Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷасадҳои мусаллаҳ". Додситони кул гуфт, навори баҳсиро аз Рӯшон месанҷанд. ВИДЕО


Ёдгор Ғуломҳайдаров ва чаҳор ҳамроҳашро моҳи майи имсол дар деҳаи Дерзуди Рӯшон куштаанд

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, як наворро дар бораи амалиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ хоҳанд кард. Дар видеое, ки ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, лаҳзаи ба тартиб овардани чанд ҷасад аз тарафи низомиён дида мешавад. Муаллифони навор онро саҳнасозии мақомот гуфтанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кул, рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, “ба наворе, ки гуфта гузаштед, мо санҷиш таъин кардем.” Ӯ ваъда дод, ки натиҷаи санҷишро бо рӯзноманигорон дар миён мегузорад.

Рӯзноманигори тоҷик Рустами Ҷонӣ рӯзи 14-уми июл дар Фейсбук навори якунимдақиқаиро пахш кард. Дар навор дида мешавад, нерӯҳои вижа ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ чанд ҷасадро дар як қатор мегузоранд. Онҷо садое шунида мешавад, ки яроқро дар дасти ҷасадҳо гузоранд.

Мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки навор кай ва дар куҷо сабт шудааст.

Рустами Ҷонӣ навиштааст, навор баъди кушта шудани Ёдгор Ғуломҳайдаров ва чанд нафари дигар дар ноҳияи Рӯшон сабт шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 31-уми майи имсол хабар дод, ки дар «амалиёт»-и мақомот дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ панҷ сокини маҳаллӣ, аз ҷумла Ёдгор Ғуломҳайдаров, кушта шуданд. Дар навори пахшшуда ҳам панҷ ҷасад дида мешавад.

Мақомот навори баҳсиро аз Рӯшон месанҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Рустами Ҷонӣ наворро “саҳнасозии ҳукумат” номидааст. “Ҳукумат ин тасвир ва аксҳоро пайваста аз тариқи телевизионҳои давлатӣ мечархонд ва шаҳидонро бар муқовимати мусаллаҳона айбдор мекард. Ин видео маълум месозад, ки чӣ тавр гурӯҳи зудамал бо ҷасадҳои Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, Почоев Алишер Сафармамадович, Мавлододов Ҳабиб Феткаевич, Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич ва Паллаев Дохунда Худобандаевич саҳнасозӣ мекунад,” – афзудааст ӯ.

Мақомот дар ин бора шарҳе надодаанд.

Вилояти Бадахшон дар моҳи майи имсол шоҳиди тазоҳуроти мардуми норозӣ ва амалиёти ба гуфтаи мақомот зиддитеррористӣ буд. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 16 кас кушта ва беш аз 200 нафар дастгир шудаанд. Сокинон омори қурбониёнро бештар аз ин мегӯянд.

Бори аввал нест, ки баъди амалиёти мақомот дар минтақаҳо чунин наворҳои баҳсбарангез пайдо мешавад. Соли 2011 мақомоти тоҷик бо пахши чанд навор дар телевизионҳои давлатӣ гуфтанд, Аловуддин Давлатов мулаққаб ба Алии Бедакӣ дар ҷараёни амалиёт дар ноҳияи Рашт кушта шудааст.

Дертар дар телефонҳои сокинон наворе ба гардиш даромад, ки дар он низомиён як марди ришдорро бозпурсӣ мекунанд ва ӯро Алии Бедакӣ мегӯянд. Мақомот он вақт ҳам гуфта буданд, наворро таҳқиқ мекунанд, аммо дар бораи натиҷаи он чизе нагуфтанд.

XS
SM
MD
LG