Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯ ба поин. Қурби рубл муҳоҷирону хонаводаашонро ғамгин кард. ВИДЕО


Қурби асъор дар яке аз бонкҳои Тоҷикистон. 21-уми декабри 2022
Қурби асъор дар яке аз бонкҳои Тоҷикистон. 21-уми декабри 2022

Дар Тоҷикистон арзиши рубли русӣ дар баробари сомонӣ якбора поин рафт. Ҳафтаи гузашта 1000 рубл 158 сомонӣ буд, ҳоло 141 сомонист. Ин хабар садҳо нафарро дар Тоҷикистон нигарон кард. Қурби рубл барои аксар сокинони кишвар муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд. Таҳлилгарон ин вазъро ҳосили ҷорӣ шудани нархи ягона барои нафти Русия медонанд.

"Аввал 3300 буд, ҳоло 2800"

Ин рӯзҳо чеҳраҳои гирифтаи наздикони муҳоҷиронро дар назди бонкҳои Тоҷикистон зиёд дидан мумкин аст. Сабаб поинравии қурби рубл аст, ки даромади муҳоҷиронро бо сомонӣ камтар карда.

Қиёмиддин Салимов се моҳ пеш аз Русия ба ватан баргаштааст. Ӯ ҳар моҳ аз Русия ба Тоҷикистон 20 ҳазор рубл мефиристод, ки қариб 3300 сомонӣ мешуд. Ҳоло 20 ҳазор рубл 2800 сомонӣ аст. "Зиндагии мо аз ҳисоби кор дар Русия аст. Барои ҳамин, агар қурби рубл поин шавад, барои мо бад аст, даромади моро кам мекунад," -- гуфт ӯ 21-уми декабр.

назди яке аз банкоматҳо
назди яке аз банкоматҳо

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи чаҳоршанбе мушоҳида карданд, ки наздикони муҳоҷирон аз як бонк ба бонки дигар гашта, қурби рублро месанҷанд. Ба умеди онки дар ягон бонк қурби рубл нисбатан баландтар аст. Қурби рубл дар рӯзҳое поин шуд, ки аксар муҳоҷирон ба ватан баргашта, дар пеш ҷашни соли нав аст.

Наталя Алексеева, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, "пеш аз ҷашни соли нав нарх дар бозор боло меравад. Мо мехостем, дастархон омода кунем. Агар қурби рубл поин равад, маҷбурем, аз харидани баъзе маҳсулот худдорӣ кунем."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Қурби рубл дар Тоҷикистон поин рафт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Таъини нархи ягона барои нафт?

Дар рӯзҳои охир қурби рубл дар баробари доллари амрикоӣ низ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар Душанбе сабаби поин рафтани қурби рублро гуногун шарҳ медиҳанд. Баҳром Шарифов, таҳлилгар ва корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод, гуфт, яке аз сабабҳои асосии коҳиши қурби рубл таъини нархи ягона барои харидани нафти Русия аст.

Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар аввали моҳи декабр барои нафти Русия нархи ниҳоӣ муайян карданд. Минбаъд ин кишварҳо як бушка нафти Русияро набояд бо баҳои бештар аз 60 доллар бихаранд. Даромади асосии Маскав аз ҳисоби фурӯши нафт аст ва тасмими кишварҳои ғарбӣ боиси поин рафтани қурби рубл шуд.

Баҳром Шарифов, таҳлилгари тоҷик
Баҳром Шарифов, таҳлилгари тоҷик

"Дар бозорҳои Аврупо нархи газ ҳоло аз 1000 евро барои 1000 метри мукааб поин рафт. Пештар нарх 2,5 - 3 ҳазор доллар буд. Ин сабабҳо ба иқтисоди Русия таъсир мерасонанд. Даромади ин кишвар аз ҳисоби фурӯши нафту газ кам мешавад ва даромади халқ ҳам камтар," -- шарҳ дод Баҳром Шарифов.

Уфтод, "ҷон гирифт", уфтод

Имсол қурби рубли русӣ пастиву баландиҳои зиёдро тай кард. Пас аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ карданд ва қурби рубл ба таври назаррас коҳиш ёфт. Пас аз муддате дубора "ҷон" гирифт ва ҳатто аз қурби пеш аз моҳи феврал боло рафт. Баъзе аз таҳлилгарон он вақт гуфта буданд, ки Русия ба таври сунъӣ қурби рублро боло нигоҳ медошт.

Баҳром Шарифов ҳам мегӯяд, механизмҳои нигаҳдории қурби рубл "на бозорӣ, балки характери фармонфармоӣ дорад. Кишварҳои ғарбӣ ва Русия дар зиддияти байни худ чӣ имконияте аст, истифода бурда истодаанд, берун аз нуқтаи назари он назарияҳои иқтисодӣ, ки ин омилҳоро шарҳ медиҳад."

Дар пасманзари идомаи ҷанг дар Украина маълум нест, ки рубли русӣ ба чӣ сарнавиште рӯбарӯ аст. Баъзе аз сомонаҳои таҳлилии Русия навиштаанд, поинравии қурби рубл ҳадди ақал то охири сол идома мекунад. Хабаре, ки барои муҳоҷирони кории тоҷик ва наздиконашон дар Тоҷикистон чандон хушоянд нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG