Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

48 нафар дар Чагам "заҳролуд" шуданд ё "дилбеҳузур"?


Вазорати тандурустии Тоҷикистон пас аз се рӯзи ҳодиса гуфт, ки сокинони деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз "истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард" дар қурутоб "дилбеҳузур" шудаанд. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми январ хабар доданд, ки 48 сокини деҳа пас аз истеъмоли қурутоб "заҳролуд" гардиданд. Онҳо камаш як рӯз дар бемористон буданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ гуфт, натиҷаи санҷиш нишон дод, ки сокинон заҳролуд нашуда, танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боис ба дилбеҳузурии онҳо гардидааст.

Масъулони вазорат мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ваъзи саломатии сокинон муътадил аст. "Ҳамаи онҳо аз бемористон рухсат шуданд ва зери назорати табибони оилавӣ қарор доранд," -- гуфта шудааст дар эъломия.

Заҳролуд шудани сокинон аз хӯрок дар Тоҷикистон борҳо иттифоқ уфтодааст. Дар охири соли гузашта як хонавода дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баъд аз истеъмоли меваю сабзавоти консервашуда заҳролуд шуданд. Дар он ҳодиса ду нафар ҷон бохтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG