Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморони зардпарварин дар Тоҷикистон зиёд шудаанд. Чаро? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки шумораи мубталоёни бемории зардпарвин (гепатити А) дар кишвар наздик ба 15 дарсад афзудааст. Ба гуфтаи пизишкон, беморӣ маъмулан дар айёми тирамоҳ бештар мешавад, аммо имсол "аз меъёр зиёдтар аст".

Ба иттилои расмӣ, теъдоди гирифторони зардпарвин дар Тоҷикистон ҳоло ба 1850 нафар расидааст. 94 дарсади онҳо то 18-солаанд. Ин рақам дар ду соли пеш ба 1600 баробар буд.

Пизишкон мегӯянд, муолиҷаи гирифторони зардпарвин то 20 рӯз идома дошта, муддати парҳези он то ним сол моҳ хоҳад буд. Дар робита ба бемории зардпарвин (гепатити А) бо Ноҳида Ҳамроалиева, пизишки Бемористони Ибни Сино дар Душанбе суҳбат кардем.

Ноҳида Ҳамроалиева: "Бемории зардпарвин, ки онро "гепатити А" низ мегӯянд, сироятӣ буда, хуруҷи он аз моҳи август то декабр идома мекунад. Бештар наврасони аз 2 то 18-сола мубтало мешаванд. Сабабҳои асосии афзоиши беморӣ зиёдшавии вирусҳои барангезанда мебошад ва беморӣ нишонаҳои гуногун дорад."

Радиои Озодӣ: Нишонаҳои зардпарвин чӣ буда метавонад?

Ноҳида Ҳамроалиева: "Зардпарвин ҳам бо зардӣ мешавад ва бидуни зардӣ. Дар навбати аввал зардӣ дар пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон аён шуда, сипас дар пӯст зоҳир мешавад. Дар баъзе аз кӯдакон зардпарвин бо дарунравӣ, баъзан қайкунӣ ва ҳарорати баланд мушоҳида мегардад. Онҳое, ки ҳангоми гирифторӣ ба беморӣ зардияшон баланд аст, ҷигарашон низ калон мешавад. Аз ин рӯ, ба чунин афрод давутоз ва машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ машварат дода намешавад."

Радиои Озодӣ: Роҳҳои пешгирӣ аз беморӣ кадом аст?

Ноҳида Ҳамроалиева: “Дастони ҳамеша тоза ва истифодаи оби пок. Ҳамчунин бояд бо гирифтори ин беморӣ робитаи камтар дошт. Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Волидоне, ки кӯдаконашон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, набояд онҳоро ба боғча ва ё мактаб фиристанд. Онҳо метавонанд, ҳамсолони худро ба ин беморӣ мубтало кунанд.”

Радиои Озодӣ: Табобат чӣ гуна сурат мегирад?

Ноҳида Ҳамроалиева: “Муолиҷаи беморӣ истеъмоли зиёди дору нест, балки парҳез аст. Мо кӯдаконро дар хона нигоҳ медорем. Кӯшиш кунед, кӯдак бештар истироҳат кунад ва хӯроки солим хӯрад. Танҳо ягон риояи тарзи ҳаёти солим ва ғизои солим метавонад, роҳи аз ҳама осонӣ табобат аз беморӣ бошад. Агар ба ғизо ва парҳези кӯдак беаҳмиятӣ кунед, ҷигари ӯ калон мешавад ва сабаби гирифторӣ ба гепатити музмин шуданаш имкон дорад.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Беморони зардпарварин дар Тоҷикистон зиёд шудаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG