Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Артиш"-и муҳоҷирону миёнсолони Русия дар ҷанги зидди Украина. Қарори Путин баёнгари чист? ВИДЕО


Владимир Путин ва Сергей Шойгу, коллаж

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 21-уми сентябр қарори қисман сафарбаркунии нерӯҳои захиравиро ба артиш имзо кард. Як рӯз пеш мақомоти Маскав гуфтанд, дар маркази "Сахарово" барои ҷалби муҳоҷирон ба хидмати ҳарбӣ дар ивази дарёфти осони шаҳрвандӣ бахшеро таъсис хоҳанд дод. Коршиносон ин тасмимҳоро нишонаи сустии стратегияи ҳарбии Русия дар ҷанги беасос бо Украина меноманд.

Сафарбарии 300 ҳазор нафар

Путин гуфт, сафарбарӣ ба артиш "танҳо ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки дар нерӯҳои захиравӣ ҳастанд ва дар гузашта дар артиш хидмат кардаанду таҷрибаи муайян доранд."

Ба қавли ӯ, ин афрод пеш аз сафарбар шудан ба қисмҳои ҳарбӣ, аз тамринҳои иловагии низомӣ хоҳанд гузашт. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу аллакай гуфт, 300 ҳазор нафарро сафарбар мекунанд ва ин шумори нерӯҳо тадриҷан даъват хоҳанд шуд.

Виктор Литовкин
Виктор Литовкин

Виктор Литовкин, шореҳи низомӣ ва полковники мустаъфӣ дар Русия, рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор ба мутахассисони низомии аз 18 то 50-сола дахл дорад. Вай афзуд, кормандони корхонаву муассисаҳои бахши дифоӣ даъват намешаванд.

Коршиносон мегӯянд, ҳафт моҳ баъди ҳамлаи бедалели Русия ба Украина ва талафоти зиёд, зарурати такмили сафи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар пеш омадааст. Аз ин ҷост, ки ба қавли мунтақидон, ҳоло Кремл кӯшиш мекунад, бо ҳар роҳу восита масъалаи камбуди нерӯро дар артиш ҳал кунад.

Муҳоҷирон – "барраи қурбонӣ"?

Рӯзи 20-уми сентябр шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар изҳороти камсобиқае гуфт, дар назди маркази муҳоҷирати "Сахарово" сохтори дигаре таъсис мешавад. Ин сохтор дар ҳамкорӣ бо Вазорати дифои Русия ва бо ваъдаи тақдими шаҳрвандӣ ба ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг машғул хоҳад шуд.

Назари сокинеони Душанбе дар ин бора:

Шиносномаи Русия дар ивази сарбозӣ. Чӣ назар доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Шореҳ Литовкин мегӯяд, ҷалби муҳоҷирон ба хидмат дар артиши Русия "ихтиёрӣ ва бар асоси созишнома" мешавад. Вай афзуд, дар навбати аввал онҳоро ба муддати се-чор моҳ ба машқу тайёрии низомӣ хоҳанд фирисстод. "Бояд забони русиро донанд ва аз ҳисоби онҳо қисмҳои низомӣ ташкил хоҳанд шуд," -- афзуд ӯ.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Дар айни замон мунтақидон мегӯянд, ҷалби муҳоҷирон бо ҳадафи истифодаи онҳо дар сафи пеши ҷанг сурат мегирад. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ҳушдор дод, ки Русия мехоҳад, муҳоҷиронро ҳамчун як қишри беарзиш дар қатори маҳбусону гурӯҳҳои дигар ба ҷабҳаи пеши ҷанг фиристад.

Ба ақидаи шореҳ Литовкин ва низомиёни дигари ҳукумати Русия, "баъди машқу тамрини низомӣ ин гурӯҳ дигар "барраи қурбонӣ" намешавад, чун омодагии ҳарбӣ хоҳад дошт." Ӯ гуфт, “барраи қурбонӣ онест, ки ба истилоҳ, аз кӯча қапида ба ҷанг бурдаанд”.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Ин ҷанг аст, майдони футбол нест, муҳоҷирон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

“Ин ҷанг аст, майдони футбол нест"

Ёров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз муҳоҷирони тоҷик бар ивази ваъдаи шаҳрвандӣ ба қабули пешниҳоди хидмат дар артиш ва рафтан ба ҷанг аз номи Русия таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Ӯ гуфт: “Дар пушти ҳар як муҳоҷир даҳҳо нафар истодааст, ки онҳоро бояд хӯронаду пӯшонад. Мутаассифона, мардуми мо маъмулан бо ифодаи “як балояш мекунем” ё “таваккал ба худо” амал мекунанд. Ин ҷанг аст, майдони футбол нест. Фикр мекунам, ба хотири шаҳрвандӣ, як шиноснома, нашояд, ҷони худро дар хатар гузошт.”

Каримҷон Ёров ҳамзамон ёдовар шуд, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷиноят арзёбӣ мешавад ва ҷазо дорад.

То ҳол аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо мақомоти Узбекистон ба шаҳрвандонашон ҳушдор додаанд, ки ба ҳеч сурат барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина розӣ нашаванд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.

Мақомот дар Душанбе, ки даҳҳо нафарро барои ширкат дар ҷангҳои Афғонистону Ироқу Сурия дар солҳои гузашта ба муҳлати дароз зиндонӣ кардаанд, дар бораи даъвати Русия чизе намегӯянд.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG