Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

"Авеста": Дар Тоҷикистон ҳафт муассисаи таълимӣ аз фаъолият боздошта шуд

Гӯшаи эълони дарсҳо дар яке аз мактабҳои миёнаи Тоҷикистон
Гӯшаи эълони дарсҳо дар яке аз мактабҳои миёнаи Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳафт муассисаи таълимӣ ва томактабӣ манъ карда шудааст. Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки кори ин муассисаҳо ба талаботи маориф ҷавобгӯ набудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Авеста" хабар дод.

Ба ин тартиб, мактаби хусусии Мирзо Ҳасанзода дар ноҳияи Масчоҳ, муассисаи таълимии “Ояндаи Дурахшон” дар Бӯстон, марказҳои томактабии “Британский дом” ва “Ҳисор”- маркази омӯзишии “Чароғи дониш” аз фаъолият бозмонданд. Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф дар ним соли ахир шароиту сифати таълим дар 515 муассисаи таълимиро санҷида, сатҳи дониши хонандагонро дар беш аз 400 мактаб 76 дар сад ва дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ - 79 дар сад арзёбӣ кардааст.

Танқиду нигарониҳо аз сатҳу сифати таълим дар кишвар кам нест. Мутахассисон ва ҳам волидони зиёд аз вазъи маориф, аз ҷумла маоши ками муаллимону тарки соҳа кардани онҳо ва фасоду поин будани сатҳи дониши муҳассилин шикоят мекунанд. ​

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Фиристодагони Трамп ба Киев ва Маскав сафар мекунанд

Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, ду музокиракунандаи баландпояи ҳукумати Доналд Трамп.
Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, ду музокиракунандаи баландпояи ҳукумати Доналд Трамп.

Раисҷумҳури Украина мегӯяд, Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, ду музокиракунандаи баландпояи ҳукумати Доналд Трамп дар рӯзҳои оянда барои гуфтугӯ дар бораи ҷанги Украина ба Киев сафар хоҳанд кард ва қарор аст ҳамзамон музокироте низ дар Маскав дошта бошанд.

Хабаргузории давлатии Русия -- ТАСС рӯзи 4 сентябр ба нақл аз як манбаъ гузориш дод, ки сафари ин ду мақоми амрикоӣ ба Русия ва Украина мумкин аст рӯзҳои шанбе ва якшанбе анҷом шавад, ҳарчанд вақти дақиқи ин сафарҳо ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.

Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, Русия бо сафари онҳо ба Киев мухолиф аст ва талош мекунад барномаи ин сафарро тағйир диҳад.

Виткофф ва Кушнер дар моҳҳои ахир нақши аслиро дар талошҳои ҳукумати Трамп барои миёнҷигарӣ миёни Русия ва Украина бар ӯҳда доштаанд. Дар сурати анҷоми сафар ба Киев, ин нахустин сафари онҳо ба Украина дар ин чорчӯб хоҳад буд.

Онҳо пештар чанд бор бо мақомҳои Русия гуфтугӯ кардаанд ва охирин бор дар моҳи январ дар Маскав чаҳор соат бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор доштанд.

Бо гузашти чаҳоруним сол аз ҷанг, ҳанӯз ихтилофҳои амиқе байни Маскав ва Киев бар сари шартҳои поён додан ба он вуҷуд дорад.

Русия хостори вогузории бахшҳои бештаре аз хоки Украина аст, аммо Киев шартҳоеро, ки ба гуфтаи мақомоти Украина ба маънои таслим шудан бошад, рад мекунад.

Ҳамлаи Русия ба қароргоҳи Хадамоти амнияти Украина

Оташнишонҳо дар қароргоҳи Хадамоти амнияти Украина дар Киев, пас аз ҳамлаи паҳподии Русия, машғули кор ҳастанд. 4 сентябр, 2026.
Оташнишонҳо дар қароргоҳи Хадамоти амнияти Украина дар Киев, пас аз ҳамлаи паҳподии Русия, машғули кор ҳастанд. 4 сентябр, 2026.

Раисҷумҳури Украина рӯзи 4 сентябр хабар дод, ки як паҳподи русӣ ба қароргоҳи Хадамоти амнияти ин кишвар дар Киев бархӯрдааст.

Владимир Зеленский ваъда дод, ки Украина интиқоми ин ҳамларо хоҳад гирифт. Ӯ бо нашри ин хабар дар Телеграм навишт, "ин паҳпод мустақиман бинои дафтари раиси Хадамоти амниятро ҳадаф гирифтааст".

Раисҷумҳури Украина мегӯяд, ба нерӯҳои ин кишвар дастур додааст, ки "посухе муносиб" ба Русия бидиҳанд ва дар сурати имкон, вақте ҳама чиз омода шуд, вокунише нишон диҳанд, ки "монанди ин ҳамла" бошад.

Ҳамлаи Русия дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии пайвастаи ин кишвар алайҳи Украина дар даҳ рӯзи ахир рух додааст.

Аксҳо ва наворҳои видеоии нашршуда нишон медиҳад, ки пас аз ин ҳамла дуди сиёҳ ва ғализе дар маркази шаҳри Киев ба ҳаво бархост.

Шаҳрдори Киев эълон кард, ки дар ин ҳодиса дастикам ҳафт нафар захмӣ шудаанд. Ҳанӯз маълум нест оё аъзои Хадамоти амниятии Украина низ дар миёни захмиён ҳастанд ё на.

Ин ҳамла дар ҳоле рух дод, ки дар беш аз чаҳоруним соли ҷанг бо Русия, биноҳои давлатии Украина хеле кам ҳадафи ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакӣ қарор гирифтаанд.

Хадамоти амнияти Украина нақши муҳиме дар фаъолиятҳои ҷангии ин кишвар дорад ва амалиёти густурдаеро барои осеб задан ба мошини ҷангии Русия ва зерсохтҳои энержии он дунбол мекунад.

Хадамоти амнияти Украина дар солҳои ахир амалиётҳои ногаҳонӣ ва бепарвоёнаеро алайҳи Русия анҷом додааст, аз ҷумла, бамгузории пуле дар соли 2022, ки Русияро ба нимҷазираи Қрим мепайванд ва ҳамлаи паҳподии соли 2025 бо номи "Тори анкабут", ки бамафканҳои стратегии Русияро дар умқи он кишвар ҳадаф қарор дод.

Хадамоти амнияти Украина ҳамчунин яке аз бозигарони аслӣ дар маъракаи террори махфиёнаи мақомҳои баландпояи низомии Русия ва дигар шахсиятҳо шинохта мешавад, ки Украина онҳоро ба иртикоби "ҷиноятҳои ҷангӣ" муттаҳам кардааст.

Ба Алишер Мирзонабот баъди маргаш мукофоти давлатӣ доданд

Алишер Мирзонабот, раиси пешини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Алишер Мирзонабот, раиси пешини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Алишер Мирзонабот, собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанд моҳ пеш дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохта буд, бо фармони президенти Тоҷикистон бо орден ё нишони Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, қадрдонӣ шудааст.

Ин мукофоти давлатӣ рӯзи 4 сентябр тайи маросиме дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба падари Алишер Мирзонабот супурда шуд.

Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, яке аз мукофотҳои олии давлатии Тоҷикистон буда, шахсони масъули давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ ва шахсони дигар барои хизматҳои шоиста сарфароз гардонида мешаванд.

Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.

Пайкари Алишер Мирзонаботро рӯзи 30-юми июн, ёвару ронандаашро рӯзҳои 25-26-уми июн ва ҳамсараш Амина Амонуллоеваро 3 июл пайдо карда, ба хок супурданд.

Ҷасади Орифа, духтари дусолаи Алишер Мирзонабот, ҳанӯз пайдо нашудааст.

Нақби неругоҳ дар Непал ду нафарро аз марг наҷот дод

Ҷустуҷӯйи осебдидагони фоҷеа дар Непал
Ҷустуҷӯйи осебдидагони фоҷеа дар Непал

Баъди нӯҳ рӯзи фоҷеаи маргбори Непал субҳи 4 сентябр ду сокини ин кишварро аз як нақби нерӯгоҳи барқи обӣ пайдо карданд.

Ҳардуи онҳо бо чархболи низомӣ ба як беморхонаи шаҳри Катманду расонда шуданд.

Онҳоро нӯҳ рӯз баъди фоҷеа дар дохили як нақби гидроэнергетикие ёфтанд, ки дар дарёи Тришули ҷойгир мебошад. Рӯзи 26 август дар натиҷаи афтодани як пораи азими пирях ба кӯли маҳаллӣ дар Непал, обхезии азиме рух дод, ки бинову иморатҳо, роҳу мошину киштзорҳои зиёдро вайрон карду боиси марги садҳо нафар гардид.

Дафтари вазири энержии Непал Бираҷ Бхакта Шрестха дар изҳороте гуфт, ду коргари наҷотёфта аз дохили нақби “Тришулии боло” механикҳо Санҷай Сах ва Кабир Махарҷан мебошанд.

Мақомоти расмӣ ва наҷотбахшон гуфтанд, вақте яхпора дар болооби Тришули афтод, дар дохили нақбҳои шаш муассисаи гидроэнергетикӣ дарё на камтар аз 900 коргар банд монданд.

То ҳол марги 1252 нафар тасдиқ шудааст. Офати табиӣ хонаву кӯча, мактабу беморхонаҳои зиёдеро нобуд кард, ки дар сарҳад бо ноҳияи мухтори Тибети Чин ҷойгир мебошанд. То ҳол беш аз 4200 нафар бенишонанд ва ҳазорҳо нафар аз хонаву сарпаноҳ маҳрум шудаанд.

Тарҷума ва нашри "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ

Китоби "Тоҷикон", асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров, ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр шудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин асар ба муносибати 35-уми солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нашр гардид.

Китоби "Тоҷикон" аз ҷониби дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо Қаноатшо ба забони олмонӣ тарҷума ва мураттаб шуда, дар нашриёти олмонии "Ферлаг Восток Берлин", ба нашр расидааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд,"тарҷумаи олмонии китоби "Тоҷикон" доираҳои илмӣ ва маъхазҳои шарқшиносии кишварҳои Ғарбро боз ҳам ғанӣ гардонида, ба ташаккули афкори илмӣ нисбат ба таъриху тамаддуни тоҷикон ва дигар халкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард".

Китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ин қабл ба забонҳои англисӣ, арабӣ, туркӣ ва узбек низ нашр шуда буд.

СММ: Дар 3 сол 6 млн муҳоҷири афғон ба ватанашон бозгаштаанд

Муҳоҷирони афғон дар роҳи бозгашт аз Покистон ба кишварашон. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони афғон дар роҳи бозгашт аз Покистон ба кишварашон. Акс аз бойгонӣ.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки дар наздик ба се соли гузашта, шаш миллион муҳоҷири афғон ба кишварашон бозгаштаанд. Оморе, ки ба гуфтаи ин ниҳод, дар таърихи муосир бесобиқа аст.

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳанданон рӯзи 2 сентябр дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, "бозгашти муҳоҷирон бояд довталабона, амн ва боиззат бошад".

Ин ниҳод аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки Афғонистон ва муҳоҷирони афғонро фаромӯш накунанд.

Аз сӯи дигар, Вазорати умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон гуфтааст, ки ҳафтаи ҷорӣ наздик ба 400 муҳоҷири афғон аз зиндонҳои Покистон озод ва ба Афғонистон бозгардонида шудаанд.

Покистон ва Эрон дар се соли гузашта фишор бар муҳоҷирони афғонро афзоиш дода ва шуморе аз онҳоро аз кишварҳои худ берун карданд.

Тоҷикистон ҳам солҳои ахир даҳҳо муҳоҷири афғонистониро аз кишвар берун кардааст.

Даргирии нерӯҳои амниятӣ дар Киев. Зеленский "шармовар" хонд

Нерӯҳои интизомӣ дар маҳали даргирӣ миёни ду ниҳоди амниятии Украина дар Киев. 2 сентябр, 2026.
Нерӯҳои интизомӣ дар маҳали даргирӣ миёни ду ниҳоди амниятии Украина дар Киев. 2 сентябр, 2026.

Даргирии мусаллаҳона миёни ду ниҳоди аслии амниятии Украина дар Киев бо вокуниши Владимир Зеленский, раисҷумҳури ин кишвар, рӯбарӯ шуд.

Ин тирандозӣ рӯзи 2 сентябр дар яке аз минтақаҳои шаҳри Киев миёни нерӯҳои Хадамоти амнияти Украина (SBU) ва Созмони истихбороти низомии ин кишвар (HUR), рух дод.

Шоҳидони айнӣ аз дидани афроди захмӣ ва осори хун дар маҳал хабар додаанд. Ба гузориши Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ, ҷузъиёти дақиқи ҳодиса ҳанӯз рӯшан нест ва ду ниҳод ривоятҳои гуногун ироа кардаанд.

Хадамоти амнияти Украина ибтидо эълон кард, ҳамроҳ бо Созмони истихбороти низомӣ дар ҳоли пешгирӣ аз як "ҳамлаи террористӣ"-и Русия будааст, аммо баъд гуфт, гурӯҳе талош кардаанд монеи анҷоми амалиёти бозрасӣ шаванд.

Дар муқобил, яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи Созмони истихбороти низомӣ гуфт, кормандони Хадамоти амнияти Украина дар ҳоли боздошти нерӯҳои ин созмон буданд ва "бе ҳеч ҳушдор" ба сӯи онҳо тирандозӣ карданд.

Ба назар мерасад ин даргирӣ бо парвандаи боздошти Степан Каплунов, муовини фармондеҳи "Сипоҳи довталабони рус" рабт дошта бошад. Ин гурӯҳи ниманизомӣ аз сӯи Украина ҳимоят мешавад ва бо Созмони истихбороти низомии ин кишвар ҳамкорӣ дорад.

Зеленский ин ҳодисаро "комилан шармовар" хонд ва хостори "посухгӯӣ" шуд. Ӯ гуфт, танҳо касоне, ки нерӯҳои украинӣ бояд ба сӯи онҳо тирандозӣ кунанд, "ишғолгарони рус" ҳастанд.

Раисҷумҳури Украина ҳамчунин эълон кард, ки додситонӣ дар бораи ин даргирӣ таҳқиқ хоҳад кард.

Ҳалокати кӯҳнаварди шинохтаи амрикоӣ дар Тоҷикистон

Метт Доусони 47-сола ҳам ҷаҳонгард ва ҳам ризокори маъруф буд
Метт Доусони 47-сола ҳам ҷаҳонгард ва ҳам ризокори маъруф буд

Як кӯҳнаварди амрикоӣ ҳангоми фатҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ” дар Тоҷикистон аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расидааст.

Фоҷиа бо Метт Доусони 47-сола, ки ҳам ҷаҳонгард ва ҳам ризокори маъруф буд, рӯзи 15-уми август рух дод.

Пайвандонаш хабари марги ӯро рӯзи якуми сентябр дар Инстаграм нашр карданд.

Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи сеюми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Доусон дар баландии 5800 метр бо сабабҳои номаълум ба чуқурии тақрибан 70-80 метр афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Нозимиён афзуд, ин шаҳрванди Амрико ҳамроҳи нуздаҳ сайёҳи дигар тавассути ширкати “Қуллаҳои Тоҷик” ба онҷо рафта буд. Пайкарашро рӯзи 17-уми август ба Душанбе овардаанд.

Талоши Радиои Озодӣ барои фаҳмидани назари гурӯҳи сайёҳии “Қуллаҳои Тоҷик” натиҷа надод.

Маросими дафни Метт Доусон рӯзи 5-уми сентябр дар Лос-Анҷелеси Амрико баргузор хоҳад шуд. Хонаводааш дар паёме ӯро “як дӯст, бародар ва писаре” донистаанд, ки шиор дошт, “агар ҳаёти ту як зарра арзиш дорад, пас, ин дастоварди бузург аст”.

Нашрияи People навиштааст, Доусон варзишгари бисёрҷанба ва нотарс буд ва бо ҳадафи ҷалби пул барои саҳм гузоштан дар муолиҷаи склерози паҳлӯии амиотрофӣ ба фатҳи қуллаҳои “Исмоили Сомонӣ” рафта буд.

Қуллаи "Исмоили Сомонӣ" дар гузашта бо номи "Коммунизм" маъруф буд
Қуллаи "Исмоили Сомонӣ" дар гузашта бо номи "Коммунизм" маъруф буд

Ин иқтисоддон ва ризокори маъруф баъди аз даст додани модар ва дӯстдухтараш, 15 соли охир бештар бо варзишҳои навъи экстремалӣ машғул буд.

Вай инчунин ба саёҳати биёбону уқёнус рафтааст. Соли 2024 барои босуръат ва пиёда гузаштани биёбони Мохаве дар Калифорния ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Вай ин биёбонро дар 7 рӯзу 8 соату 45 дақиқа тай кард.

Соли 2018 барои кумаку дастгирии варзишгарон Бунёди Қуллаи Доусонро таъсис дод. Ба навиштаи нашрияи People, ӯ мехост тобистони имсол ба се қулла – Исмоили Сомонӣ, Озодӣ ва Манаслу – барояд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Кӯҳнаварди амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳалок шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Баъди ҳушдори Зеленский. Лағву таъхири чанд парвоз байни Русия ва Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 2-юми сентябр парвози ду ҳавопаймои ширкати "Ural Airlines" аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ва Челябински Русия ба Тоҷикистон бекор карда шудаанд.

Ҳамчунин, парвози як ҳавопаймои ширкати "Ural Airlines", ки бояд бегоҳи дувуми сентябр аз фурудгоҳи Душанбе ба Жуковскийи Маскав мерафт, лағв гардид.

Вебсайти фурудгоҳи Душанбе нишон медиҳад, ки ду ҳавопаймо бо таъхири тақрибан нимрӯза аз Русия ба Тоҷикистон расидаанд, аммо ҳанӯз парвози Душанбе-Жуковский сурат нагирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби таъхири тӯлонӣ ва сурат нагирифтани парвозҳоро шарҳ надодаанд.

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 2-юми сентябр ҳушдор дод, ки бо сабаби парвози дронҳо осмони Русия барои парвози ҳавопаймоҳои мусофиркаш дигар амн нахоҳад буд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ тибқи нақша давом мекунад.

Як манбаи огоҳ дар Фурудгоҳи Душанбе рӯзи 3-юми сентябр гуфт, дар ширкати "Сомон Эйр" ҳушдори Владимир Зеленскийро ҷиддӣ гирифтаанд.

Вай афзуд, "ҳанӯз қароре дар ин замина қабул нашудааст, аммо масъулони ширкати ҳавопаймоӣ гуфтаанд, то Русия кафолати парвози бехатар надиҳад, набояд ба шаҳрҳои ин кишвар парвоз анҷом дод."

Дар сомонаи Фурудгоҳи Душанбе дида мешавад, ки ширкати "Сомон Эйр" дар як шабонарӯзи охир аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс 13 парвоз анҷом додааст.

Таъхири парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс дар ду соли охир борҳо сабт шудааст.

Баъди он ки мақомоти Украина гуфтаанд, ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакиро ба Русия афзоиш хоҳанд дод, шуморе аз парвозҳо аз Узбекистон ба Русия низ бекор шудаанд. Мақомоти он кишвар ин тасмимро ба вазъи амниятӣ дар фазои Русия бастагӣ медиҳанд.

Афви як милисаи дигар, ки дар марги сокини Кӯлоб гумонзад буд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як милисаи дигарро, ки дар марги Мақсудҷон Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, гумонзад буд, аммо аз тафтишот пинҳон мегашт, афв кардаанд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Сайриддин Файзуллоев, корманди пешини Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино дар пойтахт ҳоло дар озодист.

Аз ин пеш панҷ ҳамкори ӯ бо айни иттиҳом дастгир ва се нафар аз 5 то 13 сол ба зиндон маҳкум шуда, дуи дигар бар асоси қонуни афв озод шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми онҳоро рӯзи 28-уми июл эълон кард.

Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми сентябр бе зикри номаш гуфт, волидони Сайриддин Файзуллоев аз Назарбӣ Саидова, модари Мақсудҷон Саидов, хостаанд, то зидди писарашон шикоят накунад ва аз даъвояш даст кашад. Мусоҳиби мо дар бораи гуё “харидани як манзили сеҳуҷраӣ ба хонаводаи Мақсудҷон Саидов” хабар дод, вале тасдиқи он аз манбаъҳои дигар феълан имконпазир нест.

"Назарбӣ Саидова, сокини маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, бо пешниҳоди волидони Файзуллоев розӣ шуда, ба Додситонии ноҳияи Сино барои даъво надоштанаш ариза пешниҳод намудааст. Бо назардошти ин ариза, парванда қатъ ва ӯ бар асоси Қонуни афв аз ҷавобгарӣ раҳо шудааст,” – афзуд манбаъ.

Ҷузъиёти гуфтушунид ва муомилаи наздикони Сайриддин Файзуллоев бо хонаводаи Мақсудҷон Саидов маълум нест. Талоши мо барои гирифтани ҳарду ҷониб то ин дам бенатиҷа буд.

Мақсудҷон Саидов рӯзи 8-уми январи соли 2026 бо гумони паҳн ва фурӯши “кристал”, як навъ маводи мухаддир, дастгир, аммо дертар дар шароити мармуз даргузашт.

Мақомот аз наздиконаш хостаанд, ки пайкари ӯро зуд дафн кунанд ва ҳамин маврид шубҳаро дар бораи табиӣ будани марги ӯ бештар кардааст.

Пайвандони Мақсудҷон Саидов ҳеч гоҳ дар бораи қазияи ӯ бо расонаҳо суҳбат накардаанд. Чанде аз дӯстони Мақсудҷон дар суҳбати пешинаи телефонӣ гуфта буданд, ки дар баданаш “осори шиканҷа дида мешуд” ва гуё “ангуштони пою дасташ сӯхта буданд”.

Истифода аз шиканҷа барои “эътирофи гуноҳ” дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2021 то нимсолаи аввали соли 2025 аз сокинон дар бораи шиканҷа 83 шикоят гирифт, ки тақрибан навад дарсади шикоятҳо нисбат ба маъмурони милиса аст.

Пешниҳоди Трамп: Тангаи Ҳурмуз "тангаи Трамп" номгузорӣ шавад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 2-юми сентябр ба таври ғайримустақим пешниҳод кард, номи тангаи Ҳурмуз ба "тангаи Трамп" тағйир кунад ва бори дигар гуфт, ки ин оброҳа акнун зери назорати Иёлоти Муттаҳида қарор дорад.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, "ҳоло, ки онро зери назорати Амрико дорем, оё бояд номи тангаи Ҳурмузро ба тангаи Трамп тағйир диҳем?"

Трамп дар идома бо ишора ба номи худ афзуд, ин танга "мисли худи Амрико гармтар аз ҳамеша хоҳад буд".

Раисҷумҳури Амрико пештар чанд бор гуфта буд, ки ният дорад ин оброҳаи стратегиро бахше аз қаламрави Иёлоти Муттаҳида эълон кунад.

Изҳороти Трамп дар бораи тангаи Ҳурмуз як рӯз пас аз он нашр мешавад, ки нерӯҳои амрикоӣ ҳамлаҳои наверо дар дохили Эрон анҷом доданд.

Эрон ҳам дар вокуниш пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Баҳрайн, Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳадаф қарор дод.

Олмон консулгарии Русияро дар Бонн мебандад

Фурудгоҳи Лейпсиг дар ҳамлу нақли таҷҳизоти низомии Олмон ва НАТО нақши калидӣ дорад ва пойгоҳе барои ҳавопаймоҳои "Антонов"-и Украина аст
Фурудгоҳи Лейпсиг дар ҳамлу нақли таҷҳизоти низомии Олмон ва НАТО нақши калидӣ дорад ва пойгоҳе барои ҳавопаймоҳои "Антонов"-и Украина аст

Ҳукумати Олмон Русияро ба даст доштан дар "ҳамла"-и номуваффақ бо истифода аз як паҳподи ҳомили маводи тарканда дар моҳи август ба фурудгоҳи стратегӣ дар Лейпсиг муттаҳам кард.

Вазири корҳои хориҷии Олмон гуфтааст, Берлин то поёни моҳи сентябр консулгарии Русияро дар Бонн мебандад ва қарордодро бо Маркази фарҳангии "Хонаи Русия" дар Берлин бекор хоҳад кард.

Вай афзудааст, Олмон назорати вуруди шаҳрвандони Русияро ба ин кишвар сахттар хоҳад кард ва аз Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки русҳои бештарро ба феҳристи таҳримҳои худ изофа кунад.

Вазорати умури хориҷии Олмон ҳамчунин сафири Русияро дар Берлин даъват кардааст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, иқдомоти ахири Олмонро "иштибоҳи ҷиддии дигар" хондааст.

Фурудгоҳи Лейпсиг дар ҳамлу нақли таҷҳизоти низомии Олмон ва НАТО нақши калидӣ дорад ва пойгоҳе барои ҳавопаймоҳои "Антонов"-и Украина аст.

Ҳамлаи Русия ба чанд хонаву мактабу фурӯшгоҳ дар Одесса

Одесса
Одесса

Нерӯҳои Русия шаби 2-юми сентябр ба Одесса дар Украина зарбаҳои сахт задаанд.

Дастикам ҳашт нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсола, захмӣ шуда, ду тан дар шифохона бистарӣ ҳастанд.

Олег Кипер, раиси вилояти Одесса, гуфт, Русия зербунёдҳои иҷтимоӣ ва энергетикиро нишон гирифт.

Вай афзуд, дар ин ҳамлаҳо чанд хонаву мошин ва мактабу анбору фурӯшгоҳ осеб дида, баъзе аз хонандагон ба таҳсили онлайн гузаштанд.

Нархи ҷаҳонии нафт панҷ дарсад боло рафт

Гулӯгоҳи Ҳурмуз
Гулӯгоҳи Ҳурмуз

Дар пайи ҳамлаҳои дигарбораи Амрико ба Эрон, нархи ҷаҳонии нафт панҷ дарсад афзоиш ёфт.

Арзиши ҳар бушка нафти "брент" ба 94,5 доллар расид ва қимати нафти хоми West Texas Intermediate ҳам аз марзи 90 доллар бар сари ҳар бушка гузашт.

Афзоиши қимати нафт дар ду рӯзи охир бо боло гирифтани танишҳо миёни Эрон ва Амрико ва ҳамлаҳо ба чанд туфангкаш дар гулӯгоҳи Ҳурмуз шиддат гирифтааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, дар ҳоли "ба даст гирифтани зимоми умур" дар Ҳурмуз аст ва ҳар шаб "30 киштӣ" аз ин оброҳа мегузаранд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон, бори дигар мавзеи Теҳронро дар бораи гулӯгоҳи Ҳурмуз такрор кард ва гуфт, “иҷозаи убур аз масири ҷанубии тангаро нахоҳем дод.”

Раёсати давраии СҲШ ба Покистон гузашт

Ҳамоиши сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек. 1-уми сентябри 2026
Ҳамоиши сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек. 1-уми сентябри 2026

Раёсати давраии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Покистон гузаштааст.

Тибқи гузоришҳо, Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, ки мизбони нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой буд, рӯзи якуми сентябр ба Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон орзуи муваффақият кард.

Покистон дар соли 2017 узви комили Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шуд ва пойтахти он, Исломобод, дар соли 2027 мизбони нишасти баъдии сарони ин созмон хоҳад буд.

Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ҳинд, Покистон, Эрон ва Беларус 10 узви ин созмон ва Афғонистону Муғулистон кишварҳои нозир ҳастанд.

Ба нишасти имсолаи сарони ин созмон, намояндае аз Афғонистони зери назорати "Толибон" даъват нашуда буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG