Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Душанбе ва Бишкек хост, баҳси марзро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд


Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия

Вазорати корҳои хориҷии Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки барои ҳалли ҳама гуна баҳсҳо аз роҳҳои сиёсиву дипломатӣ тамоми талошашонро ба харҷ диҳанд. Мария Захарова, сухангӯи вазорат гуфтааст, Русия таниш дар марзи ду кишварро пайгирӣ дорад.

"Русия бо истифода аз таҷрибааш дар аломатгузории марз, аз ҷумла бо ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ, метавонад дар пайдо кардани роҳи ҳалли барои ҳарду тараф муносиб мусоидат кунад,"-афзуд Захарова.

Ба ин даъвати Русия мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз вокунише накардаанд, вале дар гузашта ҳам Душанбе ва ҳам Бишкек ишора кардаанд, ки тавони бидуни дахолати ҷониби сеюм ҳал кардани мушкилро доранд.

Рӯзи 14-уми сентябр марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шоҳиди боз як муноқишаи дигар шуд. Дар пайи он аз тарафи Тоҷикистон 2 нафар кушта ва 11 каси дигар маҷруҳ шуданд. Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро дар оғози муноқиша айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG