Мудири созмони варзишҳои обии ҷаҳонӣ, мудири кулли Шӯрои олимпии Осиё Ҳусейн Ал-Мусаллам, раиси Федератсияи байнулмилалии кураш, сардори Департаменти Бозиҳои осиёии Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Усома Ал-Шафар, ки ба Душанбе омадаанд, 25-уми январ бо масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқот карданд.
Чунонки сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкориҳо миёни Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо барои сохтмони як майдончаи варзишӣ ва таҷдиди ҳавзи шиноварии Мактаби ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин гузаронидани ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба марафони шиноварӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Ҳусейн Ал-Мусаллам гуфт, Ташкилоти ҷаҳонии варзишҳои обӣ якчанд лоиҳаҳоро роҳандозӣ кардааст, ки Федератсияи шиноварии Тоҷикистон метавонад барои рушди ин намуди варзиш аз онҳо истифода барад. Аз ҷумла, тасмим гирифта шуд, ки барои рушди шиноварӣ миёни мактаббачаҳо барои омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ давраҳои омӯзишӣ ташкил карда шавад. Дар ин кор Ташкилоти ҷаҳонии варзишҳои обӣ кӯмак хоҳад кард.