Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмени тоҷик хоҳони ёрӣ ба муҳоҷирон дар боздоштгоҳ шудааст


Умед Бобозода
Умед Бобозода

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҳамтои худ дар Русия хостааст, ба мушкили муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии “Красное Село”-и Санкт-Петербург расидагӣ кунад.

Як гуруҳ аз муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик ду рӯз пеш ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки як моҳ боз дар шароити баде ҳастанд, вале касе ба додашон намерасад.

Умед Бобозода, омбудсмени тоҷик, ҳангоми суҳбат бо намояндагони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ва намояндагони Салиби Сурх дар Русия хоҳони пайгирии қазия шудааст.

Намояндагони Салиби Сурхи Русия гуфтаанд, аз аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатӣ хабар гирифта, ба онҳо кумаки зарурӣ мерасонанд.

Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи “Красное Село” тақрибан 50 нафар гуфта мешавад. Мақомоти Русия мегӯянд, онҳо иҷозаи кору иқомат надоштанд ва бинобар ин ихроҷ карда хоҳанд шуд.

Дар консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург гуфтанд, аз боздошти муҳоҷирони тоҷик огоҳанд, вале ихроҷи онҳо аз Русия баъд аз қарори додгоҳ имконпазир мешавад.

Дар чанд соли охир наздик ба 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ронда шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бар инанд, ки дар аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистонро бе ягон қонуншиканӣ ва бо баҳонаҳои ночиз меронанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG