Дар чанд ҷумла
Қазоқистон бо кадом шарт ба русиягиҳо иҷозати иқомат медиҳад?
Раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбоев гуфт, кишвараш омодааст, бар асоси шартҳои муайян ба русиягиҳо иҷозати иқомат диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Русия барои дарёфти иҷозати иқомат дар Қазоқистон бояд иҷозатномаи бурунрафт аз кишвари худро дошта бошанд. Дар сурати пешниҳод нашудани чунин санад Қазоқистон иҷозати иқоматро нахоҳад дод.
Ашимбоев афзуд, ки "мо сафари шаҳрвандони Русияро ба кишвари худ маҳдуд карданӣ нестем ва набояд маҳдуд кунем". Вай изҳори умедворӣ кард, ки "вазъ дар Украина ба эътидол хоҳад омад".
Раиси Сенати Қазоқистон бори дигар изҳор дошт, ки мавқеи Остона дар робита ба ҷанги Русия ва Украина тағйир наёфтааст. "Онро танҳо аз роҳи сиёсӣ, созиш ва қарорҳои қобили қабул ҳал кардан мумкин аст", - гуфт Ашимбоев.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 21-уми сентябр аз сафарбар кардани дар кишвараш хабар дод. Баъд аз ин хабар дар фосилаи кӯтоҳе билети парвози ҳавопаймо аз Маскав ба кишварҳое фурӯхта шуданд, ки шаҳрвандони Русия метавонанд, бидуни виза сафар кунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Зеленский аз кишварҳои ғарбӣ хост, ба Киев “Патриот” диҳанд
Пас аз ҳамлаҳои Русия ба Киев ва шаҳрҳои дигар, ки чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт, раисҷумҳури Украина аз ҳампаймонҳои ғарбии худ хост, низоми дифои ҳавоии “Патриот” ва силоҳҳои дигари заруриро ҳарчи зудтар дастрас кунанд.
Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоии худ гуфт: “Мо ба ин террори Русия аз ҷаҳон посухи воқеӣ мехоҳем”.
Вай афзуд, Маскав бомдоди якуми август ба шаҳрҳои Украина 35 мушак ва қариб 190 паҳпод сар додааст.
“Ҷаҳон бояд бидонад, ки Русия бо тӯл додани ҷанг роҳҳои нави куштанро меомӯзад ва ин, албатта, бо украиниҳо маҳдуд нахоҳад шуд,” -- илова кард ӯ.
Владимир Зеленский гуфт, “Иёлоти Муттаҳида медонад, ки мо ба чӣ эҳтиёҷ дорем. Аврупо ҳам медонад. Низомҳое, ки барои муҳофизат аз мушакҳои баллистикӣ пешбинӣ шудаанд, бояд мардумро ҳимоя кунанд, на ин ки дар анборҳо бимонанд.”
Изҳороти Зеленский пас аз он садо дод, ки Русия бомдоди якуми август пойтахти Украинаро бо мушакҳои баллистикӣ нишон гирифт. Мақомоти Киев гуфтанд, дар ин ҳамла ба камияш 9 нафар кушта ва даҳҳо тан, аз ҷумла ҳадди ақал чаҳор кӯдак, захмӣ шудаанд.
Ҳушдори амниятии Амрико ба шаҳрвандонаш дар се кишвар
Намояндагиҳои расмии Иёлоти Муттаҳида дар Исроил, Урдун ва Ироқ дар бораи эҳтимоли шиддат гирифтани танишҳо ҳушдор додаанд.
Онҳо рӯзи якуми август аз шаҳрвандони Амрико дар ин се кишвар хостаанд, ки худро эҳтиёт кунанд ва барои тарки Ховари Миёна омода бошанд.
Дар ҳушдорҳо дар бораи эҳтимоли лағви парвозҳо ва муваққатӣ баста шудани ҳаримҳои ҳавоӣ таъкид шудааст.
Инчунин, аз амрикоиҳои берун аз Ховари Миёна хоста шудааст, ки сафари худро ба минтақа ё гузаштан аз ин масир ба таври ҷиддӣ бознигарӣ кунанд.
Сафорати Амрико дар пойтахти Урдун ба шаҳрвандони ин кишвар гуфтааст, ба пойгоҳҳои низомӣ нараванд, чун Эрону гурӯҳҳои зери ҳимояташ мумкин аст манофеъ, муассисаҳо ва шаҳрвандони амрикоиро дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҳадаф қарор диҳанд.
Намояндагии Амрико дар Ироқ низ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, дар сурати шиддат гирифтани танишҳо, шаҳрвандони ИМА бояд омодаи берун шудан аз минтақа бошанд.
Пайдо шудани ҷасади марде, ки бо писараш ба дарё афтида буд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади марде хабар медиҳад, ки як ҳафта пеш ба дарёи Фон афтида буд.
Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз зуҳри 1-уми август сокинони деҳаи Мингдонаи Панҷакент аз дидани ҷасади марде дар дарёи Зарафшон хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, наҷотдиҳандагон ҷасади мардро аз дарё бароварда, ба мақомоти дахлдор супориданд.
Ташхис муайян кардааст, ки ҷасади ёфтшуда пайкари Абдулло Турсунов, сокини 60-солаи шаҳри Истаравшан аст. Ин мард санаи 21-уми июл ҳамроҳи писараш бо нақлиёти "Опел" ба дарёи Фон афтида буданд. Наздикони Абдулло Турсунов қаблан барои пайдо кардани ҷасади ӯ ва писараш аз сокинони Панҷакент дархости кумак карданд.
Ҳар тобистон дар рӯдхонаву кӯлҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.
Бино ба омори расмӣ, дар ним соли гузашта дар кишвар 83 нафар ғарқ шудаанд ва аз ин миён 24 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола будаанд.
"Ҳалли мушкил". Ҷаримаи як зан барои муроҷиат ба фолбин
Маъмурони милиса дар Тоҷикистон як занро барои муроҷиат ба фолбин бо ҳадафи “ҳалли мушкилаш” 3900 сомонӣ ё тақрибан 400 доллар ҷарима бастаанд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми июл гуфт, Машрабхон Сироҷиддинова якҷо бо фолбинаш Зулфинисо Қувватова дар қаламрави пойтахт дастгир шуд.
Зулфинисо Қуватоваро бештар аз 6000 сомонӣ ё 650 доллар ҷарима бастаанд.
Назари ҳарду гумонзад ба қонуншиканӣ ва рӯзи боздошти онҳо маълум нест.
Дар Тоҷикистон аз тобистони соли 2025 барои истифода аз хидмати фолбину ҷодугарон ҷавобгарӣ ва ҷарима муқаррар карда шуд.
Аз он замон то кунун даҳҳо нафар барои “истифода аз хидматрасонии шахсони сеҳргару фолбин” ҷазо гирифтаанд.
Барои навиштаи “Ҷумъа муборак” ҷарима таъйин шудааст?
Кумитаи дин ва танзими анъана сарусадоро дар бораи таъйини ҷарима барои фиристодани навиштаи “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон рад кард.
Дар паёмрасони Вотсап (Whatsapp) садои марде паҳн шудааст, ки дар он гуфта мешавад, гуё дар Тоҷикистон барои ирсолу бознашри паёмҳое мисли “Ҷумъа муборак” ҷаримаҳои сангин пешбинӣ шудааст.
Бисёре аз корбарон ин садоро ба Радиои Озодӣ фиристода, пурсиданд, ки он то куҷо асос дорад.
Кумитаи дин ва танзими анъана дар вокунише навишт, ки “ин овоза ҳеч гуна асоси воқеӣ надорад”.
Як манбаъ дар мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқ доранд, ки паём аз сӯйи кӣ фиристода шудааст.
Қабл аз ин, мақомоти Тоҷикистон риштарошии маҷбурӣ ва "суҳбат" бо занони ҳиҷобдорро низ рад карда буданд, вале намояндагони баъзе аз созмонҳои мухолифи ҳукумат гуфтанд, ин маърака ҳамчунон бесарусадо идома дорад.
Чанд сол пеш паҳн кардани навиштаи "Ҷумъа муборак" миёни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ роиҷ буд, аммо ҳоло бисёр кам ба назар мерасад.
Навор дар Инстаграм:
Оғози "маршировка"-и донишҷӯён ва эълони роҳбандӣ дар Душанбе
Омодагии донишҷӯён ё "маршировка" бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе оғоз шудааст.
Чанд донишҷӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бахши асосии "маршировка" дар Боғи Истиқлоли Душанбе мегузарад. Қарор аст "маршировка"-и донишҷӯён то 9-уми сентябр идома кунад.
Сураҷ Чоршанбезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қаблан гуфта буд, беш аз сад ҳазор ҷавон дар ин "маршировка" дар шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.
Ҷалби ҳазорон нафар барои омодагӣ ба таҷлили иду ҷашнҳои давлатӣ дар гузашта танқидҳоро ба миён оварда буд.
Мунтақидони ин тасмим бовар доранд, ки "маршировка" мероси монда аз даврони шӯравии собиқ аст ва бояд аз он даст кашид.
Аммо вазири пешини маориф баҳсҳои атрофи ин мавзуъро "як чизи хасакӣ" номида, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон "хости ҷавонон" ва "маҳалли шиносоии ошиқон", хонда буд.
Дар ҳамин ҳол, пулиси Душанбе эълон кардааст, ки аз 1-уми август ҳаракат дар баъзе кӯчаҳои пойтахт, аз ҷумла хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз соати 6 то 11 маҳдуд мешавад.
Вазорати дифои Тоҷикистон ҳам эълон кардааст, ки ба муносибати 35-солагии истиқлол гузашти низомӣ баргузор мешавад.
Тоҷикистон имсол 35-умин солгарди истиқлоли хешро таҷлил мекунад. Ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузории чорабиниҳо гуногун дар назар гирифта шудааст.
Навор дар Инстаграм:
Даҳ пулиси покистонӣ дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуданд
Дар пайи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як маркази пулис дар минтақаи Ҳангу дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон дар шаби 29 ба 30 июл, дастикам даҳ корманди интизомӣ кушта ва 18 тани дигар захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳамлаварон дар оғоз бо паҳподи хурд ин маркази пулисро ҳадаф қарор доданд ва сипас ба тирандозӣ оғоз карданд.
Зулфиқор Ҳамид, раиси пулиси Хайбар-Пахтунхоҳ ба расонаҳо тасдиқ кардааст, ки даргирӣ байни нерӯҳои пулис ва ҳамлаварон чандин соат идома кардааст. Ба гуфтаи ӯ, даҳ корманди пулис ва 15 ҳамлавар дар ин даргирӣ кушта шудаанд.
Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо мақомоти покистонӣ ҳамеша ниманизомиёнро ба барномарезӣ ва анҷоми ҳамлаҳо ба Покистон аз хоки Афғонистон, муттаҳам кардаанд. Иттиҳоме, ки мақомоти Толибон онро рад кардаанд.
Ин дувумин ҳамлаи мусаллаҳона ба нерӯҳои амниятии Покистон дар ҳафтаи ҷорӣ аст. Рӯзи 25 июл дастикам 15 нафар, аз ҷумла 12 сарбоз дар як ҳамлаи интиҳорӣ ё худкуш дар ноҳияи Танки Хайбар-Пахтунхоҳ, кушта шуданд. Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифта буд.
ДОИШ масъулияти қатли як мақоми "Толибон"-ро ба уҳда гирифт
"Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти кушта шудани Забеҳуллоҳ Амирӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати "Толибон"-ро дар Бадахшони Афғонистон пазируфтааст. Мақомҳои ҳукумати "Толибон" то кунун дар бораи ин иддао вокуниш накардаанд.
Хабаргузории "Франс Пресс" ба нақл аз "Siteintelgroup", созмони нозир бар фаъолиятҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ, навишт, "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ дар эъломияе иддао кардааст, ки нерӯҳои ин гурӯҳ Амириро дар як ҳамлаи мусаллаҳона ҳадаф қарор доданд.
Забеҳуллоҳ АмирӣАмирӣ рӯзи 28-уми июл дар масири Баҳорак-Файзободи Бадахшони Афғонистон, дар ҳамлаи ду фарди мусаллаҳи дучархасавор кушта шуд. Мақомҳои амниятии "Толибон" дар Бадахшон гуфтаанд, ки яке аз ҳамлаварон дар даргирӣ бо нигаҳбонони Амирӣ кушта шуд ва фарди дигар боздошт шудааст.
Толибон то кунун дар бораи иддаои ДОИШ вокуниши расмӣ нишон надодаанд. Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон" дар паёме, кушта шудани Амириро маҳкум кардааст.
"Шохаи Хуросон"-и ДОИШ пеш аз ин масъулияти ҳамла ба як тарабхонаи чинӣ дар Кобул дар моҳи январи имсол ва ҳамчунин ҳамлаи маргбор ба Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирони ҳукумати "Толибон"-ро дар соли 2024 ба уҳда гирифта буд.
"Шохаи Хуросон"-и ДОИШ яке аз ҷиддитарин таҳдидҳо алайҳи "Толибон" номбар мешавад. Ин гурӯҳ дар соли 2016 аз сӯи Амрико ҳамчун созмони террористии хориҷӣ сабт шуд.
Як навраси 11-солаи тоҷик дар Сурхоб ғарқ шудааст
Наҷотбахшони тоҷик дар ноҳияи Фархор ба ҷустуҷӯи ҷасади як наврас идома медиҳанд.
Абубакри Абдумалики 11-сола аз ноҳияи Восеъ ҳангоми меҳмонӣ дар хонаи бобояш ва оббозӣ дар рӯдхонаи Сурхоб ғарқ шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 30-юми июл гуфт, агарчӣ наҷотбахшон ба маҳалли ҳодиса шитофта, ба ҷустуҷӯ оғоз карданд, аммо ҳанӯз нишоне аз наврас пайдо нест.
Ҳар тобистон дар рӯдхонаву кӯлҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.
Бино ба омори расмӣ, дар ним соли гузашта дар кишвар 83 нафар ғарқ шудаанд ва аз ин миён 24 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола будаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, сабаби ин фоҷиаҳо беэҳтиётӣ ҳангоми оббозиву шино ва беэътиноӣ ба ҳушдорҳои пайваста дар бораи риояи қоидаҳои шиноварӣ ва маҳалҳои хатарнок барои оббозӣ дар Тоҷикистон аст.
"Зери санг монд." Марги як ҷавон дар корхонаи тилои "Зарафшон"
Дар як ҳодисаи нохуш дар корхонаи тилои "Зарафшон", ки ҳафтод дарсади саҳмияҳояш дар ихтиёри чиниҳост, як коргар ба ҳалокат расидааст.
Ҳодиса рӯзи 22-юми июл рух дода, Радиои Озодӣ нав ҷузъиёти онро ба даст овард.
Ду манбаи огоҳ аз ҳодиса рӯзи 30-юми июл бо шарти фош нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Алибек Қаноатов 28-сол дошт ва ронандаи мошини боркаши “Дулан” буд. Ӯ зери санг монда, ҷон бохтааст.
Дар навор ва аксҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки як гурӯҳ аз коргарон пайкар ё ҷасади ҷавонро аз дохили мошини боркаш бароварда, ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" мегузоранд. Дар навори дигар лаҳзаи фаромадани сангпора дида мешавад.
"Ин ҷавон се моҳ пеш бо мошини шахсиаш ба ширкат шартнома баста, кор мекард. Комиссияи давлатӣ омад, ҳодисаро таҳқиқ кард. Аз рӯи қонун бояд ширкати корфармо ба наздикони ин ҷавон ақаллан маоши шашмоҳаашро диҳанд. Ин ҷавон соҳиби се фарзанди хурдсол аст", - гуфт як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Алибек Қаноатов, ҷавони фавтида сокини деҳаи Суҷинаи Панҷакент будааст. Раиси ҷамоати Суҷина, мақомоти шаҳри Панҷакент ва корхонаи “Зарафшон” дар бораи ҳодиса суҳбат намекунанд.
Навор дар Инстаграм:
Корхонаи истихроҷи тилои "Зарафшон", ки 70 дарсади тилои Тоҷикистонро тавлид мекунад, барои ҳукумат аҳамияти хос дорад.
Ҳафтод дарсад аз саҳмияҳои ин корхона дар ихтиёри ширкати чинии “Зиҷин” ва 30 дарсади дигар дар дасти ҳукумати Тоҷикистон аст. Фаъолияти ин корхона, бахусус партовгоҳҳои он нигаронии сокинони атрофи онро ба миён овардааст.
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2023 муайян карда буд, ки фаъолияти корхонаи “Зарафшон” боиси олуда шудани муҳити атроф мешавад.
Аз идора: Матн субҳи 31-уми июл навсозӣ шудааст.
Зиёд шудани хонасозӣ дар пасманзари шикоятҳо аз гаронӣ
Дар нимаи аввали имсол хонасозӣ дар Тоҷикистон якуним баробар зиёд шудааст.
Оҷонси омор мегӯяд, аз моҳи январ то июн беш аз ҳаштсад ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд.
33 дарсади ин хонаҳо дар Душанбе, 31 дар Суғд ва боқимонда дар вилояти Хатлон ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ будаанд.
Мақомот дар ҳоле аз зиёд шудани хонасозӣ дар кишвар хабар медиҳанд, ки сокинон аз гаронии нархи манзил шикоят доранд. Ҳар метри мураббаи хонаҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз 400 доллар то ҳазор доллар ва гоҳе аз он ҳам зиёд фурӯхта мешаванд.
Сокинон мегӯянд, нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахт, гарон буда, қобилияти хариди онро надоранд.
Мақомот ва ширкатҳои хонасозӣ далел меоранд, ки нархи маҳсулот ва нерӯи корӣ ҳам афзудааст ва барои ҳамин наметавонанд хонаҳоро арзон фурӯшанд.
Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, аммо бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои иддае фақат орзу мемонад.
Ихроҷи муҳоҷир барои худдорӣ аз бурдани ширкатдори ҷанги Украина
Як ронандаи таксӣ аз Узбекистон, ки аз бурдани ширкатдори ҷанг дар Украина худдорӣ кард, аз Русия ронда шуда, даромаданаш ба ин кишвар манъ шудааст.
Расонаҳои Русия бо такя ба дафтари матбуоти пулиси Маскав навишт, Кирил Загородников рӯзи 14-уми июл барои рафтан аз Одинтсово таксӣ дархост кард. Аммо ҳамсари ин мард иддао дорад, ки ронандаи таксӣ бинобар маъюб будани ҳамсараш аз бурдани ӯ худдорӣ намудааст.
Мавқеи худи ронандаи таксӣ маълум нест. Расонаҳо дар бораи ӯ чизе нагуфтаанд.
Пулиси Маскав гуфтааст, ин муҳоҷири узбекистонӣ дар Русия қонунӣ кору зиндагӣ дошт. Ин муҳоҷирро 26-уми июл аз Русия ихроҷ карда, вурудашро то соли 2032 манъ намуданд.
Тибқи маълумоти ҳомиёни ҳуқуқ, аз оғози ҷанг зидди Украина, дар Русия ҳазорон нафар барои мавқеи зиддиҷангии худ боздошт, ҷарима ё маҳкум шудаанд.
Аз ҷумла, ду сол пеш соҳиби як қаҳвахона дар шаҳри Люберсии вилояти Маскав, пас аз роҳ надодани як ширкатдори ҷанги зидди Украина ба дохили маҷмаа мавриди таъқиб қарор гирифт.
Тоҷикистон мехоҳад аз Чин сӯзишворӣ харад
Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон масъалаи ворид кардани маҳсулоти нафтӣ аз Чинро бо сафири Чин дар Душанбе баррасӣ кардааст. Дидори Далер Ҷумъа бо Го Жиҷун 29-уми июл баргузор шудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати энержӣ ва захираҳои об навишт, дар ин дидор "ба масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Чин ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид".
Ҷузъиёти бештари ин масъала, аз ҷумла посухи Сафири Чин ба ин дархости мақомоти Тоҷикистон маълум нест.
Дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои нафтии Русия давоми ду моҳи ахир, мақомоти Тоҷикистон дар фикри ворид кардани сӯзишворӣ аз дигар кишварҳо шудаанд.
Тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон беш аз 90 дарсади сӯхтро аз Русия мехарад.
Масъалаи ворид кардани сӯзишворӣ ба кишвар 28-уми июл дар ҷаласаи моҳонаи ҳукумати Тоҷикистон ҳам баҳс шудааст.
Навор дар Инстаграм:
Тибқи омори расмӣ, аз моҳи январ то июни имсол ба Тоҷикистон қариб 600 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, бензин ва сӯхти ҳавопаймо (керосин) ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 40 ҳазор тонна зиёд будааст.
Нархи сӯхт, бахусус сӯзишвории дизелӣ дар ду моҳи ахир ба таври назаррас боло рафт. Нархи як литр сӯзишвории дизелӣ аз 11 ба 17 сомонӣ расид.
Боздошти як мард барои то дами марг задани духтарандараш
Мақомоти интизомии Тоҷикистон як мардро барои то дами марг задани духтарандари чаҳорсолааш дастгир кардаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 29-уми июл бо нашри баёнияе гуфт, ин сокини 35-солаи ноҳияи Ёвон ба “қасдан расонидани осеби сахт ба саломатӣ” гумонзад аст.
Ангезаи чунин рафтори ӯ маълум нест.
Дар баёния омадааст, “гумонбар рӯзи 27-уми июл бо латукӯби духтарандари 4-солааш дар хона ба ӯ ҷароҳатҳои вазнин расонд”.
Зоҳиран тифли захмиро як рӯз баъд аз латукӯб ва бад шудани аҳволаш хостаанд, ки ба шифохона баранд, вале ӯ дар роҳ фавтидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Мавқеи боздоштшуда ё пайвандонаш ба ҳодиса маълум нест.
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар гузориши имсолаи худ гуфтааст, соли 2025 шаш муроҷиат дар бораи зӯроварӣ ба тифлон ё задани онҳоро сабт кард.
Дар гузориш омадааст, “ташвишовар аст, ки бештар шахсоне ба кӯдакон зӯроварӣ ё зулм мекунанд, ки тифлон онҳоро мешиносанд ё ба онҳо меҳр бастаанд.”
Аз ҷумла, моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе як ҷавони 33-соларо дастгир карданд, ки барои танбеҳ носи зиёдеро ба даҳони писарандари 6-солааш рехта, сабаби марги ӯ шуд.
Сомон Маҳмадбеков ва 6 ҷудокори дигарро "ҷазо" додаанд
Дар Тоҷикистон ҳафт ҷудокор, аз ҷумла се паҳлавони номӣ – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Обид Ҷебовро ҷазои интизомӣ додаанд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл дар баёнияе гуфт, онҳо дар чор моҳи оянда аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳруманд.
Ин федератсия, ки раёсаташро набераи раисҷумҳур бар уҳда дорад, ҳафт ҷудокорро ба вайрон кардани “интизоми касбӣ ва ҳозир нашудан ба тамрин” гунаҳкор кардааст.
Назари варзишгарон ва мураббиёни онҳо то кунун дастрас нест.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иддао кардааст, ки онҳоро чанд дафъа барои иштирок дар машқҳои дастҷамъӣ даъват намуд, аммо акси садое нагирифт.
Инчунин, онҳо барои гуё “беҳурматӣ нисбат ба аъзо ва эътироф накардани нақшаи расмии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон” гунаҳкор дониста шудаанд.
Дастикам се ҷудокоре, ки ҳоло ҷазои интизомӣ гирифтаанд, дар мусобиқаҳои дохили Тоҷикистон ва берун аз он комёбиҳои чашмрас доранд.
Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов барандаи медали биринҷӣ дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Порис (Париж) ҳастанд.
Обид Ҷебов барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2025 дар Маҷористон аст.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар қарораш аз 29-уми июл гуфтааст, онҳо "новобаста аз натиҷаҳо ва мақому унвонҳояшон" чор моҳ “аз ҳаққи иштирок дар тамоми мусобиқаҳои дохилӣ ва байнулмилалӣ маҳрум карда шаванд”.
Гуфтугӯ