Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Зеленский гуфт, кишвараш шоҳиди "натиҷаҳои мусбат" аст.

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 25-уми сентябр гуфт, дар ҷабҳаи ҷанг бо Русия набардҳои сахте идома доранд, вале кишвараш шоҳиди “натиҷаҳои мусбат” аст.

Ӯ дар муроҷиати шабонаи видеоиаш гуфт, ки нерӯҳои Украина дар вилоятҳои Донетск, Харков, Миколаев ва Запорожйе пешравӣ доштаанд.

Мақомоти дастнишондаи Русия дар вилоятҳо барои ҳамроҳ шудан ба қаламрави Русия ба истилоҳ раъйпурсӣ баргузор мекунанд.

Ҷомеаи байнулмилалӣ ин раъйпурсиро “сохта” хондаанд.

Айни замон Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии ҳукумати Амрико, гуфтааст, агар Русия дар Украина аслиҳаи атомӣ ба кор барад, ба “посухи қотеона”-и Амрико ва “пайомадҳои фалокатбор” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Саудӣ қоидаҳои қабули зоирон ба ҳаҷро сахттар кард

Арабистони Саудӣ қоидаи қабули зоирон дар мавсими ҳаҷ барои соли 2026-ро сахттар кард ва сар аз 13 апрел онҳо танҳо бо иҷозатнома ё визаи махсус ҳаққи даромадан ба Маккаро хоҳанд дошт. Шарти нав барои сафар ба ҳаҷро Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ рӯзи 21 апрел эълон кард.

Бино ба қоидаҳои нав, аз 18 апрел то 31 майи соли равон барои дорандагони тамоми навъҳои виза, аз ҷумла раводиди сайёҳӣ ва умра ба ҷуз аз визаи махсуси ҳаҷ, ворид шудан ба Макка ва маконҳои дигари муқаддас манъ аст. Зоироне ҳам, ки бо ҳадафи адои ҳаҷҷи умра дар Макка қарор доранд, бояд то рӯзи 18 май он ҷоро тарк кунанд.

Ширкатҳои миёнрав ё ташкилкунандагони сафари ҳаҷ, барои вайрон кардани ин қоидаҳо 26 ҳазор доллар ҷарима хоҳанд шуд. Ҳамчунин роҳи онҳо барои 10 сол ба ин кишвар баста мешавад.

Моҳи равон Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буд, ки аз сафар бо роҳҳои ғайрирасмӣ худдорӣ кунанд. Қарор аст гусели аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба ҳаҷҷи фарзӣ дар соли равон аз 6 май шурӯъ шавад.

Нархи ҳаҷ имсол 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамасола беш аз 5 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Шаш ҳазор муҳоҷир аз Русия ронда мешаванд

Боздошти муҳоҷирон дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Боздошти муҳоҷирон дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи як рейд ё амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия, боз 6 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ берун карда мешавад. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар додааст. Ба гуфтаи вай, ин натиҷаи тафтиши саросарӣ дар моҳи март аст.

Ирина Волк гуфтааст, моҳи гузашта маъмурини пулис якҷо бо ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар беш аз 130 ҳазор нуқта, аз ҷумла, бозору анборҳо ва маҳалли зисти муҳоҷирон рейд ё тафтиш гузаронданд.

Дар ин амалиёт бо ширкати даҳҳо ҳазор корманди пулис, муҳоҷиронро бо сагҳои хизматӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷустуҷӯ ва тафтиш кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Русия, дар натиҷаи ин маърака ҳудуди 1000 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, зиёда аз 48 ҳазор қонуншикании маъмурӣ аз сӯйи муҳоҷирон ошкор шудааст.

Ҳамчунин 26 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, қарори ихроҷи 6 ҳазор нафар содир шудааст.

Аз ин пеш, раиси Думаи давлатӣ Вячислав Володин, шумори муҳоҷирони рондашуда дар моҳи мартро 14 ҳазор нафар гуфта буд.

Як хонандаи мактаб дар Душанбе духтареро аз марг наҷот дод

Дар Душанбе як ҷавондухтаре, ки қасди ҷони хеш карда, худро ба дарё партофт, наҷот дода шуд.

Рӯзи 19 апрел як хонандаи синфи ёздаҳи пойтахт лаҳзаи ба дарёи Душанбе афтидани духтареро дида, ба кӯмаки ӯ шитофтааст.

Бино ба иттилои пулиси пойтахт, наврас хонандаи мактаби рақами 40-и пойтахт буда, тавонистааст сари вақт духтарро аз об берун оварад ва ба ӯ ёрии аввалия расонад.

Ба гуфтаи мақомот, сабаби қасди ҷони худ кардани духтар муноқишаи оилавӣ будааст.

Назари худи ӯ ва наздиконаш маълум нест.

Ҳоло ин зани ҷавон таҳти назорати пизишкон қарор дорад.

Ба иттилои пулиси Душанбе, мактабхони наҷотбахш Раҳматулло Мардиктоев барои ин корнамоии худ бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шудааст.

Ду фурудгоҳи аслии Теҳрон "боз шуданд"

Фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон. Акс аз бойгонӣ.
Фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон. Акс аз бойгонӣ.

Хабаргузории эронии ИСНА рӯзи 20 апрел хабар дод, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Имом Хумайнӣ ва Фурудгоҳи Меҳробод, ду фурудгоҳи аслии Теҳрон, боз шудаанд.

Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Созмони ҳавопаймоии он кишвар навишт, "иҷозатномаи анҷоми парвозҳои мусофирбарӣ дар фурудгоҳҳои Имом Хумайнӣ ва Меҳробод аз 20 апрел содир шудааст".

Хабари боз шудани ду фурудгоҳи аслии пойтахти Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки танҳо як рӯз ба поёни оташбас миёни Эрон ва Амрико мондааст ва ҳанӯз аз идомаи музокирот ва созиш миёни тарафҳо хабаре нест.

Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28 феврали имсол, фурудгоҳҳои ин кишвар бинобар чораҳои амниятӣ парвозҳои худро қатъ карда буданд.

Хушҳолии вакилони рус аз ихроҷи зиёди муҳоҷирон

Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии порлумони Русия.
Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии порлумони Русия.

Вакилони Думаи давлатии Русия аз ин, ки шумори зиёди муҳоҷирон ронда шудаанд, изҳорӣ қаноатмандӣ кардаанд.

Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии порлумони Русия, инро натиҷаи қабули қоидаву қарорҳои нав дар самти муҳоҷират хонда, ситоиш кардааст.

Ба гуфтаи вай, танҳо дар моҳи март аз қаламрави Русия 14 ҳазор муҳоҷир ронда шудааст. Дар маҷмӯъ, давоми як соли ахир Маскав 72 ҳазор нафар хориҷиро депорт ё ихроҷ кардааст.

Раиси Думаи давлатӣ гуфтааст, ин натиҷаи қарорест, ки ба пулиси Русия ҳақ дод, бе ҳукми додгоҳ муҳоҷиронро ихроҷ кунад. Володин ҳушдор додааст, ки ин ҳанӯз поёни кор нест ва қонуну қоидаҳои муҳоҷират боз сахттар хоҳад шуд.

Порлумони Русия ба қабули 6 тарҳи дигари қонуне омодагӣ мегирад, ки ба гуфтаи вакилон, бо тасвиби он назорат ба кору зиндагии муҳоҷиронро сахту душвор мекунад.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз афзоиши фишорҳои бесобиқа дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик низ мегӯянд, ки зиндагӣ ва кор дар ин кишвар ҳар рӯз мушкилтар мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ шеваи ёриҳои фаврӣ ба Тоҷикистонро тасдиқ кард

Бонки Ҷаҳонӣ роҳкори вокуниши фаврӣ ба мушкилоти ногаҳонӣ ва бӯҳронии Тоҷикистонро муайян кард, ки ҳадафи он “расонидани кумаки зудҳангоми молиявӣ ба ҳукумат дар ҳолатҳои фавқулода” номида шудааст.

Дар ин бора намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода, гуфтааст, ин роҳкор имкон фароҳам меорад, ки то 10 дарсади маблағҳои беэътибор ва тақсимнашуда аз махзани сармоягузории амалкунандаи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишвар ҳамасола барои маблағгузории чораҳои вокуниши фаврӣ равона карда шаванд.

Пас аз эълони расмии вазъияти фавқулода аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, ин барнома метавонад фавран барои таъмини кормандони ёрии аввалия бо таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ, хариди молҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла хӯрокворӣ, об, дорувор ва маводи кишоварзӣ ва инчунин барои расонидани дастгирии таъҷилии рӯзгор ба хонаводаҳои зарардида истифода шавад.

Иҷозаи Бонки Ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ маблағи муайянеро аз ҳисоби ҷорияш дар ин ниҳол барои истодагарӣ дар баробари буҳрон ба кор барад. Манзур аз “буҳрон” бештар офатҳои табиист, вале ҳамла аз берун, ошӯбу нооромиро низ дар бар мегирад.

Интиқоди Зеленский аз коҳиши таҳримҳо алайҳи энержии Русия

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аз коҳиши таҳримҳо алайҳи энержии Русия, интиқод кард.

Ӯ рӯзи 19 апрел дар шабакаи Х навишт, "ҳар долларе, ки барои нафти Русия пардохт мешавад, пуле барои ҷанг аст".

Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ахиран афви вобаста ба нафти Русияро тамдид кард.

Ба гузориши бахши марказии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ, омор нишон медиҳад, ки дар моҳи марти имсол даромадҳои нафтии Русия ду баробар зиёд шудааст.

Он ҳам дар шароите, ки нархи маводи сӯхт ба шиддат боло рафта, бӯҳрон дар Ховари Миёна ва баста шудани тангаи Ҳурмуз, ҳаракати нафткашҳоро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.

Ҳалокати 8 кӯдак дар ҳамлаи мусаллаҳона дар Амрико

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти маҳаллӣ эълон карданд, ҳашт кӯдаки як то 14-сола рӯзи 19 апрел дар тирандозӣ дар шаҳри Шривпорти аёлати Луизиана кушта шуданд ва шахси гумонбар дар ҷараёни гурез бо мошинаш, аз сӯи пулис кушта шудааст.

Сухангӯи пулиси Шривпорт дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бархе аз ин кӯдакон бо гумонбар риштаи хешутаборӣ доштанд ва тирандозӣ дар се маҳали истиқоматӣ рух додааст.

Ӯ гуфт, дар маҷмӯъ дастикам 10 нафар ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтаанд, аммо ҷузъиёте дар бораи вазъияти бозмондагон надод.

Ба гуфтаи ӯ, тирандозӣ каме пас аз соати шаши субҳи якшанбе ба вақти маҳаллӣ рух дод ва ҳамчун даргирии хонаводагӣ дар назар гирифта шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи пулис, гумонбар пас аз тирандозӣ як мошинро дузида ва дар пайи таъқиби кормандони интизомӣ ба як минтақаи ҳамҷавор паноҳ бурд ва аз тири милисаҳо ба ҳалокат расид.

Пулис дар ҳоли таҳқиқи ин ҳодиса аст.

Ба гуфтаи пулис, номи гумонбар пас аз расонидани иттилоъ ба хонаводаҳои қурбониён, нашр хоҳад шуд. "Мо медонем, ки бархе кӯдаконе, ки дар дохил буданд, аз бастагони ӯ буданд",-гуфт як мақоми маҳаллӣ.

Бар асоси омори "Бойгонии хушунатҳои мусаллаҳона", бе шумориши ҳодисаи ин охири ҳафта дар Шривпорт, имсол дастикам 119 тирандозии ҷамъӣ дар Амрико рух додааст, ки ба кушта шудани 117 нафар, аз ҷумла, 79 кӯдак ва захмӣ шудани 458 нафар анҷомид.

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Филиппин барои "иқомати машкук"

Расонаҳои Филиппин аз боздошти ду зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Маравии он кишвар, хабар додаанд.

Бино ба навиштаи вебсайтҳои хабарии GMA News ва Филстар, шаҳрвандони 21 ва 22-солаи Тоҷикистон рӯзи 17 апрел дар пайи як амалиёти муштараки Идораи муҳоҷират ва пулиси ин кишвар, дастгир шуданд.

Аз онҳо Ҷомӣ Сафаров ва Абубакр Алимов ном бурда шудаааст ва бино ба ин гузоришҳо, онҳо чанд ҳафта боз дар шаҳри Марави иқомат доштаанд.

Мақомоти Филиппин гуфтаанд, ки боздошти ин ду ҷавон дар доираи чорабиниҳои зиддитеррористӣ сурат гирифта, ҳадафи он пешгирии фаъолиятҳои ифротгароӣ аст.

Дар бораи ин ду ҷавон сокинони маҳаллӣ ба мақомот хабар дода, хостори таҳқиқи сафару иқомати онҳо ба Филиппин шудаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин ду ҷавони тоҷик бо чӣ иттиҳоме боздошт шудаанд ва оё ҳузури онҳо дар ин минтақа ба гурӯҳҳои тундрав рабт дорад ё на.

Мақомоти Филиппин гуфтаанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад.

Мавқеи худи ҷавонон ва мақомоти тоҷик дар ин бора маълум нест.

Ва низ маълум нест, ки оё онҳо бо вакили мудофеъ таъмин ҳастанд ё не.

Эрон шумори кушташудаҳои ҷангро расман эълон кард

Пайомади ҳамла ба як маҳаллаи Теҳрон
Пайомади ҳамла ба як маҳаллаи Теҳрон

Мақомоти Эрон шумораи умумии кушташудаҳо дар ҷанги 40-рӯза бо Амрико ва Исроилро эълон карданд.

Аҳмад Мусавӣ, муовини раиси ҷумҳур гуфт, дар ин ҷанг 3468 кас кушта шудаанд.

Ба иттилои Созмони пизишки қонунии Эрон, 2875 нафар аз кушташудагон мард ва боқӣ занон ҳастанд.

Омори ҷудогона дар бораи кушташудаҳо дар Эрон қаблан аз сӯи Ҳилоли Аҳмари ин кишвар пахш мешуд, аммо он пурра набуд.

Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар HRANA қароргоҳаш дар Амрико пештар шумораи кушташудагони ҷангро дар Эрон 3636 нафар эълон карда буд. Ин созмон навишт, 1701 қурбониён ғайринизомӣ ҳастанд ва аз онҳо 254 кӯдак мебошанд.

Ҷанг дар Ховари Миёна бо ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар таърихи 28-уми феврал оғоз ёфт ва баъди 40 рӯз ҷонибҳо ба оташбаси дуҳафтаина розӣ шуданд. Ин ҷанг боис ба марги ҳазорҳо тан ва бехонаву ҷой шудани миллионҳо нафар дар Ховари Миёна шудааст.

Мақомот амволи ду бонки муфлисшударо мефурӯшанд

Яке аз филиалҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар шаҳри Хуҷанд
Яке аз филиалҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар шаҳри Хуҷанд

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бинои филиалҳои ду бонки муфлисшударо дар минтақаҳои кишвар ба савдо гузоштааст.

Ба иттилои расмӣ, музояда барои хариди бинои филиалҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ рӯзи 5-уми май баргузор мешавад.

Нархи аввали ин биноҳо аз 1 то 8 миллион сомонӣ таъин шудааст.

Ҳамчунин бинои филиали "Тоҷпромбонк" дар шаҳри Гулистон бо нархи аввали 1,7 миллион сомонӣ ба савдо гузошта шудааст.

Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ нагуфтаанд, ки чанд кас барои харидани биноҳои ин ду бонки муфлисшуда довталаб шудаанд. Баъди соли 2017 чор бонки калони кишвар "Тоҷпромбонк", "Фононбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", муфлис шуданд.

Аз ин миён танҳо "Фононбонк" амонати мизоҷонашро пардохт ва муштариёни се бонки дигар то ҳол наметавонанд пулҳои худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.

Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон борҳо ваъда додаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда маблағи мардум бозпас дода мешавад. Муштариён то ҳол нигарони амонатҳои гузоштаашон ҳастанд.

Тирпарронӣ дар Киев, шаш кас кушта шуд

Пулиси Украина дар ҷойи ҳодиса. 18 апрели 2026
Пулиси Украина дар ҷойи ҳодиса. 18 апрели 2026

Дар пайи ҳамлаи марди ношинос ба роҳгузарон дар шаҳри Киев, ҳадди ақал 6 кас кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса 18-уми апрел рух додааст.

Ба гуфтаи мақомоти Украина, ҳамлавар аввал хонаи худро дар яке аз баландошёнаҳои Киев оташ зада, сипас дар кӯча ба сӯи роҳгузарон оташ кушодаст. Ин марди 58-сола ҳамчунин чанд нафарро дар дохили маркази савдо асир гирифтааст. Чор нафар аз асиронро озод кардаанд.

Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки бо сабаби сӯхтор дар хонаи марди ҳамлавар як кӯдаки чормоҳа аз газ заҳролуд шудаанд.

Дар навори сабткардаи шоҳидон дида мешавад, ки мард бо таппонча роҳгузари аз пешаш баромадаро мепарронад. Ҳанӯз ангезаи ӯ барои ин кор маълум нест. Фарди ҳамлавар дар ҷараёни амалиёти пулис кушта шудааст.

Гуфта шудааст, ки мард зодаи Маскав ва афсари пешини артиши пешин будааст, ки барои авбошӣ аз кор ронда шудааст. Расонаҳои украинӣ гузориш додаанд, ки мард тарафдори ақидаҳои миллатгароёна буд.

навшуда

Эрон тангаи Ҳурмузро дубора баст

Эрон аз тасмими худ барои боз кардани тангаи Ҳурмуз даст кашид.

Сипоҳи посдорон 18-уми апрел эълон кард, ки то вақте Амрико муҳосираи дарёии Эронро қатъ ва равуои озоди киштиҳоро таъмин накунад, тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қаблӣ бармегардад ва сахт назорат мешавад.

Хабаргузории Тасним, наздик ба Сипоҳи Посдорон 18-уми апрел навишт, равуои киштиҳо аз тариқи тангаи Ҳурмуз "таҳти мудирият ва назорати шадиди нерӯҳои мусаллаҳ қарор дорад".

Ин хабар дар ҳолест, ки Вазири корҳои хориҷии Эрон 17-уми апрел аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз барои равуои киштиҳои тиҷоратӣ хабар дода буд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ субҳи шанбеи 18-уми апрел дар вокуниш ба ҳарфҳои Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар Иёлоти Муттаҳида ба муҳосираи дарёии бандарҳои Эрон идома диҳад, тангаи Ҳурмуз бори дигар баста хоҳад шуд.

Пеш аз он, раиси ҷумҳури Амрико бо истиқбол аз боз шудани тангаи Ҳурмуз гуфта буд, дастёбӣ ба як тавофуқи сулҳ "бисёр наздик" аст.

Ҳар рӯз ба воситаи тангаи Ҳурмуз то 20 миллион бушка ё 20 дарсад аз нафти ҷаҳон ва наздик ба 30 дарсад гази моеъ мегузарад.


Дар Норак 500 ҳазор сомонӣ пули дармонгоҳҳоро дуздидаанд

Акс аз сомонаи Оҷонсии зидди фасод
Акс аз сомонаи Оҷонсии зидди фасод

Оҷонсии зидди фасод аз ошкор шудани дуздии беш аз ним миллион сомонӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии шаҳри Норак хабар додааст.

Ба иттилои Оҷонсӣ, сармуҳосиб ва мудири анбори ин корхона аз тариқи сохтани "супоришномаҳои пулгузаронии таҳрифшуда" 530 ҳазор сомониро азхуд кардаанд. Ин маблағ дар санадҳо ба номи Иттифоқҳои касаба навишта шуда, вале ба гуфтаи Оҷонсии зидди фасод аз сӯи сармуҳосиб ва мудири анбор азхуд шудааст.

Назари ин афрод ба қазия маълум нест.

Алайҳи ин ду корманди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии шаҳри Норак бо иттиҳомҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ парванда боз шудааст. Ин иттиҳомҳо ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Идораи Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) фаъолияти дармонгоҳҳоро назорат мекунад

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Трамп: Агар бо Эрон тавофуқ нашавад, мумкин аст оташбасро тамдид накунем

Доналд Трамп дар ҳавопаймои раисиҷумҳурӣ
Доналд Трамп дар ҳавопаймои раисиҷумҳурӣ

Доналд Трамп мегӯяд, агар то рӯзи чоршанбеи 22-юми апрел Амрико ва Эрон ба тавофуқ нарасанд, мумкин аст ҷанг дубора оғоз шавад.

Раиси ҷумҳури Амрико ба хабарнигорон гуфт, дар сурати ба даст наомадани созиш, "шоҳиди муҳосира хоҳед буд ва мутаассифона ночор ба аз сар гирифтани бомборон хоҳем шуд".

Трамп афзуд, муҳосираи бандарҳои Эрон ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Оташбаси дуҳафтаина байни Исроил ва Амрико бо Эрон, ки бо талоши Покистон ҳосил шуд, чоршанбе ба поён мерасад.

"Бист дақиқа пеш хабарҳои хеле хуб доштем. Ба назар мерасад шароит бо Эрон хеле хуб пеш хоҳад рафт", - гуфт Доналд Трамп, аммо ишорае ба муҳтаво ё манбаи ин ахбор накард.

Доналд Трамп ҳамзамон таъкид кард, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт ва таҳти ҳеҷ шароите наметавонад аз киштиҳои убуркунанда аз тангаи Ҳурмуз, таърифа (боҷ) дарёфт кунад.

Президенти Амрико бори дигар таъкид кард, ки урани ғанишуда дар Эрон аз ин кишвар хориҷ карда мешавад. "Ё бо ҳамроҳии эрониҳо ё бо роҳи ғайридӯстона ин корро анҷом хоҳем дод", - афзуд Доналд Трамп.

Дар ҳамин ҳол мақомдорони эронӣ Теҳрон таҳдид карданд, ки агар Иёлоти Муттаҳида муҳосираи бандарҳои Эронро идома диҳад, тангаи Ҳурмуз бори дигар баста хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Эрон 17-уми апрел гуфт, дар замони оташбаси байни Лубнон ва Исроил гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз "пурра боз" хоҳад монд.

Эрон дар охири моҳи феврал ва дар посух ба ҳамлаи Исроилу Амрико равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин гузаргоҳи борики обӣ вобастагии зиёд дорад, маҳдуд кард.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG