Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар саросари Украина бонги хатари ҳавоӣ зада шуд


Украина, акс моҳи октябри 2022
Украина, акс моҳи октябри 2022

Субҳи панҷшанбе, 26-уми январ, дар тамоми қаламрави Украина бонги хатари ҳавоӣ зада шуд. Мақомоти Украина аз ҳамлаи нави мушакии Русия дар пайи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини дишаб хабар медиҳанд.

Бино ба хабарҳо, дар вилоятҳои Днепропетровск, Киев ва ҳамчунин дар наздикии Одесса ва вилояти Виннитса таркишҳо рух додааст.

Эҳтимоли осеб дидани иншооти энергетикӣ вуҷуд дорад. Дар чанд вилояти Украина ба далели таҳдиди ҳамлаи мушакӣ неруи барқ қатъ карда шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки эҳтимол дорад, неруҳои Русия аз минтақаи баҳри Хазар мушакҳои болдор партоб карда бошанд. Вазорати дифои Русия то ҳол ҳамлаҳои нави мушакиро шарҳ надодааст.

Русия бори охир 14-уми январ қаламрави Украинаро мушакборон карда буд. Яке аз мушакҳо он замон ба бинои зисте афтод ва дар натиҷа 40 кас кушта шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG