Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пулро надиҳам гуфта, бачаамро 16 корд зада куштааст" ВИДЕО


Акс аз барномаи телевизионии вазорати умури дохилии Тоҷикистон аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти қатли ҷавони 23-солаеро нишон дод, ки дӯсташ ва писари як паҳлавони маъруфи тоҷикро дар куштани у муттаҳам кардаанд.

Дар барномаи вазорат, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон рӯзи 17-уми август намоиш дод, Саидаҳмад Раҳимов, писари Саидмуъмин Раҳимов, қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар соли 1975-ро омили қатли Муҳаммадҷовиди Зокирзода номиданд.

Дар ин барнома, ҷавони муттаҳам ба ҷиноят, ки дар дастонаш завлона дорад, нақл мекунад, ки чӣ гуна дӯсташро бо зарби чандин корд дар як ҷойи дур аз чашми мардум куштааст. Ӯ дар ҳузури кормандони зиёди мақомоти интизомӣ ва афроде суҳбат мекунад, ки либоси ғайринизомӣ доранд ва маълум нест, вакили дифоаш онҷо ҳузур дорад, ё не.

Дар гузориши вазорат сабаби моҷарои ду ҷавон ва қатлро муомилоти молии байни ду тараф меноманд. Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммадҷовид, рӯзи 16-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷавони боздоштшуда аз писари ӯ 35 ҳазор сомонӣ қарздор будааст ва бояд бар асоси қонун ҷазо гирад ва пулро ҳам баргардонад.

Модар мегӯяд, писари ҷаҳонпаҳлавон фарзандашро кушт то қарзро барнагардонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Дар вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ҳодиса 5-уми август дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ рух додааст. Ба иттилои ин ниҳод, ҷиноят дар заминаи қарз рух додааст ва парвандаро додситонӣ тафтиш мекунад. Хонаводаи ҷавони фавтида аз ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб хоҳони шарҳи бештари мақомот дар бораи марги ӯ аст.

Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммаҷовид мегӯяд: "Ҳамон рӯзе, ки мурдаи писарамро оварданд, соати 1 ё 2 бачаи ман билет дошт, бояд мерафт Туркия. Хайрухуш кард. Ба рафиқаш, ки ҳамсинф низ ҳастанд, гуфт, пулро дода наметавонистӣ, мегуфтӣ наметавонам. Рафиқаш ваъда дод, ки медиҳам, рафтем хонаи хусурам. Пулро надиҳам гуфта, бачаамро 16 корд зада куштааст"-афзуд, Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммадҷовид.

Муҳаммадҷовид ба тиҷорати мол аз Туркия машғул будааст. Модари ин ҷавон гуфт, бо гузашти қариб ду ҳафта аз марги писараш аз хонаводаи Сайидмуъмин Раҳимов касе назди онҳо барои ҳамдардӣ ё узрхоҳӣ наомадааст. Ӯ афзуд, дар ин муддат "на ВКД, на дигару дигараш на телевизионаш дар бораи марги писарам чизе нишон надоданд. Ман гуфтам, ки ҳаминҷо ҳам мумкин тағобозӣ бошад. Агар гапам нодуруст бошад, бахшиш, лекин ҳозир ҳамин ягон бачаи калоншаванда, ягон коргари калон бошад вайро як моҳ батакрор нишон медиҳанд. Барои чӣ бачаи ман 12 рӯз шуд, зери хок хоб аст, ягон кас наомад?".

Ҷавони боздоштшуда Саидаҳмад Раҳимов ба иттилои пайвандонаш хатмкардаи Академияи вазорати умури дохилӣ аст. Хонаводаи ӯ дар Душанбе нахостанд дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Дар суҳбати бидуни сабт гуфтанд, Саидаҳмад одобу ахлоқи хуб дошта, ҳеҷ боварашон намеояд даст ба чунин коре задааст. Пайвандони ӯ иддао карданд, ки марҳум Муҳаммадҷовид барои бозпас гирифтани қарзаш борҳо ба Саидаҳмад таҳдид кардааст. Иддаое, ки модари ҷавони фавтида беасос медонад.

Наздикони ӯ гуфтанд, вақти сар задани ҳодиса дар мошини марҳум як ноболиғе низ будааст. Некрӯз Зокирзода, амакбачаи Муҳаммадҷовид гуфт: "Рӯзи сар задани ҳодиса Муҳаммадҷовид рафиқаш Саидаҳмадро аз Лучоб ба мошинаш савор мекунад. Дар мошин ҷияни синфи 7-и марҳум низ будааст. Саидаҳмад мегӯяд, ин кӯдакро фарор, куҷо мебарӣ, Муҳаммадҷовид не мегӯяд. Мегӯяд, хонаи хусурам меравем, гирифта медиҳам. Тарафи бозори "Корвон" мераванд. Он ҷо Саидаҳмад аз мошин фаромада ним соат дер мекунад. Муҳаммадҷовид занг зада мегӯяд, зуд бош, ки ман дер мекунам, билет дорам. Биё ҳозир бармегардем, мегӯяд. Кӯдакро дар мошин монда меравад, лекин 5 соат бедарак мешавад. Дар ҳамин байн ҳодиса рух медиҳад. Баъди ду соати хабардор шудани мақомот гумонбарро дар Душанбе дастгир мекунанд."

Муноқиша миёни ҷавонон, ки гоҳе ба кордзаниву куштор анҷом меёбад, ба як масъалаи ташвишовар табдил ёфтааст. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бо ширкати ҷавонон 1944 ҷиноят содир шудааст.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG