Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жениш Раззоқов боздошт шуд


Жениш Раззоқов

Муовини пешини сарвазири Қирғизистон, Жениш Раззоқов, дар шаҳри Бишкек дастгир шудааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар хабар дод, ки Раззоқов ба қаллобӣ гумонбар мешавад.

Дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфтанд, хабарро дертар шарҳ медиҳанд.

Жениш Раззоқов аз соли 1996 то соли 2011 дар мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон кор кардааст.

Ӯ дар солҳои 2012-2016 намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд буд. Раззоқов соли 2016 муовини сарвазири Қирғизистон таъйин шуд ва ҳудуди як сол дар ин мансаб кор кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG