Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хостанд, писари 14-солаамро ба хидмати ҳарбӣ баранд" ВИДЕО


Баҳодур Мирзоев

Баҳодур Мирзоев, сокини Душанбе, шикоят дорад, ки шахсони номаълум писари 14-солаашро барои бурдан ба сарбозӣ "шикор" ё "облава" карда, "дар он ҳангом задаанд". Дар Вазорати корҳои дохилӣ чанд рӯз пеш гуфтанд, ки шикоятро таҳқиқ мекунанд. Масъулони Вазорати мудофиа иддао доранд, ки имсол ягон мавриди "сарбозшикор" набуд, чун ба бовари онҳо, "сафи ихтиёриён афзудааст".

Ба нақли Баҳодур Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе, ҳодиса 30-юми октябри имсол рӯй додааст. Вай мегӯяд, писараш Киан Мирзоев 14-сола аст ва он рӯз барои харид ба фурӯшгоҳ рафта буд.

"Ҳангоми бозгашт як нафар талош кардааст, ӯро ба мошини сиёҳшиша шинонад. Гурехтааст. Як шахси дигар ба ӯ монеъ шудааст. Онҳо ҳуҷҷат мепурсанд. Киан гуфтааст, дар синфи ҳаштум мехонад. Сипас, ҷавоб додаанд," – нақл кард ӯ охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ.

Ҷаноби Мирзоев афзуд, ронандаи ин мошин аз писараш барои онки "хато карданд" узр хостааст. Аммо хонавода аз он нигаронанд, ки рафтори онҳо писари ноболиғашонро дар вазъияти бад ва ҳолати афсурдагӣ гузошт.

"Тӯли ду рӯз аз ҳуҷрааш берун нашуд. Гуфт, ҳангоми кашола кардан ба назди мошин нафаре ба тахтапушташ задааст ва пайи он чанд рӯз дар баданаш монда буд," – афзуд Баҳодур Мирзоев.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нома навишт ва таҳқиқи мӯшикофонаи ҳодисаро хост. Масъули ҳуқуқи кӯдакон низ бо ӯ тамос гирифтааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Мехостанд, писарамро зӯран ба артиш баранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Хуршед Қурбоншоев, як намояндаи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, мегӯяд, "ин шикояти нахустини расмӣ аз "облава" дар даъвати имсолаи тирамоҳӣ ба артиш аст."

Масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло бештари ҷавонон ихтиёрӣ ба хидмат мераванд. Қаблан баъзе аз сокинон дар вилояти Хатлон шикоят доштанд, ки мақомот сими барқи онҳоро бурида ва ба дари масҷид қуфл задаанд, то фарзандони худро аз Русия биоранду ба артиш фиристанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, "бо вуҷуди таблиғоти густурда ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба сафи артиш идома дорад. Ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки доираҳои муайян, аз ҷумла дар заминаи манфиатҳои умумӣ, ҳамин корро ба як намуди бизнес табдил додаанд."

Бо ин ҳама, Вазорати мудофиа пойфишорӣ дорад, ки ҳолатҳои "сарбозшикор" ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш сурат нагирифта ва нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон қариб ба охир расидааст.

Баҳодур Мирзоев, падари ноболиғи 14-сола, мегӯяд, чизе, ки бо писараш рӯй дод, воқеият аст ва мехоҳад, сабабгорон расман аз хонаводааш маъзарат хоҳанд. Ӯ бовар дорад, бо истифода аз дурбинҳои назоратӣ дар пойтахти Тоҷикистон пайдо кардани гунаҳгорони талоши "облава"-и писараш кори мушкиле нахоҳад буд. Чизе, ки мақомот дар тақрибан ду ҳафтаи баъди ҳодиса ё накарданд ва ё тафсилоташро расонаӣ намекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG