Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб таҳрим кард, парвози ҳавопаймоҳои Русия ба Кӯлоб бештар шудааст. ВИДЕО


Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб
Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб

Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" дар шаш моҳи аввали имсол 145 ҳазор мусофирро аз Кӯлоб ба Русия бурдаву овардааст.

Ин ширкат пас аз таҳрими кишварҳои ғарбӣ зидди бахши ҳавопаймоии Русия теъдоди парвозҳои худро ба Кӯлоб то 22 парвоз афзоиш дод. Аввали сол он танҳо 16 парвозро иҷро мекард.

Нуралӣ Ҳомидзода, раиси Фурудгоҳи Кӯлоб, рӯзи 13-уми июл гуфт, афзоиши парвозҳо ба нафъи онҳост, чун даромад ду баробар афзуда, ба 10 миллион сомонӣ расидааст.

Дар ин миён ширкати ҳавопаймоии "Сибир" парвозҳоро аз Кӯлоб бас кардааст. Сабабро нарасидани ҳавопаймо гуфтанд. Ҳомидзода гуфт, "аз 20-уми сентябр иҷозат гирифтаанд. Шояд ҳавопаймои онҳо ҳафтае як бор аз Кӯлоб ба Иркутск парвоз кунад."

Пеш аз ҳамагирии COVID-19 аз фурудгоҳи Кӯлоб ҳафтае чаҳор парвоз сурат мегирифт. Дар соли 2020 ба сабаби пандемия ҳама гуна парвоз бас шуд. Дар он сол фурудгоҳ даромадро аз даст дод ва 9 миллион сомонӣ зиён дид.

Ҳоло коршиносон мегӯянд, сабаби рӯ овардани ҳавопаймоҳои русӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна аз парвоз мондани онҳо ба кишварҳои ғарбӣ аст. Масъулони фурудгоҳ ҳам гуфтанд, онҳо қасд доранд, ду роҳрави зиёдатӣ ва як ҷойи исти ҳавопаймои Ан-124 бисозанд.

Аз фурудгоҳ дар гузашта на фақат ба Русия, балки ба Қазоқистону Чин ҳам парвоз анҷом мешуд. Ҳоло бахши асосии мусофирони фурудгоҳи Кӯлобро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд.

Хабарнигорон сабаби ба кишварҳои дигар анҷом нашудани парвозҳоро пурсиданд. Масъулон гуфтанд, талабот нест.

Фурудгоҳи Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон соли 2006 мақоми байнулмилалӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG