Дар чанд ҷумла
Ҷасади як афсари тоҷикро ба наздиконаш доданд
Мақомот сабаби расмии марги як фармондеҳи марзбониро дар Ишкошим тасодуф номидаанд.
Ҷасади Бахтовар Хоҷамаликови 29-сола, майор ва фармондеҳи як бахши марзбонӣ дар ноҳияи Ишкошимро рӯзи 12-уми декабри соли гузашта ба наздиконаш дар ноҳияи Айнӣ супурданд.
Ниёзмалик Хоҷамаликов, падари афсар, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот сабаби марги ӯро дар садама “беэҳтиётии як сарбоз номидаанд, ки ҳангоми ба қафо рондани мошин фармондеҳи худро зер кардааст.”
Ба гуфтаи падари марзбон, писараш зери чархи мошин монда, дилаш кафидааст.
Бахтовар Хоҷамаликов як бахши марзбониро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон фармондеҳӣ мекард. Аз ӯ чаҳор кӯдак мондааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҷузъиёти боздошти як тоҷикистонӣ, ки дар ҳамла ба “Крокус” гумонзад аст
Як маъмури пулис дар Русия баъди тақрибан ду сол ҷузъиёти боздошти як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав гумонзад аст, ошкор кардааст.
Ба гузориши оҷонси давлатии “ТАСС” аз 4-уми декабр, ин маъмури пулис ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ ба ҳайси шоҳид гуфтааст, гумонзадро дар Брянск дар дохили ҷангал ва бо ёрии квадрокоптер ё ҳавопаймои бесарнишин ёфтаву боздошт карданд.
Дар хабарҳо аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст. Пештар мақомоти Русия гузориш дода буданд, ки яке аз гумонзадҳо, Далерҷон Мирзоев, рӯзи 23-юми марти соли 2024 дар Брянск боздошт шуд. Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад лаҳзаи боздошти Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда, сипас ба дастонаш завлона мезананд.
Айни ҳамин ҳодиса бо гумонзади дигар Саидакрам Раҷабализода низ иттифоқ уфтода буд, ки ҳангоми боздошт гӯшашро бурида буданд.
Ҳоло дақиқ нест, пулиси шоҳиди парванда кадоме аз онҳоро дар назар дорад. Чун, ба гуфтаи худи ӯ, дар умум ду нафар ба ҷангал гурехта, яке зудтар ва дигаре бо ёрии дастгоҳи бесарнишин дертар дастгир шуданд.
Аз ин пеш, дар охири моҳи августи имсол, шоҳиди дигари парванда гуфта буд, ки барои боздошти яке аз гумонзадҳо маҷбур шуда буданд, дарахтро бибуранд.
Баррасии парвандаи ҳамла ба "Крокус" моҳҳо боз идома дорад, вале паси дарҳои баста. Ҳарчанд шоҳидони парванда дар бораи тарзи боздошти гумонзадҳо суҳбат мекунанд, вале то кунун дар мавриди латукӯб ва буридани гӯшу ба барқ пайвастани онҳо ҳарфе нагуфтаанд.
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024-ум 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд.
Дар курсии гумонбарон ба ҷиноят 19 нафар нишастаанд, ки аксари онҳо зодаи Тоҷикистон буда, ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам ҳастанд. Наздикони баъзе аз онҳо гуфта буданд, ки ба иттиҳом бовар надоранд.
Путин гуфтааст, Русия бо баъзе аз пешниҳодҳои Амрико розӣ нест
Раисҷумҳури Русия тасдиқ кардааст, ки намояндагони Маскав ҳангоми мулоқот бо ҳайати амрикоӣ бо чанд нуктаи тарҳи Иёлоти Муттаҳида барои поён додан ба ҷанг дар Украина розӣ нашудаанд.
Ба гузориши оҷонси давлатии "ТАСС", Владимир Путин дар ин бора пеш аз сафараш ба Ҳиндустон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "India Today" изҳор доштааст. Худи мусоҳиба ҳанӯз пурра нашр нашудааст.
Мулоқоти намояндагони Амрико ва Русия рӯзи 2-юми декабр дар Кремл гузашт. Ҳайати амрикоиро Стив Виткофф, намояндаи вижаи президент Доналд Трамп, раҳбарӣ дошт.
Путин гуфтааст, дар мулоқот маҷбур буданд, ки ҳар банди тарҳи пешниҳодии Амрикоро баррасӣ кунанд. Пештар Юрий Ушаков, мушовири раисҷумҳури Русия, гуфта буд, на нуктаҳои мушаххас, балки муҳтавои умумӣ баррасӣ шуд.
Президенти Русия инчунин изҳор доштааст, ки тарҳи 28-бандии Амрико тақрибан бетағйир мондааст, аммо Иёлоти Муттаҳида хостааст, онҳоро ба чор баста тақсим кунанд.
Чанде пеш тарҳи 28-бандии Амрико дар бораи сулҳ ба расонаҳо роҳ ёфт ва нигаронии Украина ва мақомоти Аврупоро барангехт, чун ба қавли онҳо, тан додан ба бисёре аз талабҳои Русия аст.
Дертар расонаҳо гузориш доданд, ки теъдоди бандҳо то 19 поин оварда шуд, вале баҳс дар мавриди вогузории сарзаминҳо барои Украина ҳамоно мавзӯи бисёр печида ба шумор меравад.
Дар як ноҳияи Узбекистон даҳҳо танӯрро вайрон кардаанд
Мақомоти Узбекистон дар пайи амалиёти поксозии ҳаво дар ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон даҳҳо танӯри санбӯсапазиро вайрон кардаанд.
Бахши узбекии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ навишт, ки амалиёт бо дастури ҳокими минтақа Шӯҳрат Абдураҳмонов мегузарад.
Дар видеоҳое, ки рӯзи 3-юми декабр нашру паҳн шуд, экскваторҳо ҳангоми тахриби танӯр дар се ошхона тасвир ёфтаанд.
Амалиёти поксозии муҳити зист дар Тошканд ва гӯшаҳои дигари Узбекистон беш аз як ҳафта боз ҷараён дорад.
Ҳукумати Андиҷон дар эъломияе гуфт, гурӯҳи корӣ аз субҳ коргоҳу муассисаҳоеро тафтиш мекунад, ки ба иддаои онҳоро ҳаворо олуда мегардонанд.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе низ даҳҳо танӯру мошинсарой ва панҷараҳоро вайрон карда буданд. Шаҳрдории Душанбе он замон гуфта буд, ки мехоҳад чеҳраи пойтахти Тоҷикистонро ислоҳ кунад.
Пешниҳоди ҷорӣ кардани раводид миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ
Як вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия бори дигар хостааст, ки Маскав барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, раводид (виза) ҷорӣ кунад.
Сергей Миронов дар барномаи яке аз телевизионҳои Русия гуфт, ин мавзуъ бояд ба таври ҷиддӣ баррасӣ шавад.
Ба иддаои сиёсатмадори рус, сокинони маҳаллӣ дар баъзе аз гӯшаҳои Русия маҷбур шудаанд аз хонаву зодгоҳи худ бикӯчанд, чун муҳоҷироне, ки аз Осиёи Миёна омадаанд, дар онҷо қонунҳои худро ҷорӣ кардаанд.
"Муҳоҷирон бояд ба Русия фақат бо раводид роҳ дода шаванд," - -афзуд ӯ.
Русия бо Тоҷикистон ва давлатҳои дигари минтақа низоми бераводид дорад. Иддае аз коршиносон бар инанд, Русия ба нерӯи корӣ эҳтиёҷ дорад ва ин тасмим метавонад вазъро аз будаш бадтар кунад.
Бори аввал нест, ки сиёсатмадорони рус пешниҳод мекунанд, Маскав бо кишварҳои Осиёи Марказӣ раводид ҷорӣ кунад. Пештар Алексей Горовой, муовини вазири корҳои хориҷии Русия ин тасмимро муҳим хонда буд.
Русия дар ду соли охир даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷиронро қабул кард ва бо баҳонаи иҷрои ин муқаррарот бо зӯру фишору таҳқир даҳҳо ҳазор хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кории зиёди тоҷикро аз кишвар берун кард.
Русия дастрасиро ба бозии кӯдаконаи "Roblox" қатъ кард
Идораи "Роскомнадзор" ё Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқаи Русия бозии маъруф дар миёни кӯдакону наврасон Roblox-ро дар ин кишвар баст. Roblox платформаи бозии кӯдакон дар Амрико аст.
Рӯзи сеюми декабр корбарон дар Русия бинобар мушкили дастрасӣ натавонистанд, ба ин бозӣ ворид шаванд.
Мақомоти "Роскомнадзор" сабаби бастани бозии Roblox-ро "паҳн кардани маводи дорои таблиғ ва сафедкунандаи оммавии терроризм, даъват ба зӯровариву қонуншиканӣ" номиданд.
Ба бовари масъулони "Роскомнадзор", бозӣ дорои маводест, ки метавонад ба тарбия ва ахлоқи кӯдакон зарар расонад.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки кӯдакон метавонанд дар ин бозӣ ба "табъизи ҷинсӣ" рӯ ба рӯ шаванд, чун ба иддаои "Роскомнадзор" касони кӯдакозор ё педофилҳо метавонанд аз ин бозӣ барои шиносои ва ҷалби кӯдакон истифода баранд.
"Роблокс" ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рӯзона ба таври миёна 151,1 миллион корбари фаъол доштааст, аз сӯи чанд кишвар, аз ҷумла Ироқ ва Туркия бинобар нигарониҳо дар мавриди истифодаи "шикорчиён" аз ин платформа барои суистифода аз кӯдакон манъ шудааст. Ин бозӣ дар Тоҷикистон ҳам миёни наврасон маъруф аст.
“8 ҳазор сомонӣ талаб кард.” Моҷаро ҳангоми дафни як сокини Данғара
Дар Тоҷикистон ба зидди марде парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки пеши роҳи тобути як ҳамдеҳаи пирашро дар ноҳияи Данғара гирифта, монеи дафни муносиби ӯ шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр бо нашри баёния гуфт, дар ин бора аз писари шахси фавтида шикоят гирифт. Аз ҷонибҳо ном бурда нашудааст.
Даъвогар гуфтааст, яке аз ҳамдеҳагон вақти маросими видоъ ва ба оромгоҳ бурдани ҷасади падари 72-солааш пеши роҳи тобутро гирифта, баргардондани 8 ҳазор сомонӣ пулеро талаб кард, ки гуё падараш аз ӯ қарз гирифтаву барнагардонидааст. Дар асл, ба гуфтаи даъвогар, чунин талаб бепоя аст.
Моҷаро рӯзи 20-уми октябри имсол сурат гирифта, ҳоло ба зидди марди гумонзад бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда нисбат ба ҷабрдида ё наздикони ӯ” парванда боз кардаанд.
Дар Тоҷикистон бар асоси анъана пеш аз намози ҷаноза, имом аз ҳозирон мепурсад, ки агар фавтида аз онҳо қарздор бошад ва ё баръакс, наздиконашон дар ҳаминҷо ҳастанд ва масъулияти бозгардонидани қарзро бар дӯш мегиранд.
Гирифтани пеши роҳи тобут ва ба ҷанҷол омехта кардани маросими дафн дар Тоҷикистон аҳёнан сурат мегирад ва ин бори аввал аст, ки Вазорати умури дохилӣ аз чунин шикояте хабар медиҳад.
Акнун дар сурати собит шудани иттиҳом ва дурӯғ будани қарздории фавтида мумкин аст, марди гумонзадро камаш ба 5 сол зиндон маҳкум кунанд. Дар баёнияи вазорат мавқеи муттаҳам ба ҷиноятро нагуфтаанд.
“Самсунг” телефони сеқабатии худро муаррифӣ кард
Ширкати “Самсунг Электроникс” рӯзи 2-юми декабр нахустин телефони сеқабатии худро муаррифӣ кард, то мавқеашро дар бозори пуррақобати телефонҳои ҳамроҳ мустаҳкамтар кунад.
Телефони “Galaxy Z TriFold” аз лавҳ иборат буда, дар муқоиса ба телефони пешинаи “Самсунг Galaxy Z Fold 7” 25 дарсад бузургтар аст.
Агар пули кофӣ доред, метавонед бо арзиши 2440 доллар бихаред. Муовини мудири “Самсунг” мегӯяд, аз он навъи телефонҳои хосест, ки баъзе аз муштариён мехоҳанд.
Фурӯши телефони “Самсунг Трифолд” аз рӯзи 12-уми декабр дар Куриёи Ҷанубӣ оғоз меёбад ва ҳамин сол дар Чину Сингапур, Тайван ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ онро метавон ёфт. Фӯруши он дар Амрико дар семоҳаи аввали соли оянда оғоз меёбад. Кай ба Тоҷикистон мерасад, маълум нест.
Интизор меравад, рақобат дар истеҳсоли телефонҳои ҳушманд бо лавҳи нарм сахттар шавад. Ширкати “Ҳуавей”-и Чин моҳи сентябри гузашта ҳамингуна телефони худро муаррифӣ кард. Мумкин аст, ширкати “Apple" соли оянда ин корро кунад.
Аммо ин навъи телефонҳо ҳоло харидори зиёд надоранд. Таҳлилгарони ширкати “Каунтерпойнт Ресерч” гуфтаанд, ки ин навъи телефонҳо дар бозори ҷаҳонӣ имсол камтар аз ду дарсад будаанд ва то соли 2027 ҳиссаи онҳо дар бозорҳо аз 3 дарсад поинтар мемонад.
Дар Русия лағви низоми душаҳрвандӣ бо Тоҷикистонро талаб доранд
Дар Русия пешниҳод доранд, ки созишнома дар бораи низоми душаҳрвандӣ бо Тоҷикистон бекор карда шавад.
Михаил Делягин, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатӣ, дар номае ба ҳукумати Русия лағви ин созишномаро талаб кардааст.
Ӯ навиштааст, санади мазкур моҳияти аслии худро гум карда, сабаби “муҳоҷирати бесифат” шудааст.
Баъзе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, агар чунин аст, созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон низ бекор карда шавад, чун ин аҳдномаҳо дар як баста қабул шуда буданд.
Созишномаи душаҳрвандӣ бо Русия дар соли 1995 имзо шуд, як сол баъд аз он аз тарафи порлумонҳои ду кишвар ба тасвиб расид.
Делягин дар номааш ҳадафи онро кумак ба эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон ва қабули соҳибони фарҳанги русӣ дар кишвараш номида, афзудааст, ки ҳарду мақсад иҷро шудаанд.
Пештар, моҳи майи имсол, узви дигари порлумони Русия Сергей Миронов низ пешниҳод карда буд ки банди марбут ба имконияти доштани душаҳрвандӣ аз Қонуни асосии Русия бардошта шавад.
Тоҷикистон бо Русия низоми душаҳрвандӣ дорад ва солона садҳо тоҷикистонӣ ҳамзамон шиносномаи русӣ ҳам мегиранд. Аксари онҳо барои раҳоӣ аз ранҷи пулису патент ва дарёфти имтиёзҳое ба мисли ёрипулӣ ба фарзандон ва харидани хона шаҳрванди Русия мешаванд.
Дар айни замон баъзеи онҳо ҳамчун шаҳрванд ба ҷанги Русия зидди Украина низ фиристода мешаванд. Дар тақрибан чор соли ҷанг хабари марги даҳҳо нафари онҳо расонаӣ шудааст.
Саида Мирзиёева гуфтааст, муҳити зист набояд қурбони фоидаи молӣ гардад
Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамзамон раиси дастгоҳи иҷроияи президент, дар як гармхона дар Тошканд санҷиш гузарондааст.
Мансабдорони узбек дар аввал ҷаласаи кумисюни зистмуҳитиро баргузор карда, дар поёни он ба тафтиши коргоҳҳое рӯ оварданд, ки ба вазъи экологӣ зарар мерасонанд.
