Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Арманистон ба эъломияи СПАД имзо нагузошт


Ереван

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, дар шаҳри Ереван аз имзои тарҳи эъломияи Шӯрои СПАД ва санад дар бораи чораҳои муштараки ёрӣ ба Арманистон худдорӣ варзид. Дар ин бора маркази матбуотии ҳукумати Арманистон хабар дод.

Дар ин нишаст Пашинян аз СПАД даъват кард, ба рафторҳои Озарбойҷон зидди Арманистон баҳо диҳад, ки ба гуфтаи Пашинян, хушунатомез ҳастанд.

Ӯ афзуд, ҳампаймонон бояд аз Озарбойҷон талаб кунанд, ки артишашро аз қаламрави Арманистон берун барад, дар ғайри сурат "ин маънои онро хоҳад дошт, ки СПАД масъулиятҳояшро сарфи назар мекунад".

Мақомоти Арманистон мегӯянд, дар натиҷаи низои мусаллаҳонаи моҳи сентябр дар марзи Арманистон бо Озарбойҷон артиши Озарбойҷон қисме аз ҳудуди Арманистонро ишғол кардааст. Дар Боку инро рад мекунанд.

Владимир Путин, президенти Русия, ки дар нишасти Ереван иштирок дошт, гуфт, умед дорад, миёни Арманистону Озарбойҷон созишномаи сулҳ имзо мешавад.

Арманистон, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус узви СПАД ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG