Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Кувайт


Дар Кувайт ширкати Kuwait Airways мақоми давлатӣ дорад. Дар акс: муаррифии ҳавопаймои навъи Airbus A350-900 XWB-и ин ширкат дар Фурудгоҳи шаҳри Кувайт
Дар Кувайт ширкати Kuwait Airways мақоми давлатӣ дорад. Дар акс: муаррифии ҳавопаймои навъи Airbus A350-900 XWB-и ин ширкат дар Фурудгоҳи шаҳри Кувайт

Аз охири декабри имсол шаҳрвандони Тоҷикистон имкони парвози мустақим ба шаҳри Кувайтро пайдо мекунанд. Ширкати ҳавоии “Ҷазира” (Jazeera Airways) ахиран хабар дод, ки шурӯъ аз 29 декабр ҳафтае ду бор – рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ҳавопаймоҳои он дар самти Душанбе-Кувайт парвоз хоҳанд кард.

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Кувайт натиҷаи заҳматҳои сесолаи онҳо ва музокираҳо бо ҳукумати Кувайт ва ширкати “Ҷазира” мебошад. Ба гуфтаи сафир, шурӯъ аз 29-уми декабр ҳафтае ду рӯз - рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе дар самти Душанбе-Кувайт-Душанбе парвозҳо сурат мегирад. “Масофаи парвоз то Душанбе 3 соат, аз Душанбе ба Кувейт 3:40 дақиқа мебошад. Қимати билет ба ҳарду самт 175 динор, муодили 510 доллар нархгузорӣ шудааст. Таваҷҷӯҳ аз ҷониби Тоҷикистон бояд кам набошад, чун ин парвозҳо барои ҳаҷҷи умраи шаҳрвандон мусоидат мекунад. Ҳадаф ҷалби таваҷҷӯҳи туристон аз Кувайт аст”, гуфт Зубайдов.

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт

Ба гуфтаи ин дипломати тоҷик, ширкати “Ҷазира” то ҳол бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ барпо кардааст ва талошҳои бо Тоҷикистон роҳандозӣ кардани чунин ҳамкориҳо бо сабаби пандемияи коронавирус ба дарозо кашид.

Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Кувайт машваратҳое ҷараён доранд, ки шароити гирифтани визаи сафарро танзим мекунад. Зубайдов гуфт, ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд визаи Кувайтро онлайнӣ дарёфт кунанд ва дар оянда эҳтимоли дар фурудгоҳи Кувайт фароҳам шудани роҳи соддаи визагирӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ин мавзӯъ дар ҷараёни мулоқоти ҳафтае пеши Зубайдов бо Мишъал Иброҳим, муовини вазири умури хориҷии Кувайт оид ба корҳои консулӣ баррасӣ шудааст.

Дар бораи шурӯи парвозҳо ба самти Душанбе ахиран раҳбари кулли ширкати “Ҷазира” ҳам ба матбуот хабар додааст. Сомонаи newsroom.aviator.aero ба нақл аз Роҳит Рамачандран, мудири иҷроияи ширкати ҳавоии Jazeera Airways менависад, ки кори ин ширкат то ҳол дар бисёр ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин роҳандозӣ шудааст ва ҳоло имкони сафари сокинони Ховари Миёна ба Тоҷикистон ҳам фароҳам мешавад. Ӯ гуфтааст, ки парвозҳои миёни Кувайт ва Душанбе инчунин барои зоирони Арабистони Саудӣ хидмат хоҳанд кард.

“Ҷазира” як ширкати ғайридавлатии ҳавоӣ дар Кувайт буда, дар Ховари Миёна, Покистон, Ҳинду Аврупо парвозҳо анҷом медиҳад ва ба қатори ширкатҳои локостер ё арзонфурӯш дохил мешавад.

Шаҳри Ал-Кувайт пойтахти Давлати Кувайт - кишваре дар Осиёи ҷанубуғарбӣ буда, бо Ироқ ва Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст. Кишвари содиркунандаи нафт буда, робитаҳои дипломатии Кувайту Тоҷикистон соли 1995 барқарор шудааст.

XS
SM
MD
LG