Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Танзим" монад, ислоҳ шавад ё аз байн равад? Баҳси нав дар бораи қонуни баҳсбарангез. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъзе аз фаъолон дар Тоҷикистон хоҳони ислоҳи қонуне шудаанд, ки ҳукумат сабаби фаровонии дасторхону сарфа шудани пули мардум ва яке аз дастовардҳояш медонад. Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимро понздаҳ сол пеш қабул карданд, вале дар ин муддат баҳс бар сари иҷрояш хомӯш нашуд. Ҳоло дубора дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Мақомот мегӯянд, ниёзе ба тағйир нест.

Далели Талбаков

Баҳс дар бораи қонуни танзим пас аз як муроҷиати видеоии Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гарм шуд. Талбаков рӯзи 14-уми декабр хитоб ба вакилони порлумон гуфт, “шароити зиндагии мардум дар муқоиса ба даҳ сол пеш беҳтар шудааст".

Абдуқодир Талбаков
Абдуқодир Талбаков

Ӯ рӯзи 15-уми декабр дар суҳбати ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт: “Пешниҳоди аксари мардум чист? Тӯйро то чор соат дароз кунанд ва маҳдудияти меҳмононро аз байн баранд. Аслан дар маросими дафн мардум муқобил нестанд, аммо дар тӯй каме изҳори нигаронӣ карда истодаанд.”

“Масалан, дар минтақаи Турсунзода ё Зарафшон гоҳе тӯйҳоро ба Узбекистон мебаранд. Дар онҷо танзим нест, 12 соат тӯй мешавад. Қисмати дигари ҷавонон дар Русия ба воя расидаанд ва дар Тоҷикистон тӯй карданӣ нестанд,” – илова кард ӯ.

Қонуни танзим ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуд. Бар асоси ин санад, сокинон ҳақ надоранд, ба ҷашни арӯсӣ на бештар аз 150 нафар меҳмон даъват кунанд ва ҷашн ҳам набояд аз 3 соат бештар бошад. Додани таом дар маросиме ба мисли худоӣ, чил ва сол, ки барои гиромидошти ёди фавтидаҳо баргузор мешуд, низ манъ аст.

Пешниҳоди охир баҳси ҷонибдорону мухолифони қонунро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР", дар Фейсбук навишт, ки "танзим умуман бояд бардошта шавад!" Азизи Нақибзод, рӯзноманигори дигари тоҷик, бовар дорад, "маърака мардумро сарҷамъ мекунад ва ваҳдат меофарад."

Видеоро дар инҷо бинед:

Баҳс сари қонуни танзим дигарбора авҷ гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Вокуниши мақомот

Мақомоти Тоҷикистон дар 15 соли охир борҳо аз қонуни танзим ё, ба қавли онҳо, “қонуни миллӣ” ситоишу ҳимоят карда, гуфтаанд, ин санад боис ба сарфаи миллионҳо сомонии мардум шуд. Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ ҳоло ҳам айни суханро такрор мекунанд.

Мансур Назаров
Мансур Назаров

Мансур Назаров, як намояндаи Кумита, рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар 15 соли охир қонуни танзим ба зиндагии мардум таъсири хуб гузоштааст.

“Албатта, шаҳрвандон озоданд. Онҳо метавонанд, пешниҳод кунанд, вале ҷашн гирифтани зодрӯз дар фарҳанги мо набуд, ин аз фарҳанги бегона ворид шуд. Агар мо боз маҳдудиятҳоро бардорем, хароҷоту исрофкории зиёд ба миён меояд. Чӣ хел дар мактабҳо бо хароҷоти зиёд зодрӯзро ҷашн мегирифтанд. Ин қонун ҳатман нақши худро бозида истодааст,” – шарҳ дод ӯ.

Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ дар Душанбе нишон дод, ки мардум дар бораи қонуни танзим назари яксон надоранд. Иддае хоҳони монданаш ҳастанд, дигарон хоҳони ислоҳ ва ё бекор карданаш.

Ба фоидаи мардум ва ё бар зарар?

Як мусоҳиби мо дар хиёбонҳои Душанбе рӯзи 15-уми декабр гуфт, “бигзор мардум вобаста ба шароит ва тавоноияшон маърака гузаронанд. Агар маърака кунанду ниме аз хешовандону дӯстон биоянду ниме наоянд, суитафоҳум мешавад. Дар урфият мегӯянд кӯрпаатро чени почаат дароз кун.”

Роҳгузари дигаре афзуд, “беҳтар аст, танзим бошад, ба фоидаи мардум аст". "Бояд баъзе маҳдудиятҳоро бардоранд. Масалан, 150 нафарро бояд ба тӯй даъват кунем. Ҳозир хешутабор зиёд шудаанд. Нони ҳамсояро хӯрдаем. Вақте 150 нафар мегӯянд, магар ҳамсояҳоро пеш ё баъди тӯй даъват кунем, ки боз ҳам харҷ дорад," – илова кард мусоҳиби дигари мо.

Нигаронии баъзе аз сокинон ин аст, ки барои риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур ҷаримаҳои бузурге таъйин шудааст. Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, ҷаримаҳо то он ҳадде нест, ки боис ба нигаронӣ бошад.

Бино бар омори расмӣ дар нӯҳ моҳи имсол мақомоти Тоҷикистон сокинонро барои нақзи қонуни танзим бештар аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG