар Душанбе ҳамла кунад, аз Сурия ҳидоят мешуд, вале мақомот аз тарҳи суиқасд огаҳ шуда онро хунсо кардаанд. Радиои Озодӣ мустақилона дурустии ин гуфтаи афсари тоҷикро тасдиқ карда наметавонад.

Дар бораи ҷузъиёти пешгирӣ аз террори эҳтимолии хориҷиён дар Душанбе Илҳом Файзуллозода дар нашрияи расмии вазорати корҳои дохилӣ бо номи “Қонун ва ҷомеа” гузоришеро нашр кардааст. Маълум нест, ҳадаф кормандони кадом сафорат дар Тоҷикистон ҳастанд, вале дар ҳудуди ноҳияи Сино дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаҳои Русия, Эрон, Афғонистон, Олмон ва Амрико ҷойгир шудаанд.Дар бораи пешгирӣ аз як амали террористӣ дар Душанбе ҳафтаномаи расмии ВКД “Қонун ва ҷомеа” навиштааст.

Файзуллозода навиштааст, иттилоъ дар бораи тарҳро аз як шаҳрванди Тоҷикистон гирифтааст, ки бо узви гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия тариқи паёмгирҳо суҳбат мекунад. “Ба шахси боваринок супориш дода шуд, ки алоқаро бо коркардшаванда идома диҳад ва бо истифода аз "ҳиллаи оперативӣ" ва "қиссаи ривоятбандишуда" ба коркардшаванда "Ҳайдар" гӯяд, ки мехоҳад ба назди ӯ равад... Ў (Ҳайдар) дар ҷавоб мегӯяд, ки "агар ту дар роҳи ислом ҷиҳод карданӣ бошӣ, барои мо дар Тоҷикистон даркор ҳастӣ. Мо ба воситаи яке аз аъзои ташкилоти худ, ки дар Русия қарор дорад, ба шумо силоҳи оташфишони тамғаи Макаров бо садохомӯшкунак, тирдон ва тирро мерасонем. Агар супоришҳои моро дар ҳудуди Тоҷикистон иҷро намоӣ, ин худаш яке аз беҳтарин ҷиҳод дар роҳи ислом мешавад,”- навиштааст Илҳом Файзуллозода.

Ба навиштаи сардори идораи пулиси ноҳияи Сино, фарде, ки бо супориши мақомот бо узви гуруҳи “Давлати исломӣ” суҳбат дошт, аз Сурия хабар мегирад, ки нафаре дар Душанбе силоҳҳоро ба ӯ мерасонад. Фарди силоҳрасон дар яке аз кӯчаҳои Душанбе боздошт ва ба гуфтаи мақомот аз ӯ “таппончаи Макаров, садохомӯшкунак, тирдон ва 30 адад тир ёфт” шудааст. Ба навиштаи Илҳом Файзуллозода, боздоштшуда силоҳҳоро аз Русия бо мошин ва дар “дохили яхдон, хӯрокгармкунак, курсии кӯдаконаи автомобилӣ, мошинаи либосшӯӣ” ба Тоҷикистон овардааст.

Сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино нагуфтааст, ки боздошти тарафдори “ДОИШ” кай сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Илҳом Файзуллозода, ҳадафи аъзои гуруҳи “Давлати исломӣ” ҳамлаи мусаллаҳона “ба кормандони сафоратхонаи яке аз давлатҳо, воқеъ дар шаҳри Душанбе” будааст.

Рӯзи 3-уми июн Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар ба Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино муроҷиат кард, аммо дар ин ниҳодҳо гуфтанд, наметавонанд ҷузъиёти амалиётро барои расонаҳо шарҳ диҳанд. Мақомот шахсияти фарди боздоштшударо ошкор намекунанд. Мақомот ҳар сол аз пешгирии амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳанд, аммо азбаски ҷузъиётро намегӯянд, шубҳаву гумон дар бораи онҳо зиёд аст.

Айни замон гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар гузашта дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом додааст. Моҳи июли соли 2018 як гуруҳ ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар деҳаи Себистони Данғара ҳамла карданд. Дар он ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуда, шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" чанд рӯз баъд дар сафҳаҳои вобаста ба худ дар интернет, навори видеоии байъати Ҳусейн Абдусамадов ва ҳамроҳонашро ба ДОИШ нашр кард. Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баъди соли 2014 ба Сурияву Ироқ рафта, ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастанд. Дар миёни онҳо, Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ низ буд.

XS
SM
MD
LG