Дар чанд ҷумла
ИМА гуфт, бо Тоҷикистон дар мубориза бо ВИЧ кӯмак кардааст
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, ки барои мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам ё СПИД бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.
Сафорат дар хабарномае гуфтааст, ки барои мубориза бо ин вирус ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Рӯзи 1-уми декабр дар ҷаҳон ҳамчун рӯзи мубориза бо ВИЧ/СПИД ёд мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор гирифтори вируси норасоии масъунияти одам сабт шудааст.
Сафорати ИМА гуфтааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятӣ огоҳии гирифторони ин вирусро бештар кардаанд.
“То октябри соли 2022, 76% шахсони калонсоли гирифтори ВНМО оид ба ҳолати худ огоҳ буданд; аз онҳо 87% табобати наҷотбахши зиддиретровирусиро қабул мекарданд ва аз байни онҳое, ки табобатро қабул мекарданд, 88% сарбории вирусии номуайянро доштанд, ки ин маънои онро дорад, ки онҳо шарикони худро бо ВНМО сироят нахоҳанд кард.”—гуфта шудааст дар хабарномаи сафорат.
Дар тамоми ҷаҳон 38 миллион гирифтори ВИЧ/СПИД сабт шудааст. Ин вирус бадани инсонро заъиф мекунад, вале агар гирифтори ВИЧ зери назорати пизишкон амал кунад, солҳо зиндагӣ мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
“Ҳар вақте хостанд, барқ медиҳанд ё қатъ мекунанд”
“Кадом вақте хостанд, барқ медиҳанд ё хомӯш мекунанд. Ҳар шаб аҳвол ҳамин аст. Ё баҳона пеш меоранд, ки дастгоҳи тақсими барқ сӯхтааст.”
Ин нақли як сокини шаҳри Кӯлоб дар бораи маҳдудияти шадиди нерӯи барқ дар зодгоҳаш аст. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ (нахост номаш фош шавад), вақти дақиқи омадани барқ маълум нест.
Чанд шаб боз дар Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он барқ дар соати 21 хомӯш мешавад. Субҳи 11-уми ноябр аз тамоми маҳаллаҳои Кӯлоб шикоят расид, ки нерӯи барқ надоштанд.
Дар Шабакаҳои тақсими шаҳри Кӯлоб ин вазъро шарҳ надоданд. Баъзе аз сокинон талаб доранд, ки соатҳои таъмини нерӯи барқ муайян шаванд.
Дар Тоҷикистон расман мавсими “лимит” ё маҳдудияти барқ эълон нашудааст, вале дар тамоми гшаҳои кишвар мардум аз моҳи сентябр ба ин сӯ барқи кам мегиранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Падаре, ки писарашро ба мошин баста буд, 25 сол гирифт
Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш, аз ҷумла дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, гузориш дод, ки сокини шаҳри Турсунзода Парвиз Одинаев дар пайванд ба шиканҷа ва марги писараш, Хусрав Одинаев, ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.
Мақомот дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.
Як манбаи "Азия-Плюс" 17-уми ноябр гуфтааст, ҳукм шаш рӯз қабл содир шуд. Ба қавли ӯ, "додситон барои Одинаев 27 сол зиндон талаб кард, аммо додрас фарзандони ноболиғ доштани Одинаевро ба назар гирифта, ҳукмро ду сол поин овард".
Хусрав Одинаеви 15-сола дар моҳи июли имсол дар пайи шиканҷаи падараш ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, Парвиз Одинаев ӯро ба дуздии пул гумонзад дониста, вале ба ҷойи муроҷиат ба мақомот худаш ба мошин баста, ҷазо додааст.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки порлумони Тоҷикистон соле пеш падару модаронро вазифадор карда буд, дар тарбияи кӯдак аз зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмонӣ истифода накунанд.
Соли 2024 дар Тоҷикистон нисбат ба ноболиғон 994 ҷиноят содир шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, имсол хушунати зидди наврасон 30 дарсад афзуд.
Ба ҷуз марги Хусрав Одинаев, ҳадди ақал дар се ҳодисаи дигар, ки имсол расонаӣ гашт, падару модарон фарзандони худро ба об партофта ё бо корд захмӣ кардаанд. Яке аз ин волидон дар вилояти Хатлон ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.
Дар ҳамлаи Русия ба Харков се кас кушта шудааст
Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии артиши Русия ба Украина дастикам се кас дар вилояти Харков кушта шудаанд.
Дар ин бора мақомоти маҳаллии вилоят хабар доданд.
Ин ҳамлаҳо дар остонаи сафари навбатии Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ба кишварҳои аврупоӣ сурат гирифт.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина рӯзи 17-уми ноябр хабар дод, ки дар Харков 3 кас кушта ва 13 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Се нафар аз захмиён кӯдакон ҳастанд. Ҳамаи ин афрод сокинони шаҳри Балаклея буданд.
Артиши Русия дар оғози таҷовуз ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 шаҳри Балаклеяро ишғол кард, аммо баъди чанд моҳ нерӯҳои Украина онро озод карданд.
Дар Амрико баъди ду аср истеҳсоли хурдтарин пули филизӣ ба поён расид
Дар ИМА таърихи беш аз дуасраи истеҳсоли тангаи яксентӣ ё пеннӣ расман ба поён расид. Дар маросиме, ки 12-уми ноябр дар корхонаи зарробии Филаделфия бо иштироки Брендон Бич, хазинадори ҳукумати Амрико барпо шуд, хабарнигорон тавлиди охирин тангаҳои амрикоиро дар таърихи 232-солаи ин кишвар шоҳид шуданд.
Моҳи феврали имсол президент Доналд Трамп ба Идораи хазинадорӣ амр дод, ки истеҳсоли ба гуфтаи ӯ “пурхарҷи” пенниҳоро хотима диҳанд. Дар пайи ин истифодабарандагони фаъоли пулҳои оҳанӣ – истгоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ, автоматҳои ширинию хӯрокҳои зудпаз маҷбур дар пайи иваз кардани шеваи хадамот шуданд.
Мақомоти амрикоӣ ҳисоб кардаанд, ки харҷи истеҳсоли як пеннӣ дар даҳ соли охир аз 1,42 то 3,69 сент афзоиш ёфта, зиёновар шудааст.
Брендон Бич, хазинадори ҳукумати ИМА гуфт,“танҳо аз ҳисоби қатъи истеҳсоли пеннӣ соле андоздиҳандаҳои амрикоӣ 56 миллион долларро сарфа хоҳанд кард”.
Ӯ гуфт, ки ҳоло пеннӣ бо арзиши 300 миллиард доллар дар гардиш мебошад ва баъди қатъи истеҳсоли он ҳам, истифодааш дар дасти мардум идома хоҳад кард.
“Бо назардошти навшавии босуръати ҳамёни амрикоиҳо ва хазинадорӣ президент Трамп ба ин андешаанд, ки идомаи истеҳсоли пеннӣ барои ҷомеаи Амрико дигар як амри зарурии молӣ намебошад”, - афзуд Хазинадори ҳукумати ИМА.
Ҳукумати Амрико пенниро соли 1793 ҷорӣ намуда, аз соли 1909 дар рӯи он акси президент Абраҳам Линколнро сикка заданд. Барои сохтани ин тангаҳои хурд руҳ ва мис ба кор меравад.
Дар Тоҷикистон дирамҳо дар нақлиёт ба кор мераванд
Таҷрибаи дасткашӣ аз истеҳсоли тангаҳои хурдро дар давлатҳои дигари мисли Канада, Австралия, Ирландия, Зеландияи Нав ҳам роҳандозӣ кардаанд. Дар кишвари аврупоии Чехия соли 2008, баъди истифодаи 15-солаи хурдтарин сикаҳои металлии 10, 20 ва 50-ҳеллерӣ аз истифодаи он даст кашиданд. Вале дар муомилаҳои бонкӣ ин арзиш ҳифз шуда, масалан, агар маҳсулот 30 крону 50 ҳеллер нарх дорад, бо корти бонкӣ ҳамин пул ва бо пули нақд аз муштарӣ 31 крон гирифта мешавад. Агар нархи маҳсулот 30 крону 40 ҳеллер буд, пас бо пули нақд нархи он то 30 крон яклухт карда мешавад.
Дар Тоҷикистон 25 сол пеш пули миллии сомонӣ ва ҳамроҳ бо он сиккаҳои 1, 2, 5, 20 ва 50-дирамӣ чун нишондоди хурдтарини пули нақд ба гардиш дароварда шуданд. Барои истеҳсоли дирамҳои тоҷикӣ аз пӯлоду мису латун истифода мекунанд, мегӯяд Бонки миллӣ. Соли 2011 намунаҳои тангаҳои филизии Тоҷикистон нав шуданд.
Ҳамарӯза барои истифодаи нақлиёти мусофирбари мисли автобусу троллейбус ва микроавтобусҳо сокинони Тоҷикистон аз ҳамин тангаҳои хурд истифода мекунанд.
Сарвазири пешини Бангладеш дар ғайбаш ба эъдом маҳкум шуд
Шайх Ҳасина, нахуствазири пешини Бангладеш, ки моҳи декабри соли 2024 дар пайи эътирозҳои оммавӣ аз қудрат рафта буд, дар ғайбаш ба эъдом маҳкум гардид.
Як додгоҳи Бангладеш 17-уми октябр Шайх Ҳасинаро ба "ҷиноят алайҳи башарият" ва саркӯби маргбори норозиён гунаҳкор кард.
Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", баъд аз эълони ҳукм ҳозирон дар толори додгоҳ хурсандӣ карданд.
Худи Шайх Ҳасина, ки ба Ҳинд фирор кардааст, аз ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ худдорӣ кард ва ин додгоҳро супоришӣ хонд.
Шайх Ҳасинаи 77-сола дар пайи эътирозҳои густурда 5-уми августи соли гузашта истеъфо дода, аз Бангладеш фирор кард. Ҳасина 15 соли ахир нахуствазири Бангладеш буд.
Трамп аз эҳтимоли гуфтугӯ бо Мадуро хабар дод
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз эҳтимоли гуфтугӯ бо Николас Мадуро, президенти Венесуэла хабар дод.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 16-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, “мумкин аст, гуфтугӯҳое бо Модуро дошта бошем, бояд бинем чӣ мешавад. Онҳо мехоҳанд суҳбат кунанд”.
Трамп бидуни шарҳи ҷузъиёти бештар танҳо илова кард, ки “Венесуэла мехоҳад гуфтугӯ кунад. Маънояш чист? Шумо бигӯед... ман бо ҳар касе суҳбат мекунам”.
Таниш миёни Амрико ва Венесуэла дар моҳҳои охир бештар шудааст.
Артиши Украина гуфт, ба корхонаи коркарди нафт дар Самара зарба зад
Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфт, ки низомиёни ин кишвар ба як корхонаи коркарди нафт дар вилояти Самараи Русия зарба задаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин корхона артиши Русияро бо сӯзишворӣ таъмин мекунад.
Вячеслав Федоришичев, волии Самара, ҳамларо тасдиқ кард, аммо хабар дод, ки онро "хунсо кардаанд" ва "талафоте нест".
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳамчунин гузориш доданд, ки як анбори ҳавопаймоҳои бесарнишин ва ҷойи нигоҳдории сӯзишвориро дар қаламрави зери назорати Русия дар вилояти Донетск хароб карданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Волгоград дар Русия дар хабарномае гуфтанд, ки шаби 15 ба 16-уми ноябр ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ дар ноҳияҳои Дзержинский ва Тракторозаводский ба биноҳои истиқоматӣ зарар расонидаанд. Се кас маҷруҳ шудааст.
Вазорати дифои Русия гуфт, нерӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар шаби гузашта дар фазои Волгоград 17 ва дар вилояти Самара 23 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро раҳгирӣ карданд. Ба иттилои вазорат, дар умум 57 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шудаанд.
Тасдиқи иддаои ҷонибҳои даргир феълан ғайриимкон аст.
Муҳлати нав барои паноҳандагоне, ки дар Бритониё иқомати доимӣ мехоҳанд
Бритониё эълон кард, ки давраи интизории паноҳандагонро барои гирифтани иқомати доимӣ дар ин кишвар ба таври чашмгир афзоиш медиҳад.
Тарҳ шоми 15-уми ноябр муаррифӣ шуд.
Бар асоси он, касоне, ки ба таври ғайриқонунӣ вориди Бритониё шуда, сипас паноҳандагӣ мегиранд, бояд 20 сол сабр кунанд, то битавонанд барои иқомати доимӣ дархост диҳанд. Ин муҳлат дар ҳоли ҳозир ба панҷ сол баробар аст.
Барои онҳое, ки аз роҳҳои қонунӣ вориди Бритониё мешаванд, низ муҳлати интизорӣ барои гирифтани иқомати доимӣ то даҳ сол боло бурда мешавад.
Вазорати умури дохилии Бритониё ин барномаро "ислоҳоти бузургтарин дар сиёсати паноҳандагӣ" номид ва гуфт, ҳадафи он коҳиши вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон ва осон кардани ихроҷи ин гуна афрод аст.
Тибқи қоидаҳои ҳозира, шахсоне, ки дар Бритониё мақоми гуреза доранд, то 5 сол ҳимоят мешаванд. Вазорати корҳои дохилии Бритониё гуфт, ин давра низ ба дуним сол поин оварда мешавад ва бозгашти шахсоне, ки кишварашон "амн" ҳисобида мешавад, иҷборӣ хоҳад гашт.
Бар асоси тарҳи нав, масъулияти давлат барои таъмини паноҳандагон бо хона ва ироаи кумакҳои молӣ дар Бритониё, ки аз соли 2005 ба ин сӯ ҷорист, лағв карда мешавад.
Муҷозоти як сокини Исфара барои фурӯхтани адабиёти динӣ
Додгоҳи Исфара (вилояти Суғд) як сокини ин шаҳрро бо гуноҳи фурӯхтани адабиёти динии бидуни иҷоза зиёда аз 4 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз чорсад доллар, ҷарима бастааст. Хулосаи қарори додгоҳ рӯзи 10-уми ноябр нашр шуд.
Мақомот аз ӯ ном нагирифта, гуфтаанд, дар бозори марказии Исфара ба савдои адабиёте машғул буд, ки “фурӯш ва паҳн карданаш бе ҳуҷҷати расмии диншиносӣ манъ аст.”
Мавқеи ин сокини Исфара маълум нест ва ҳам номгӯйи адабиёт нашр нашудааст.
Шерзод Аслиддинзода, муовини раиси Додгоҳи Исфара, дар хулосаи қарор гуфтааст, ҳафт китоб мусодира ва барои нигоҳдорӣ ба Кумитаи дин фиристода шуд: "Вақте адабиёти динӣ бе санҷиш... паҳн мешавад, ин эҳтимол дорад, ки ҳамвора хатарҳои идеологӣ ва экстремистӣ дар байни ҷомеа ҷой мегиранд."
Мақомоти Тоҷикистон соли 2009 ва пас аз қабули қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, воридот ва нашру паҳни адабиёти диниро зери назорат гирифтаанд. Аз он сол ба баъд бе иҷозаи мақомот ворид кардан, чоп ё фурӯхтани адабиёти динӣ бидуни санҷиш ва иҷозаи расмӣ манъ аст.
Мақомот ин корро барои пешгирӣ аз паҳн шудани адабиёти ифротӣ дуруст медонанд, аммо баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар онро ҳамчун бахше аз маҳдудиятҳои озодии бунёдӣ танқид мекунанд.
Путин ва Нетаняҳу дар бораи вазъ дар Ховари Миёна суҳбат кардаанд
Хабаргузории "Рейтерс" ба нақл аз Кремлин навишт, ки президенти Русия Владимир Путин бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гап задааст. Ин суҳбат рӯзи 15-уми ноябр телефонӣ анҷом шуд.
Дар баёнияи Кремлин омадааст, ки ду ҷониб дар бораи вазъияти Ховари Миёна, аз ҷумла таҳаввулот дар Ғазза, Сурия ва барномаи ҳастаии Эрон гуфтугӯ карданд. Тафсилот дода нашудааст.
Ба гузориши "Таймз Исроил", дафтари Нетаняҳу низ танҳо бо ишора ба суҳбати ду тараф дар бораи "масоили минтақаӣ" иктифо кард.
Гуфтугӯи раҳбарони Русия ва Исроил се рӯз баъди он сурат гирифт, ки Эрон ба бозрасони Созмони байнулмилалии энержии атомӣ иҷоза надод, то ба таъсисоти ҳастаияш, ки Исроил ва Амрико бомбборон кардаанд, дастрасӣ пайдо кунанд.
Трамп аз Би-би-сӣ то $5 млрд товон мехоҳад
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кардааст, ки барои ҳифзи обрӯи худ ва талаби товон то панҷ миллиард доллар аз Би-би-сӣ, иқдоми қонунӣ мекунад.
Раисҷумҳури Амрико шаби гузашта ба хабарнигорон гуфт, "мо аз онҳо байни як то панҷ миллиард доллар товон талаб хоҳем кард. Эҳтимолан ҳафтаи оянда. Мо маҷбурем ин корро анҷом диҳем".
Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Би-би-сӣ аз раисҷумҳури Амрико Трамп бахшиш пурсид, аммо дархости ӯ барои пардохти товони як миллиард долларро напазируфт.
Би-би-сӣ муттаҳам аст, ки суханронии 6-уми январи соли 2021-и Трампро ба тавре нашр кардааст, ки нишон диҳад ӯ мардумро мустақиман ба хушунат фаро хондааст.
Би-би-сӣ дар ин маврид иштибоҳи худро пазируфта ва ба ҳамин далел, мудири умумии ин расонаи давлатии Бритониё ва мудири бахши хабари он истеъфо доданд.
Пеш аз ин вакилони дифои Трамп то рӯзи ҷумъа ба Би-би-сӣ фурсат дода буданд, ки расман узрхоҳӣ кунад ва товони муносиб бипардозад.
Бо ин ҳол, Би-би-сӣ танҳо узрхоҳии расмӣ карда, дархости Трамп барои пардохти товони якмиллиарддоллариро қабул накардааст.
Афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ. Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд сафар кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 ноябр барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна, ба Тошканд сафар кард.
Дафтари матуботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва дигар мақомоти расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна рӯзҳои 15-16 ноябр бо мизбонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев доир мешавад.
Қарор аст дар он президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон иштирок кунанд.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев соли савум аст, ки ба унвони меҳмони фахрӣ дар ин ҳамоиш иштирок мекунад.
Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, дастури кори ин нишаст, афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ ва иҷрои тарҳҳои калони муштарак мебошад.
Раҳбарони минтақа ҳамчунин дар бораи масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар хоҳанд кард.
Қарор аст, ки дар поёни ин вохӯрӣ, бастае аз санадҳои чандҷониба имзо шавад.
Тоҷикистон барои Гурҷистон коргар меҷӯяд
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як хабар шаҳрвандони кишварро барои кор дар Гурҷистон дар самти бурдарасонӣ ё "доставка", даъват кардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки музди кор дар як соат беш аз 6 доллар ё ҳудуди 58 сомонӣ аст. Аммо хариди билет, хӯрок ва ҷои зист аз ҳисоби худи коргар пардохт карда мешавад.
Хоҳишмандон дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба муддати як сол дар ин кишвар фаъолият карда метавонанд. Талабот барои корҷӯён чунин аст: сину сол аз 18 то 45, надоштани доғи судӣ ва доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (категорияҳои А ва В).
Мақомоти Тоҷикистон солҳои ахир талош доранд, ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад.
Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи онҳо зиёд нест.
Дар ҳамлаҳои Русия ба Киев сафорати Озарбойҷон осеб дидааст
Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина, чандин тан кушта ва даҳҳо тани дигар, аз ҷумла, як зани обистан захмӣ шудаанд. Нерӯҳои русӣ дар ҳамлаҳои 14 ноябр аз 430 ҳавопаймои бесарнишин ва 18 мушак истифода кардаанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар шабакаи "Телеграм" гуфтааст, ки ҳамлаҳои рӯзи дар рӯзи 14 ноябр яке аз бузургтарин ҳамлаҳои Русия дар моҳҳои ахир аст. Зеленский дар идома гуфтааст, ки шаҳрҳои Суми, Одесса ва Харков ҳам ҳадаф қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи Зеленский, нерӯҳои дифои ҳавоии Украина 405 бесарнишин ва 14 мушак, аз ҷумла, ду мушаки баллистикии навъи "Кинжал"-ро раҳгирӣ карданд.
Зеленский афзудааст, ки даҳҳо бинои баландошёна, бемористонҳо ва Сафорати Озарбойҷон дар ин ҳамлаҳо осеб дидаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон низ гуфтааст, ки дар ҳамла бахше аз девори сафорати ин кишвар дар шаҳри Киев тахриб шуда ва хисороти қобили таваҷҷуҳе ба ин бинои дипломатӣ ворид шудааст.
Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ шаҳракҳои истиқоматиро дар саросари пойтахти Украина ҳадаф қарор додааст.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев низ гуфтааст, ки ҳудуди 30 бино тахриб шудааст.
Тимир Ткаченко, раиси идораи низомии Киев гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо шаш нафар дар пойтахт кушта шуда, дастикам 35 тани дигар захм бардоштаанд, ки ду тани онҳо кӯдакон буданд.
Русия ҳамеша инкор кардааст, ки зербиноҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор медиҳад.
Писари дигари Гул Шералӣ консули Тоҷикистон дар Санкт-Петергбург шуд
Хуршед Шерализода, писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноат консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таъин шудааст.
Бародари ӯ, Ашраф Гулов, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст.
Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр навиштааст, ки "бо розигии президент" дар шаҳру вилоятҳои Русия "аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд."
Исми афроди нав расман эълон нашудааст, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Хуршед Шерализода, ки ёвари вазири корҳои хориҷӣ буд, ба кори наваш дар Санкт-Петербург оғоз кардааст.
Бар асоси маълумотҳои дарёфтӣ, Заррина Исмоилзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Россия шудааст. Ӯ нахустин зани дипломат аст, ки консули Тоҷикистон дар яке аз вилоятҳои бузурги Русия таъин мешавад.
Бар асоси тағйироти ахир, Холназар Ғоиб, консулии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, Файзуллозода Фаридун, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия муқаррар шудаанд.
Муродзода Фирӯз, консулии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таъин гаштааст.
Дар шаҳрҳои Русия, ки консулҳои Тоҷикистон дигар шудаанд, теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик кору фаъолият мекунанд.
Муҳоҷирони тоҷик пайваста аз озору азият ва нақзи ҳуқуқашон дар Русия шикоят мекунанд ва намояндагиҳои Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки ба додашон намерасанд.