Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мунтазири Гузоришгари СММ дар умури озодиҳои динӣ аст


Сулаймон Давлатзода
Сулаймон Давлатзода

Мақомот мегӯянд, Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодиҳои диниро ба Тоҷикистон даъват кардаанд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ гуфт, даъватнома аллакай фиристода шуд.

Посухи Давлатзода пас аз он садо дод, ки хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ аз ӯ дар бораи маҳдудияти озодиҳои динӣ дар кишвар пурсид.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ солҳост, ки Тоҷикистонро барои нақзи озодиҳои динии шаҳрвандон танқид мекунанд. Аз ҷумла, дар Гузориши солонаи ИМА аз соли 2016 ба ин тараф Тоҷикистон чун як кишвари поймолкунандаи ҷиддии озодиҳои динӣ сабт мешавад.

Дар гузориши солонаи ИМА, ки соли гузашта нашр шуд, омадааст, бо вуҷуди онки Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ҳақ додааст, ки ҳар гуна динеро пайравӣ ва ё расму русумҳои онҳоро иҷрову риоят кунанд, мақомот ва дигар қонунҳо ин ҳаққу ҳуқуқи мардумро маҳдуд мекунанд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими анъана 3-юми феврал дар ҳузури хабарнигорон, бори дигар ин танқидҳоро рад кард. Пештар низ Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, "гузориши навбатии Амрико чун гузоришҳои қаблӣ вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро баён намекунад".

Яке аз танқидҳое, ки нисбати Тоҷикистон садо медиҳад, иҷозат надодани занҳо барои рафтан ба масҷид аст. Раиси Кумитаи дин мегӯяд, нарафтани занҳо ба масҷид бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ аст.

"Нарафтани занҳо дар асоси фатвои Маркази исломӣ аст. Ин хоси Тоҷикистон ҳам нест. Камтар аз фиқҳи ҳанафӣ огоҳ бошед, дар кишварҳои минтақа ба шакли умумӣ ба масҷид рафтани занҳо маъмул нест. На дар замони Аморати Бухоро на ҳозир",-афзуд раиси Кумитаи дин.

Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, назорати ҷиддӣ аз болои масҷидҳо ва таъйини мавзӯи сӯҳбати имомҳо ҳам аз интиқоди дигари созмонҳои ҳомии ҳуқуқ нисбати Тоҷикистон аст. Аммо Сулаймон Давлатзода мегӯяд, ин чиз ҳам дуруст нест, чун мавъиза барои имомҳо, ки аз тарафи Маркази исломӣ таҳия мешавад, тавсиявӣ аст.

Тоҷикистон як кишвари мусалмоннишин аст. Аммо дар кишвар шахсони то 18-сола ҳаққи ба масҷид рафтанро надоранд ва дар солҳои ахир рӯҳониёни маъруф аз минбари масоҷид дур карда шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG