Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ мансабдори собиқи тоҷикро ҷарима баст ва аз як ҳақ маҳрум кард


Афзалшоҳ Дӯстзода гуфтааст, ки бегуноҳ аст.

Додгоҳи шаҳри Панҷакент, як мақоми собиқи ҳукумати шаҳрро ҷаримаи бузурге баста ва аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ барои як сол маҳрум кардааст.

Додгоҳ Афзалшоҳ Дӯстзода, мудири шӯъбаи ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакентро ба “қаллобӣ” гунаҳкор дониста ва бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардааст. Нусхаи ҳукм, ки як ҳафта пеш содир шудааст, рӯзи 18-уми август дастраси Радиои Озодӣ гардид.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, бинобар ҷуброн гардидани зиёни расида ба сокини ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент Мустафоқул Иброҳимов аз сӯи корманди собиқи ҳукумати шаҳри Панҷакент Афзалшоҳ Дӯстзода ӯ ба пардохти ҷарима маҳкум шуд.

Дар ҳукм омадааст, тақрибан 24 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ситонида шуд ва Дӯстзода “1 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар идораҳои давлатӣ маҳрум гардид”. Ин мақоми собиқи шаҳри Панҷакент худро бегуноҳ ҳисобида буд.

Додситонии шаҳр чанде пеш Афзалшоҳ Дӯстзодаро ба аз худ кардани пули давлат ҳам гумонбар дониста буд. Фаррух Алиҷонзода, намояндаи додситонӣ чанде пеш дар як нишасти хабарӣ гуфта буд: “Аз ҳисоби маблағҳое, ки барои тими футболи шаҳри Панҷакент пешбинӣ шуда буд, бо истифодаи мақоми хизматии худ, як қисмати маблағи онро Афзалшоҳ Дӯстзода аз они худ кардааст”. Ин иттиҳом дар ҳукми додрас мавҷуд нест ва ба гуфтаи манбаъи Радиои Озодӣ ин ваҷҳ тасдиқи худро наёфтааст.

Афзалшоҳ Дӯстзода баҳори имсол ба қаллобӣ муттаҳам шуд. Додситонӣ гуфт, ки ӯ моҳҳои феврал марти имсол аз як сокини Панҷакент пули зиёд гирифта, ваъда додааст, писари ӯро аз хидмати ҳарбӣ “халос” мекунад. Бар зидди Дӯстзода, Мустафоқул Иброҳимов сокини ҷамоати деҳоти Саразм шикоят бурда ва гуфтааст, ки гумонбаршуда барои омода кардани «билети ҳарбӣ» аз ӯ тақрибан 28 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Афзалшоҳ Дӯстзода ин иттиҳомотро рад мекунад. Дӯстзода афзуд, онҳое, ки аз ӯ ба додситонӣ шикоят бурдаанд, пайвандонаш ҳастанд ва байни мақомоту онҳо нофаҳмие рух додааст: "Ман тибқи қонуни қабулшуда барои аз хидмати ҳарбӣ озод шудан, онҳоро раҳнамоӣ кардам. Азбаски онҳо аз деҳот омада буданд ва хоҳиш карданд, ки ман барои ҳуҷҷатгузорӣ ба онҳо кумак кунам ва пулро ба бонк супоранд. Бар асоси қонун пулро барои ба аскарӣ нарафтан месупоранд ва баъд як моҳ хизмат мекунаду соҳиби «билети ҳарбӣ» мегардад. Мо аз комиссариати ҳарбии шаҳр «расид»-ро гирифтем ва ба бонк рафтем, вале бонк маблағро қабул накард."

Дар Тоҷикистон бар асоси қонун, ҷавонон метавонанд, бо пардохти 25 ҳазор сомонӣ ва гузаштан аз давраи якмоҳаи омодагӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Ба қавли Дӯстзода, баъди чанд вақт онҳоро ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват карданд ва ӯ асли масъаларо фаҳмонд ва пулро ба муфаттишон супурд. Ҳоло маълум шуд, ки даъвогарон маблағро бозпас гирифтаанд.

Ба гуфтаи додситонӣ, соли гузашта 5 мавриди ришваситонии мансабдоронро барои таҳияи билети низомӣ ошкор кардаанд. Саркашӣ аз хидмати низомии ҳатмии дусола дар Тоҷикистон зиёд аст ва аз ин рӯ баъзеҳо саъй мекунанд, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва ришва додан худ ё фарзандонашро ба артиш нафиристанд. Сабаби сарпечиро ҳам бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон медонанд, ки гоҳо боиси худкушӣ ва маъюб шудани сарбозон мегардад.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG