Дар чанд ҷумла
Писари дувуми Толиб Айёмбеков ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст
Ҳасаналӣ Абдураҳмонов, писари дуюми Толиб Аёмбеков, фармондеҳи собиқ ва аз афроди бонуфуз дар Бадахшон, ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст. Мақомот ҳукми писари Аёмбековро ҳанӯз шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-сола ба авбошӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, ҳамчунин ба узвият дар гуруҳи ҷиноятӣ, гунаҳкор дониста шудааст. Ҳасаналӣ Абдураҳмонов ҳамроҳ бародари калониаш Ғуломалӣ рӯзи 23-юми июл дастгир шуда буд. Ӯ дар додгоҳ иттиҳоми эълоншударо қабул накардааст.
Дастикам ду манбаии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳи ВМКБ рӯзи 5 августи соли 2022 Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писари калонии Толиб Аёмбековро ҳамроҳ бо Хайримамад Дӯстмамадов ва Аслан Гулобов, сокинони шаҳри Хоруғ ба ҳабси умрбод маҳкум кардааст.
Худи Толиб Айёмбеков рӯзи 11-уми июни имсол дар Хоруғ дастгир шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва барангехтани кинаву адоват гумонбар донистааст. Аз он замон то ҳоло назари наздиконаш маълум нест.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Тирпаронӣ ба сӯи ду узви Горди миллии Амрико. Гумонбар боздошт шудааст
Ду нерӯи Горди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Вашингтон тир хӯрдаанд.
Мақомдорони амрикоӣ ва ҳамчунин расонаҳо гузориш доданд, ки ҳодиса 26-уми ноябр дар маркази Вашингтон ва каме дуртар аз Кохи Сафед рух додааст.
Расонаҳо навиштанд, вазъи ду узви Горди миллии ИМА вазнин аст. Сабабҳои оташ кушодан ба сӯи неруҳои Горди миллӣ таҳқиқ мешаванд.
Ба гузориши Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, маъмурони FBI ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролӣ таҳқиқоти густурдаеро барои маълум кардани сабабҳои ҳамларо оғоз кардааст.
Вазорати амнияти дохилии Амрико эълон кард, ки дар робита ба ин ҳодиса як гумонбар боздошт шудааст. Аз ӯ Раҳмонуллоҳ Лаканвол, шаҳрванди 29-солаи Афғонистон ном бурдаанд. Гумонбар дар ҷараёни оташи ҷавобӣ захмӣ ва пасон боздошт шудааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пас аз эълони шаҳрванди Афғонистон будани ҳамлавар гуфт, парвандаи тамоми афғонистониҳое, ки дар давраи маъмурияти Ҷо Байден вориди Амрико шудаанд, аз нав баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳангоми рух додани ҳамла раиси ҷумҳури Амрико дар иқоматгоҳи худ дар аёлати Флорида қарор дошт. Доналд Трамп шоми чоршанбеи 27-уми ноябр дар паёми видеоӣ ин ҳамларо "иқдомоти шарурона аз сари нафрат ва террор” хонд.
Дертар Хадамоти шаҳрвандон ва муҳоҷирати ИМА ҳам эълом кард, ки баррасии дархости муҳоҷирони афғонистониро “то иттилои баъдӣ” мутаваққиф кардааст.
Ба гуфтаи Вазорати амнияти дохилии ИМА, Раҳмонуллоҳ Лаканвол соли 2021 бо барномаи “амалиёти хушомади муттаҳидон” вориди Амрико шуд. Ин тарҳ дар давраи маъмурияти Ҷо Байден иҷро шуд ва бар асоси он он шаҳрвандони Афғонистон, ки ба неруҳои амрикоӣ кумак кардаанд, ба ИМА интиқол ёфтанд.
Шабакаи CBS ба нақл аз яке аз бастагони ҳамлавар гузориш додааст, ки Раҳмонуллоҳ Лаканвол даҳ сол дар артиши Афғонистон хидмат кард ва муддате дар Қандаҳор дар канори неруҳои амрикоӣ будааст.
Як мақоми давлати Трамп ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, Раҳмонуллоҳ Лаканвол моҳи декабри соли 2022 паноҳандагӣ талаб кард ва дархосташ моҳи апрели имсол қонеъ шуда буд.
Дар пайи ин ҳамла Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико эълом кард, ки бо дастури Доналд Трамп 500 нерӯи Горди миллӣ ба Вашингтон фиристода шуданд, то ба ҳазор сарбози мустақар дар пойтахти Амрико кумак кунанд.
Фиристодаи вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба Маскав меравад
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълом кард, ки фиристодаи вижаи худ Стив Виткофро барои гуфтугӯ дар бораи сулҳи Украина ба Маскав мефиристад.
Трамп рӯзи 25-уми ноябр дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, "тарҳи пешакии сулҳ иборат аз 28 банд, ки аз сӯи Амрико таҳия шуда буд, бо ширкати ду тараф ислоҳ шуд ва танҳо чанд мавриди ихтилофӣ боқӣ мондааст".
Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфт, бо дастури ӯ Стив Виткоф бо Владимир Путин, президенти Русия ва Дэнил Дрискул, вазири артиш бо мақомоти Украина гуфтугӯ мекунанд.
Ин гуфтугӯҳо дар ҳоле анҷом мешаванд, ки Русия шаби 25-уми ноябр бори дигар шаҳри Киев, пойтахти Украинаро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод. Дар ин ҳамлаҳо дастикам 6 нафар кушта ва 13 каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Рӯзи 20-уми ноябр Амрико нусхаи тарҳи сулҳи ин кишвар барои поёни ҷанг дар Украинаро дар ихтиёри Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гузошт. Ин тарҳ аз 28 банд иборат аст.
Бар асоси ин тарҳ, Украина аз баҳри як қисми қаламраваш мегузарад, аз тасмимаш барои пайвастан ба НАТО пурра даст мекашад ва артишашро камтар мекунад. Мақомоти амрикоӣ ва украинӣ баъди дидор дар шаҳри Женева гуфтанд, баъзе бандҳои тарҳи сулҳро ислоҳ кардаанд, аммо ҷузъиёташ маълум нест.
Ҷазо барои дуздии барқ дар Тоҷикистон сахттар мешавад
Дар Тоҷикистон ҷазо барои истифодаи ғайриқонуни барқ, аз ҷумла барои истеҳсоли асъори рақамӣ ё криптовалюта пурзӯр мешавад. Ин лоиҳаи қонун рӯзи 25-уми ноябр дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шудааст. Ҷузъиёти аз ин бештар маълум нест.
Мақомот танҳо гуфтаанд, тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ баррасӣ шудааст.
Криптовалюта ё асъори рақамӣ дар Тоҷикистон расман эътироф нашудааст, чун ба гуфтаи мақомот, додугирифт тариқи ин асъори маҷозӣ ба таври ниҳонӣ ва ё анонимӣ сурат мегирад ва назорати лозим аз болои он вуҷуд надорад.
Мақомоти Тоҷикистон имсол аз ошкор шудани чандин майнин-фермаҳо ё коргоҳҳои тавлиди асъори рақамӣ хабар доданд.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон моҳи августи имсол гуфт, соҳибони ин дастгоҳҳои пулсозии рақамӣ ба миқдори қариб 39 миллион сомонӣ барқро "пинҳонӣ истифода бурдаанд". Пеш аз он Бахтиёр Нозимзода, додситони шаҳри Хуҷанд ҳам аз ошкор шудани чандин коргоҳҳои тавлиди асъори рақамӣ ё “майнинг-ферма”-ҳо хабар дода буд.
Эмомалӣ Раҳмон барномаи ҳукуматро барои соли оянда эълон мекунад
Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми декабр ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи порлумонро даъват кардааст.
Дар хабари расмӣ сабаби даъвати ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон зикр нашудааст. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр паёми солонаи худро ба порлумон ва мардуми Тоҷикистон ироа мекунад.
Қарор аст президент аз кори ҳукумат дар соли гузашта натиҷагирӣ карда ва барномаашро барои соли оянда эълон мекунад. Ҷузъиёти бештар дар бораи паёми имсолаи президент ва мавзуъҳои калидии он маълум нест.
Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад. Маъмулан дар пайи паём телевизионҳои расмӣ рӯзҳо ин мавзуъро инъикос карда, гурӯҳҳои вижа барои фаҳмондани нуктаҳои он таъсис дода мешаванд.
Мухолифони ҳукумат ин рафтори мақомот, бахусус мадҳу санои зиёд аз паёми президентро танқид мекунанд.
Дар нуҳ моҳ дуздии 272 млн киловат барқ ошкор шудааст
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, давоми нуҳ моҳи соли равон дар кишвар 272 миллион киловат соат изофанависии барқ ошкор шудааст. Маблағи барзиёд ҳисоб кардани барқ қариб 93 миллион сомонӣ ё 10 миллион доллар эълон шуд.
Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика, ниҳоди навтаъсис дар ин бахш мегӯяд, дар нуҳ моҳ 2768 парвандаи маъмурӣ барои қонуншиканӣ дар самти таъмини барқ тартиб додаанд. Аммо мақомот дар ин бора ҷузъиёт надодаанд ва маълум нест, ки чанд кас барои дуздии барқ ҷазо гирифтанд.
Шуруъ аз моҳи марти имсол мақомоти Тоҷикистон мубориза бо дуздии барқро сахттар карданд. Аз ҷумла ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид шуд, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Вале бо вуҷуди сахтар шудани ҷазо барои дуздии барқ имсол маҳдудият ё "лимит"-и барқ дар кишвар сахтар шуд. Сокинони минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки шабонарӯз то 3-4 соат барқ доранд. Соли гузашта ба сокинони рустоҳо то 8 соат барқ медоданд.
Мақомот камчинии об дар обанбори Норакро сабаби кам шудани тавлиди барқ медонанд, аммо бархеҳо ба он шубҳа доранд.
Назорати фарзандони муҳоҷирон дар Русия ба ихтиёри ВКД мегузарад
Вазорати маорифи Русия хабар дод, ки қоидаҳои супурдани иттилоъро дар бораи фарзандони хориҷиён ба Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ кардааст ва ин бешак тарсу бими муҳоҷиронро аз таъқиб афзоиш медиҳад.
Вазорат рӯзи 26-уми ноябр бо нашри баёния дар вебсайти худ гуфтааст, ба мақомоти интизомӣ супурдани иттилоъ дар бораи бачаҳои муҳоҷирон имкон медиҳад, ки маълум кунанд, чӣ қадар аз фарзандони муҳоҷирон дарс намехонанд ё берун аз мактаб ҳастанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳадафи аслиро зери назорати сахттар гирифтани хориҷиён ва бахусус фарзандони муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, медонанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Вакилони мардумии Русия имсол қонунеро қабул карданд, ки Вазорати маорифро вазифадор мекунад, ҳамаи иттилои лозимро дар бораи фарзандони муҳоҷирон ба Вазорати корҳои дохилӣ супорад. Ба қавли худи вакилони рус, ҳадафи қонун гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия аст.
Вазорати маориф гуфтааст, ки қонуни мазкур аз рӯзи 28-уми январ ҳукми иҷро мегирад ва бар асоси он Вазорати умури дохилӣ ба онҳо дар бораи сабтиноми хориҷиён дар маҳалли зисташон маълумот мефиристад. Вазорат ҳам бар асоси он бачаҳои муҳоҷиронро ба мактаб қабул мекунад ва агар муҳоҷир аз ҳаққи иқомат маҳрум шуд, фарзандашро ҳам аз мактаб ҷавоб медиҳанд.
Дар иваз Вазорати маориф бояд ба шуъбаҳои умури дохилӣ бояд дар бораи муроҷиати ягон муҳоҷир барои қабули фарзандаш ба мактаб, иттилоъ дар бораи ӯ, натиҷаҳои имтиҳонаш аз забони русӣ ва ё ба мактаб қабул шудан, ё хориҷ шудани онҳо хабар бидиҳад.
Вақти қабули ин қонун дар Думаи давлатӣ яке аз вакилон гуфт, ҳеч яке аз фарзандони муҳоҷиронро набояд бепул ба мактаб қабул кунанд, ҳатто агар ҳузурашон қонунӣ ҳам бошад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ он замон вакилонро танқид карданд, ки вақтҳои охир дар Русия фақат қонунҳо дар бораи муҳоҷирон қабул мешавад, гуё дар Русия ба ғайр аз муҳоҷирон ягон масъалаи ҳалталабе нест.
Ермак: Зеленский мехоҳад, "ҳарчи зудтар" бо Трамп мулоқот кунад
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, омода аст, бо президенти Амрико Доналд Трамп ҳарчи зудтар мулоқот ва нақшаи сулҳро имзо кунад.
Дар ин бора роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Украина, Андрей Ермак, дар мусоҳиба бо Axios изҳор дошт.
Ба гуфтаи Ермак, мулоқот метавонад 27-уми ноябр, дар Рӯзи Шукргузорӣ дар Иёлоти Муттаҳида, баргузор шавад.
Масъалаи асосие, ки Зеленский ва Трамп бояд баррасӣ кунанд, бештар ба қаламрав дахл дорад.
Вашингтон ҳам изҳор дошт, ки "чанд ҷузъиёти нозук" бояд ҳал карда шаванд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар маросиме пеш аз Рӯзи Шукргузорӣ изҳор дошт, ки Русия ва Украина ба созиш барои ҳалли низои низомӣ наздиканд.
Кир Стармер, нахуствазири Бритониё, эълон кард, ки Зеленский ҳангоми суҳбати видеоӣ бо аксар нуктаҳои тарҳи сулҳи Трамп розӣ шудааст.
Вай гуфт, ҳампаймонҳои аврупоии Украина тасмим гирифтаанд, нақшаи сулҳи худро пеш набаранд, балки ба ислоҳи ташаббуси маъмурияти президенти Амрико тамаркуз кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Қирғизистон рафтааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 26-уми ноябр бо сафари корӣ ба Қирғизистон рафтааст.
Дафтари матбуоти президент навишт, ки ӯ дар ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ ширкат хоҳад кард.
Нишаст рӯзи 27-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад. Тибқи иттилои вебсайти СПАД, дар ҷаласа тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Интизор меравад, дар нишаст раҳбарони Русия, Беларус ва Қазоқистон низ иштирок кунанд.
СПАД як созмони ҳарбии минтақаии зери нуфузи Русия аст, ки бо иштироки ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ таъсис шуд, вале дар солҳои баъдӣ аз узвияти он чандин кишвар, аз ҷумла Узбекистону Гурҷистон берун шуданд.
Ҳабси се нафар бо иттиҳоми "ғасби қудрат" дар Қирғизистон
Додгоҳе дар шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, се нафарро бо гумони "ғасби қудрат бо зӯр" муваққатан, то нимаи моҳи январи соли 2026, ба ҳабс гирифтааст.
Онҳо – Темирлан Султонбек, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ; Қодирбек Отамбоев, писари президенти пешин Алмосбек Отамбоев ва Кубаничбек Қодиров, вакили собиқи порлумон, ҳастанд.
Дар сурати исботи иттиҳом ба ин афрод аз даҳ то понздаҳ сол зиндон бо мусодираи амвол таҳдид мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 22-юми ноябр дар бораи боздошти даҳ нафар хабар дода, ҳамаашонро ба "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" муттаҳам карда буд. Ҳоло иттиҳоми се нафари онҳо ба "ғасби қудрат бо зӯр" иваз шудааст.
Вазорат ҳамон рӯз гуфт, ки аз хонаи гумонзадҳо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, норинҷак, дастгоҳи иртибототӣ, 150 ҳазору доллар ва маводи мухаддир ёфтаву мусодира кардааст.
Гумонзадҳоро барои тарҳрезии ташкили нооромиҳо дар Қирғизистон пас аз интихоботи порлумонӣ айбдор медонанд.
Боздоштшудагон ва хешовандони онҳо иттиҳомҳоро рад мекунанд.
Афзоиши содироти орду гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон
Воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар додааст.
Оҷонси иттилооти давлатиии Қазоқистон аз қавли вазорати кишоварзии Қазоқистон навиштааст, ки дар назар аст содироти орд ба Тоҷикистон чаҳор маротиба афзоиш ёбад.
Корхонаҳои коркарди орд дар Тоҷикистон асосан аз гандуми воридотии Қазоқистон истифода мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, солона ба Тоҷикистон наздик ба як миллион тонна гандум ворид мешавад, ки беш аз 99 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд.
Вокуниши Кумитаи андози Тоҷикистон ба як гузориши Радиои Озодӣ
Кумитаи андоз ба як гузориши Радиои Озодӣ аз 11-уми ноябри имсол дар бораи қатъи кори ҳазорҳо ширкату соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон вокуниш кард.
Дар гузориш бо такя ба маълумоти Оҷонси омор гуфта шуда буд, ки аз 810 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ зиёда аз 400 ҳазори онҳо корро бас карда ва ё аз байн рафтаанд.
Дафтари матбуоти Кумитаи андоз дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ “то якуми ноябр 378,4 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ вуҷуд доранд” ва ин рақам “нисбат ба аввали сол 13,2 ҳазор маврид зиёд аст”.
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 25-уми октябри имсол навишт, “то 1-уми октябр тариқи “Равзанаи ягона” дар тамоми ҷумҳурӣ 810,7 ҳазор субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст ва аз ин 59,8 ҳазор шахси хуқуқӣ ва 750,9 ҳазор соҳибкори инфиродӣ мебошанд.”
Рӯшан нест, омори кадоме дуруст аст.
Масъулони Кумитаи андоз дар номаи худ ба Радиои Озодӣ аслан нагуфтаанд, ки чӣ теъдод аз ширкату соҳибкорон аз байн рафтанд ё фаъолияти худро қатъ карданд. Ба ҷойи ин, гӯшзад кардаанд, ки тайи солҳои охир қонунгузориро беҳтар ва сабтиноми ширкату соҳибкоронро осон намудаанд.
Аз 10-уми январи имсол санҷиши соҳибкорон дар Тоҷикистон ба муҳлати ду сол (ба ҷуз мақомоти андоз) манъ шудааст.
Дар гузашта низ мақомот борҳо аз пешниҳоди имтиёзу сабукӣ ба соҳибкорон хабар додаанд, вале соҳибкорон баҳраҳои баланди бонкӣ, вуҷуди фасоди молӣ, набудани шаффофияту рақобати солим, инҳисор ё монополияи соҳаҳои сердаромад ва молиёти баландро аз мушкилоту монеаҳо номбар мекунанд.
Баъзе афроди шинохта бо Дҳармендра Деол видоъ кардаанд
Дҳармендра Деол, ҳунарманди саршиноси Ҳиндустон, ки камаш дар 300 филм, аз ҷумла "Алибобо ва 40 роҳзан", нақши қаҳрамонӣ бозидааст, даргузашт. "Алибобо ва 40 роҳзан"-ро дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Ҳиндустон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба навор гирифтаанд.
Наздикони Дҳармендра маросими ҷамъиятии видоъ бо ҳунармандро ташкил накарданд. Вале афроди шинохта ба мисли ситораи синамо Амиттабҳ Баччан рӯзи 24-уми ноябр дар маҳаллаи Ҷуҳуи шаҳри Мумбай бо ӯ видоъ намуданд.
Дҳармендра соли 1935 дар Панҷоб ба дунё омада, баъди пирӯзиаш дар як озмуни синамои ҷавонон дар соли 1960 ба Мумбай кӯчид ва тӯли шаст соли гузашта дар садҳо филми маъруфи ҳиндӣ нақши қаҳрамони мусбат, ҷавони ошиқ, инсони хуб ва ҳатто нақшҳои ҳаҷвиро иҷро кардааст.
Соли 1975 Дҳармендра дар филми "Шулай", ки дар Тоҷикистон бо номи "Қасос ва Қонун" маъруф аст, ҳамроҳи Амитабҳ Баччан нақши ду дӯсти ҳақиқатҷӯйро бозидаанд. Ин филм ҳамчун намунаи фарҳанги ҳиндӣ эътироф шудааст.
Ҳамсари аввали Дҳармендра Пракаш Каур мебошад. Онҳо қабл аз шуҳратёбии Дҳармендра издивоҷ карда буданд. Дар соли 1980 Дҳармендра бидуни талоқи ҳамсараш бори дуюм ва ин дафъа бо Ҳема Малинӣ издивоҷ кард.
Дҳармендра дар солҳои 2004-2009-ум вакили мардумӣ ҳам будааст. Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба аҳли оила ва наздикони Дҳармандра ҳамдардӣ иброз дошт.
Шахси наздик ба духтари Мирзиёев намояндаи хос дар Вашингтон шуд
Комил Алламҷонов, яке аз шахсони наздик ба Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Узбекистон, дар сафорати ин кишвар дар Вашингтон намояндаи хос таъйин шудааст. Ӯ маъмурияти президенти Узбекистонро дар Иёлоти Муттаҳида намояндагӣ хоҳад кард.
Фармонро дар ин бора Саида Мирзиёева, раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати Узбекистон ва духтари президент Шавкат Мирзиёев, рӯзи 24-уми ноябр имзо гузоштааст.
Алламҷонов дар моҳи сентябри имсол мушовири вижаи барномаи омӯзиши Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дар Иёлоти Муттаҳида таъйин шуд.
Ӯ ҳамзамон ба ҳайси мушовири мустақили роҳбари маъмурияти президенти Узбекистон кор хоҳад кард. Ба ин мақом дар моҳи июни имсол таъйин шуда буд.
Намояндаи хоси маъмурияти президенти Узбекистон дар Вашингтон баррасиву татбиқи тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кори Шӯрои тиҷорат ва сармоягузории Амрико-Узбекистонро бар уҳда хоҳад дошт.
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Русия ба Киев ба 6 нафар расидааст
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ба шаш нафар расидааст.
Бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ навишт, ки ҳамла шаби 24 ба 25-уми ноябр сурат гирифт.
Тимур Ткаченко, раиси маъмурияти низомии Киев, дар саҳифааш дар Telegram навишт, дар ноҳияи Святошинский чор кас кушта шуданд.
Қаблан дар бораи марги ду нафар, аз ҷумла як зани 86-сола, дар ноҳияи Днепровский гузориш расида буд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, дар бораи бистарӣ шудани нуҳ нафар, аз ҷумла як кӯдак ва се калонсол хабар дод.
Ба гуфтаи шаҳрдор, эҳтимол баъзе аз одамон дар зери вайронаҳои як бинои харобшуда дар ноҳияи Святошинский монда бошанд.
Мақомот аз қатъи нерӯи барқ ва об дар баъзе аз гӯшаҳои Киев хабар доданд.
Ҷаласаи СПАД. Маҳдудияти равуо дар баъзе аз гӯшаҳои Қирғизистон
Дар пайванд ба нишасти Шӯрои амнияти ОДКБ ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, аз 25 то 27-уми ноябр дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуйи Қирғизистон равуои мошинҳоро маҳдуд мекунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъ додааст.
Вазорат аз ронандагон хостааст, мошинҳои худро дар канори роҳҳо нагузоранд, аз истифодаи мошинҳои борбари гаронвазн худдорӣ кунанд ва дастурҳои нозирони роҳро иҷро намоянд.
Ба ҷуз ин, мактабҳои миёнаи Бишкек аз 25-уми ноябр то 1-уми декабр ба таълими онлайн мегузаранд. Мактабҳои олии пойтахти Қирғизистон низ аз 25 то 27-уми ноябр ба таври маҷозӣ ё онлайн кор хоҳанд кард.
Нишасти асосии Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 27-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад. Тибқи иттилои вебсайти созмон, дар ҷаласа тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Интизор меравад, дар нишаст раҳбарони Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок кунанд.