Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ДОИШ дар Сурия кушта шудааст


Дар ин маҳал дар Сурия соли гузашта як узви хатарноки ДОИШ-ро Амрико нобуд карда буд
Дар ин маҳал дар Сурия соли гузашта як узви хатарноки ДОИШ-ро Амрико нобуд карда буд

Низомиёни Амрико мегӯянд, Абуҳасан Ҳошимӣ Ал-Қурайшӣ, яке аз раҳбарони гуруҳи Давлати Исломӣ, ба дасти ошӯбгарони Сурия дар ҷануби ин кишвар кушта шудааст.

Хабари марги ӯро рӯзи 30-юми ноябр эълон карданд, вале ба гуфтаи Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико, Ал-Қурайшӣ миёнаҳои моҳи октябр дар як амалиёти Артиши Сурияи Озод дар вилояти Даръо нобуд карда шудааст.

Дар баёнияи расмии ситод аз рӯзи 30-уми ноябр омадааст, ки қатли Абуҳасан Қурайшӣ як “зарбаи дигар” ба ДОИШ аст, ки бо бедодгариҳояш дар Сурияву Ироқ ном бароварда буд.

XS
SM
MD
LG