Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёдгузори Alibaba дар пайи фишорҳо Чинро тарк кард


Ҷек Ма, муассиси Alibaba Group
Ҷек Ма, муассиси Alibaba Group

Ҷек Ма, бунёдгузори ширкати тиҷоратии Alibaba Чинро тарк карда, давоми ним соли ахир дар шаҳри Токио, пойтахти Яопон ба сар мебарад.

Манбаъҳои Financial Times гуфтаанд, ки Ҷек Ма бо оилааш дар маркази Токио зиндагӣ мекунад. Ҳамсӯҳбатони нашрия дар бораи он ки миллиардер ҳоло дар Токио бо чӣ кор машғул аст, маълумоти дақиқ надодаанд.

Рафтани Ма ба Токио дар пасманзари фишори мақомоти Чин ба ширкатҳои технологӣ сурат мегирад. Соҳибкори чинӣ баъди интиқоди мақомоти давлатӣ дар як ҳамоиши шаҳри Шонгҳой дар соли 2020 дар мазҳари ом хеле кам ҳозир мешуд.

Идораи давлатии танзими бозорҳои Чин моҳи апрели соли 2021 "Alibaba Group Holding Limited"-ро барои нақзи қонунҳои зиддиинҳисорӣ 18,2 миллиард юан (2,8 миллиард доллар) ҷаримаи рекордӣ кард.

Фурӯшгоҳи онлайнии "Ali Express" ҷузъе аз ширкати бузурги "Alibaba Group"-и Чин аст. "Alibaba Group" як майдони тиҷорати электронӣ аст, ки соли 1999 аз сӯи Ҷек Ма, ки он замон муаллими забони англисӣ буд, таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG