Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар Русия интиқоли газ ба Аврупоро қатъ кунад, аврупоиҳо ях мекунанд?


Лӯлаи гази Маҷрои Шимолӣ

Аз таъсири гармии тобистон нест, ки раҳбарон ва тоҷирони Аврупо арақ мекунанд, балки аз бими бозии Русия бо газ аст, ки мумкин аст, сабаби буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар зимистони оянда дар минтақа шавад. Шояд пештар аз зимистон ҳам.

Чанд чизе, ки бояд дар бораи бозӣ бо газ бинобар ҷанг дар Украина донист.

ЧӢ ШУД?

Русия ҳафтаи гузашта интиқоли газ ба панҷ кишвари Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Олмонро кам кард, ки бузургтарин иқтисоди ин хонаводаи 27 нафарӣ аст ва барои тавлиди барқу саноати пешрафтааш ба гази Русия сахт эҳтиёҷ дорад. Ширкати давлатии “Газпром” интиқоли газ аз тариқи лӯлаи Маҷрои Шимолӣ 1-ро 60 дар сад кам кард, ки аз зери Баҳри Сиёҳ мегузараду ба Олмон мерасад ва бузургтарин лӯлаи гази Аврупо аст. Интиқоли газ ба Итолиё 50 дар сад кам шуд. Австрия, Чехия ва Словакия ҳам аз Русия ҳоло камтар газ мегиранд.

Пештар аз ин Русия интиқоли газ ба Лаҳистон, Булғористон, Дания, Финландия, Фаронса ва Ҳолландро батамом қатъ кард. Маҳрум шудан аз гази русӣ барои ин кишварҳо чандон дарди сар эҷод накард, зеро худи Лаҳистон қасд дошт, то охири сол аз хариди гази Русия даст кашад ва кишварҳои дигар манобеи иловагии воридоти газ доранд.

Аммо коҳиши интиқол дар ҳафтаи ахир барои иқтисодҳои азиме, ки гази Русияро зиёд истифода мекунанд, зарбаи ҷиддӣ аст. Олмон 35 дар сади гази воридотиашро аз Русия мехарад, Итолиё то 40 дар садро. Миқдоре газе, ки ҳоло ин кишварҳо мегиранд, барои таъмини мардум ва корхонаҳо кофӣ аст.

ЧАРО КОҲИШИ ГАЗ БОЯД МОЯИ НИГАРОНӢ БОШАД?

Кишварҳои Аврупо ҳоло бошитоб анборҳои зеризаминии газро барои зимистон пур мекунанд. Ширкатҳои тақсимкунандаи газ дар тобистон ҳамзамон бо идомаи кори маъмулӣ дар анборҳояшон газ захира мекунанд, чун бо нархи арзонтар мегиранд ва бо афзудани талабот ба газ дар зимистон онро мефурӯшанд. Ҳоло коҳиши интиқоли газ аз Русия, захира карданро гаронтар ва пур кардани анборҳоро мушкилтар мекунад.

Айни замон коҳиши интиқоли газ сенарияи қатъи комили онро наздиктар кардааст ва мумкин аст, имкон надиҳад, ки Аврупо барои зимистон ба қадри кофӣ газ захира кунад. Гази табиӣ бештар дар саноатҳои сабуку вазнин ба мисли шишасозӣ, истеҳсоли маҳсулоти фулодӣ истифода мешавад, ки аз ҳоло қиматашон боло рафтааст ва тавлидоташон ҳам кам шудааст. Аз ин сабаб дар суст шудани рушди иқтисоди Аврупо ҳам “саҳм мегузорад.”

Истифодаи газ барои тавлиди неруи барқ мавсимӣ аст, зеро вақте неругоҳҳои бодӣ ва хуршедӣ ба кор медароянд, истифодаи он кам мешавад, вале вақте ҳаво тағйир меёбад ва сарду гарм мешавад, истифодаи газ барои тавлиди неруи барқ зиёд мешавад, мисли онки ҳавои тафсони рекордӣ дар ҳафтаи гузашта дар Аврупо кард.

Айни замон анборҳои зеризаминии газ дар Аврупо 57 дар сад пур будаанд. Кумиссиёни Аврупо пешниҳод кардааст, ки ҳар кишвар анборҳояшро то 1-уми ноябр то 80 дар сад пур кунад. Олмон ҳадаф дорад, анборҳояшро то 1-уми октябр то 80 дарсад ва то 1-уми ноябр то 90 дар сад пур кунад.

Таҳлилгарони муассисаи таҳқиқотии Бругел дар Брюссел ҳушдор додаанд, ки “Булғористон ва Руминия агар бо суръати феълӣ захира карданро идома диҳанд, меъёри таъйинкардаи Иттиҳоди Аврупоро иҷро намекунанд” айни замон дар сурати қатъ шудани маҷрои гази Русия “Олмон, Австрия ва Словакия дар пур кардани анборҳои худ ба мушкил дучор мешаванд.”

АВРУПО ТО ҲОЛ ЧӢ КОРҲОЕ АНҶОМ ДОДААСТ?

Иттиҳоди Аврупо, ки пеш аз ҷанги Украина 40 дар сади гази воридотиашро аз Русия мехарид, дар пеши худ вазифа гузошт, ки воридоти гази русиро то охири сол аз се ду ҳисса кам кунад ва то соли 2027 ба тамом аз он даст мекашад. Кишварҳои узв ҳамчунин гуфтаанд, аз моҳи август хариди ангишти русиро бас мекунанд ва то ним соли оянда аз нафти Русия ҳам даст мекашанд. Ҳадаф аз ин маҳрум кардани Русия аз 850 миллион долларе аст, ки ҳар руз аз фурӯши нафту газ ба Аврупо ба даст меорад ва аз ҷумла барои ҷанг дар Украина сарф мекунад.

Ҳукуматҳои Аврупо ва ширкатҳои мутассаддӣ гази моеъро аз Амрико хариданд, ки бо киштӣ меоранд ва назар ба гази табии русӣ, ки бо лӯла меояд, гаронтар аст. Аммо ҷанг дар Украина, ки қимати газу нафтро боло бурд ва сабаби таварруми рекордӣ дар Аврупо шуд, даромади Русияро ҳамчунон зиёд нигаҳ медорад.

Талошҳо барои хариди гази табиӣ аз тариқи лӯла аз Норвегия ва Озарбойҷон идома дорад, истифода аз манобеи эҳёшаванда ва сарфаҷӯӣ ҳам интихобе барои коҳиши пойбандӣ ба гази Русия шудааст. Олмон ягон пойгоҳи собити воридотӣ барои гази моеъ надорад, вале корро барои ба роҳ 4 андохтани пойгоҳи шиновари қабули гази моеъ оғоз кардааст ва ду пойгоҳи он бояд имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Бо вуҷуди тамаркуз барои истифода аз манобеи эҳёшавандаи барқ буҳрони феълӣ дигарбора кишварҳоро ба самти маводи сӯхти олудакунанда ба мисли ангишт тела додааст. Олмон бошитоб санадеро барои қабул таҳия кард, ки иҷоза медиҳад, корхонаҳои барқи бухорӣ, ки бо ангишт кор мекунанд, дигарбора ба кор андохта шаванд. Олмон қасд дошт, то соли 2030 ба тамом аз ингуна неругоҳҳои барқӣ даст кашад.

Роберт Ҳабек, муовини садри аъзами Олмон гуфт, бозгашт ба истифодаи ангишт “талх”, вале дар ин шароит, “зарурати маҳз” аст. Ҳукумат корхонаҳои саноатиро ташвиқ дорад, ки аз гази табиӣ камтар истифода баранд ва аз мардум хостааст, сарфаҷӯӣ кунанд. Ӯ гуфт:” Истифодаи газ бояд боз ҳам камтар шавад, то дар анборҳо захира кунем, вагарна дар зимистон вазъ душвор мешавад.”

Ҳукумати Ҳолланд гуфт, иҷоза медиҳад, неругоҳҳои барқи бухорӣ, ки ангишт истифода мебаранд, бо тамоми иқтидорашон кор кунанд, то аз ин роҳ газеро, ки барои тавлиди барқ сарф мекунанд, захира намоянд.

Бо вуҷуди андешидани тамоми ин тадбирҳо Аврупо аз назари таъмини газ осебпазир мемонад. Пойгоҳҳои содироти гази моеъ дар кишварҳои фурӯшандаи газ ба мисли Амрико ва Қатар бо тамоми қудрату суръат кор мекунанд, вале аввал бояд харидорони аслӣ кишварҳои Осиёро таъмин кунанд, сипас Аврупоро. Бар иловаи ин таркиш ва сӯхтор дар пойгоҳи содироти газ дар шаҳри Фрипорти аёлати Техаси Амрико, аз панҷ як ҳиссаи содироти гази Амрикоро барои моҳҳо кам кард, ки зарбаи дигаре дар бозори фурӯши газ шуд. Ширкати Райстад Энержӣ гуфт, аз ин пойгоҳ газ асосан ба Аврупо содир мешуд.

Карстен Фритч, таҳлилгар аз шохаи пажуҳишии Коммерзбанк мегӯяд: “Вазъи бозори гази табиӣ дар Аврупо шиддат мегирад” ва ба таркиш дар Фрипорт ва таъмири лӯлаи Маҷрои Шимолӣ -1 ишора мекунад, ки қарор аст, аз рӯзи 11-уми июл то 21-уми июл идома кунад ва дар ин муддат интиқоли газ ба тамом қатъ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, “суръати захираи газ барои зимистон суст мешавад” ва ғолибан қиматҳо боз ҳам боло мераванд.

БОЗИИ РУСИЯ ЧИСТ?

Газпром мегӯяд, бояд маҷрои газро дар лӯлаи гази Маҷрои Шимолӣ-1 кам кунад, чун ба сабаби таҳримоти ғарбӣ таҷҳизоти муҳим ва зарурӣ барои лӯла, ки барои таъмир ба Канада бурдаанд, дар онҷо дармондааст. Кишварҳои аврупоӣ ба ин гуфта бовар надоранд ва сабаби коҳишро сиёсӣ медонанд.

Иқдомоти Газпром қимати газро, ки дар мавсими зимистон андаке поин омада буд, якбора боло бурд. Афзоиши қиматҳо даромади Русияро, ки зери таҳримоти сахти иқтисодии кишварҳои ғарб мондааст, зиёд кард ва Аврупоро, ки Украинаро аз ҷиҳати сиёсӣ ва низомӣ пуштибонӣ мекунад, зери фишор қарор дод.

Иқдомоти Газпром ҳамчунин чорае дар баробари таҳримоти иқтисодии Ғарбӣ ва василае барои маҳор кардани онҳо аз эъмоли таҳримоти бештар дониста мешавад. Муштариёни бузурги гази Русия ҳам гӯшзад шуданд, ки мисли кишварҳои хурд аз қатъи комили газ эмин нестанд. Олмон ва Итолиё ҳамон замон гази камтар гирифтанд, ки раҳбарони онҳо ҳамроҳ бо Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса барои мулоқот бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ба Киев рафтанд.

ЧАРОҒИ АВРУПОИЁН ХОМӮШ МЕШАВАД, ЗИМИСТОН ЯХ МЕКУНАНД?

Ғолибан ин кор намешавад, зеро ба асоси қонунҳои Иттиҳоди Аврупо ҳукуматҳо бояд интиқоли газро барои корхонаҳои маҳдуд намоянд, то ки хонаву мактабу шифохонаҳо нерӯи барқ дошта бошанд. Кишварҳое, ки гази кофӣ наёфтанд, метавонанд, аз дигар аъзои иттиҳод кумак бигиранд, ба шарте ки лулаҳои лозимиро дошта бошанд.

Коҳиши интиқоли газ ба корхонаҳои саноатӣ ва бастани онҳо метавонад, мардумро бекор ва рушди иқтисодиро суст кунад, ки аз ҳоло ба сабаби таварруми зиёд бонкҳояшон даст ба кор шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG