Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар натиҷаи як тирандозӣ дар Калифорния 7 кас ҷон бохт


Дар як тирпаронӣ дар шаҳри Ҳаф-Мун-Бэй, 35-километрии Сан-Франсиско, рӯзи 23-юми январ 7 кас кушта ва як тани дигар захмӣ шуд. Ин дувумин тирандозии пурқурбонӣ дар давоми як ҳафтаи охир дар Калифорния аст.

Марди гумонбар Чунли Чжаои 67-сола баъд аз ду соати ҳамла дар дохили мошинаш дар наздикиҳои шуъбаи пулис боздошт шуд. Аз дохили мошини ӯ силоҳ ёфтанд.

Ин мард ба як хоҷагии занбурӯғпарварӣ ва "гараж"-е, ки дар секилометрии он қарор дорад, ҳамла кардааст. Дар ҳамла ба хоҷагӣ, ки ба иттилои пешакӣ, худи гумонбар дар он кор мекард, чаҳор нафар ҷон бохт. Ангезаи ҳамла ҳанӯз маълум нест. Пулис гуфтааст, гумонбар ҳамларо танҳо анҷом додааст.

Чанд рӯз пеш бар асари як тирандозии дигар дар атрофи Лос-Анҷелеси Калифорния 10 кас ҷон бохта, ҳамин теъдод захмӣ шуда буд.

Пулиси маҳаллӣ гуфт, марди мусаллаҳ ба клуби шабона дар 13-километрии Лос-Анҷелес ворид шуда, ба сӯи ҳозирон тир холӣ кардааст. Тирандозӣ шабона сурат гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG