Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти таркиш дар ресторани чиниҳо дар Кобулро бар ӯҳда гирифт


Таркиш дар яке аз маҳаллаҳои марказии Кобул сурат гирифтааст.
Таркиш дар яке аз маҳаллаҳои марказии Кобул сурат гирифтааст.

Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ё ДОИШ масъулияти таркиш дар як ресторани чиниҳо дар маркази Кобулро ба ӯҳда гирифт. Дар ин ҳамла камаш ҳафт нафар кушта ва беш аз даҳ каси дигар захмӣ шудаанд.

Холид Задрон, сухангӯи пулиси Толибон, гуфт, таркиш рӯзи 19-уми январ дар ошхонаи тарабхонае рух дод, ки шаҳрвандони Чин бештар ба онҷо мерафтанд. Мақомот шумори дақиқи захмиҳоро ҳоло эълон накарданд.

Задрон дар изҳороте гуфт: "Як мусулмони чинӣ ва шаш афғон кушта шуданд. Чанд нафари дигар захмӣ ҳастанд."

Бемористони ёрии таъҷилӣ дар Кобул хабар дод, ки баъд аз таркиш тақрибан 20 нафарро ба инҷо оварданд. Ҳафт нафари онҳо пеш аз расидан, ё лаҳзае пас аз он ҷон доданд. Сенздаҳ тани дигар, аз ҷумла чаҳор зан ва як кӯдак, захмӣ шудаанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва ё ДОИШ бо нашри баёнияе гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будаанд. Ин ҳамла идомаи силсилаи амалиётҳо ба зидди чиниҳо дар Афғонистон ва марзҳои он дар моҳҳои охир мебошад.

Дар изҳороти ДОИШ омадааст: "Давлати исломӣ шаҳрвандони Чинро ба феҳристи ҳадафҳои худ ворид кардааст, бавижа бо таваҷҷӯҳ ба ҷиноятҳои рӯзафзуни ҳукумати Чин ба зидди мусулмонони мазлуми уйғур."

Аз замоне, ки Чин дар соли 2017 саркӯбро дар вилояти Шинҷон шиддат бахшид, беш аз як миллион уйғур, қазоқ, қирғиз ва ақаллиятҳои дигари мусулмон дар урдӯгоҳҳо нигаҳ дошта мешаванд. Созмони Милал дар гузорише дар соли 2022 гуфт, ки Чин дар вилояти Шинҷон ба "нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар" даст задааст, ки метавонад "ҷиноят ба зидди башарият" арзёбӣ шавад. Чин ин иттиҳомотро рад карда, мегӯяд, дар Шинҷон ба зидди " тундравӣ ва терроризм" мубориза мебарад.

Дар посух ба ҳамлаи 19-уми январ, Сафорати Чин дар Кобул бо нашри баёнияе аз шаҳрвандонаш хост, ки бинобар хатарҳои амниятӣ аз сафар ба Афғонистон худдорӣ кунанд. Сафорат таъкид кардааст, ки чиниҳои муқими Афғонистон бояд бештар эҳтиёт кунанд, дар ғами амнияти худ бошанд ва аз рафтан ба ҷойҳои серодам, мисли тарабхонаву бозор ва масҷидҳо парҳез намоянд.

Ҳушдор дар ҳоле нашр мешавад, ки нигарониҳо аз вазъи амниятӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст. Танишҳо ва ҳамлаҳо дар марзи шимолу шарқии Афғонистон бо Тоҷикистон низ зиёд шудаанд. Моҳи ноябри соли гузашта дар ду ҳамлаи ҷудогона ба қаламрави Тоҷикистон панҷ шаҳрванди Чин, ки дар кони истихроҷи маъдан кор мекарданд, кушта шуданд.

Аз замони ба қудрат бозгаштани Толибон дар соли 2021, тоҷирони чинӣ ба умеди истихроҷи маъдан ба Афғонистон рӯ овардаанд. Пекин бо ҳукумати Толибон, бо вуҷуди бархе мушкилот, ҳамкорӣ мекунад, то вазъро дар кишвари ҳамсояаш, ки бо он 92 километр марзи муштарак дорад, ба эътидол оварад.

Ин бори аввал нест, ки чиниҳо дар Афғонистон ҳадафи ҳамлаву маргталабон қарор мегиранд. Моҳи декабри соли 2022 низ "Давлати исломӣ" ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ҳамлаи хунин анҷом дод. Мақомоти Толибон ваъда додаанд, ки амниятро дар кишвар таъмин мекунанд, то сармоягузорони хориҷиро ҷалб намоянд, зеро бо қатъ шудани кумакҳои байналмилалӣ, онҳо ба даромад сахт эҳтиёҷ доранд.

XS
SM
MD
LG