Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе аз беобии дигарон гуфтанду ранҷи мардуми Эсанбойро ба ёд наоварданд. ВИДЕО


Нишасти Душанбе
Нишасти Душанбе

Намояндагони баландпояи Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо кишвари ҷаҳон дар Душанбе масъалаи камбуди об дар гӯшаҳои ҷаҳонро баррасӣ карданд, аммо аз набудани оби ошомиданӣ дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ёд наоварданд. Нишаст рӯзи 7-уми июн баргузор шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳудуди 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надорад ва “ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии вобаста ба об ба ҳалокат мерасанд.”

Дар суханронии 20-дақиқаии ӯ дар бораи камбуди об дар дохили Тоҷикистон ишора нашуд. Раисиҷумҳур танҳо гуфт, кишварҳои рӯ ба рушд, ки Тоҷикистон ҳам ба ин гуруҳ дохил мешаванд, бе мадади кишварҳои пешрафта ва созмонҳои молии ҷаҳонӣ дар масъалаи таъмини об ба мушкил дучор хоҳанд шуд.

Дар саргаҳи об, вале ташналаб

Сарфи назар аз онки Тоҷикистон дар саргаҳи об Осиёи Марказӣ қарор дорад, сокинони кишвар ҳанӯз пурра ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Бонки Ҷаҳонӣ соли 2016 дар гузорише гуфта буд, ки танҳо 38 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба системаи мутамаркизи таъмини оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Омори расмӣ баёнгари он аст, ки бо гузашти шаш сол вазъ чандон тағйир накардааст.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, рӯзи 7-уми июн дар ҳошияи конфронси об ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан зиёда аз 80 дарсади сокинон дар шаҳрҳо ба оби ошомиданӣ “пурра дастрасӣ доранд”. Вале ба гуфтаи вазир, “танҳо наздики 40 дарсади аҳолӣ дар деҳаҳо аз дастрасии комил ба оби ошомиданӣ бархӯрдоранд”. Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд.

“Ҳозир диққати мо ба он равона шудааст, ки сатҳи дастрасӣ ба обро дар деҳот баланд созем. Дар ин бора аллакай 4 лоиҳаи бузургро бо шарикони рушд баррасӣ намуда истодаем. Ин имконият медиҳад, ки дастрасиро зиёдтар намоем. Маблағгузорӣ бевосита аз худи давлат ҷудо карда мешавад, лекин мо бо шарикони рушд тавонистем як модели дурустро ба роҳ монем, ки маблағи зарурӣ пайдо кунем ва он маблағро самаранок истифода бурда дастрасии ба обро дар деҳот зиёд кунем,” -- афзуд Далер Ҷумъа.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Эмомалӣ Раҳмон аз эҳтимоли камобӣ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Ҷанҷол барои... оби шӯр

Дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон метавон деҳаеро пайдо кард, ки сокинонаш аз камбуди оби ошомиданӣ ранҷ мекашанд. Афзоиши босуръати аҳолӣ ва пайдо шудани деҳаҳои нав ин мушкилро ҷиддитар мекунад. Баъзе аз сокинон дар ҳавлиҳои худ чоҳ кандаву аз он истифода мебаранд. Бархеи дигар маҷбуранд, оби бихаранд.

Радиои Озодӣ ду сол пеш дар бораи сокинони 11 деҳаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш дода буд, ки аз муҳимтарин васила барои зиндагӣ -- об маҳруманд.

Ин сокинон гуфтанд, мушкили беобӣ маҷбур кардааст, қисме аз даромади моҳонаи худро барои харидани он харҷ кунанд. Онҳо ба хотири надоштани ҷойи зист дар гӯшаҳои дигари кишвар, маҷбуранд, ранҷи беобиро таҳаммул кунанд.

Мавҷигул Раҷабова, як сокини деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, баъзан барои оби шӯре, ки аз зери замин мебарояд, ҷангу ҷанҷол миёни ҳамсояҳо сурат мегирад.

Се сол пеш як гузоришгари вижаи Созмони Милал гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон барои дастрасии сокинон ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бояд бештар талош кунад. Чизе, ки мардум мегӯянд, ҳалношуда мондаасту мақомот мегӯянд, аз паяш ҳастанд.

XS
SM
MD
LG