Маълум шудааст, ки танҳо дар як гармхона ҳар рӯз 150 кило ангишт месӯзонанд. Духтари президенти Узбекистон иброз доштааст, ки набояд муҳити зист қурбони фоидаи молӣ гардад ва дастур додааст, ки дар ин коргоҳ филтр ё дастгоҳи поксозии ҳаво гузошта шавад.
Вай дар суҳбат бо мудири гармхона таъкид кард, ки душвориҳои зистмуҳитӣ бояд бо ёрии соҳибкорон ҳал шаванд, то онҳо низ фаъолияти худро дар чорчӯби қонун ва бидуни хатар ба муҳити зист идома диҳанд.
Мирзиёева талаб кардааст, ки барои соҳибкорон давраи омӯзишӣ ва маъракаҳои хариду фурӯши таҷҳизоти зистмуҳитӣ барпо намоянд.
Ҳавои Тошканд дар тирамоҳи имсол чанд дафъа дар миёни шаҳрҳои олудатарини ҷаҳон ҷой гирифт.
Вазъият дар минтақаҳои дигари Узбекистон ҳам нигаронкунанда будааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вилояти Фарғона аз мақомот кумак хоста, дар бораи ҳавои олуда оҳангу тарона таҳия карданд.
Пас аз он бо фармони раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев кумисюни махсуси зистмуҳитӣ ташкил шуд. Ин ниҳод ҳар рӯз амалиёт мегузаронад. Ҳукумат ваъда додааст, ки гардиши обро дар ҷӯйборҳо барқарор мекунад, кӯчаҳои шаҳрҳо шуста мешаванд ва барои мубориза бо гарду ғубор моҳи ноябр дар Тошканд фаввораҳо фаъол буданд.
Акнун ворид намудани таҷҳизоти поксозии ҳаво аз боҷи гумрукӣ озод шуда, дар коргоҳҳо ва гармхонаҳо имкони истифодаи навъҳои алтернативии сӯзишворӣ санҷида мешавад.
Мулоқоти намояндагони Чину "Толибон" дар бораи ҳамла дар марзи Тоҷикистон
Сафири Чин дар Кобул бо масъулони Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" дар пайванд ба кушта шудани шаҳрвандони ин кишвар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон суҳбат кардааст.
Тибқи иттилои "Толибон" аз 3-юми декабр, муовини вазири корҳои хориҷии ин гурӯҳ Муҳаммаднаим Вардак дар мулоқот бо Чжао Шэн аз кушта шудани шаҳрвандони Чин дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон "ибрози таассуф" намудааст.
Бар пояи ин баёния, "Толибон" кушта шудани шаҳрвандони Чин аз хоки Афғонистонро кори "душманон" хондаанд. Дар баёния аз ҳеч созмону гурӯҳе ном бурда нашудааст.
Ин баёния аз қавли сафири Чин мегӯяд, "омилони ин ҳодиса мехоҳанд, робитаҳоро байни Чин ва Афғонистон халалдор кунанд".
Рӯзи 2-юми декабр Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" ҳам дар тамос бо Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш бо ишораи бо робитаҳои рӯ ба рушди ду тараф гуфтааст, "баъзе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб бизананд". Вай ҳам ба ҳалқа ё гурӯҳҳое, ки мехоҳанд робитаҳои Тоҷикистону Афғонистонро халалдор кунанд, ишорае накард.
Дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон ду ҳамла анҷом шуда, панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз кор мекарданд.
Гурӯҳи "Толибон" дар пайи ҳамлаи шоми 30-юми ноябр ба роҳсозони чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, ки ду танро дар пайванд ба ин ҳодиса дар ноҳияи Моймайи Бадахшони Афғонистон боздошт кардаанд. Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки таҳқиқот дар ин бора оғоз шудааст.
Мақомот як сабаби афзоиши бемориҳои мавсимиро ҳавои ғуборолуд гуфтанд
Дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон шикоятҳо аз гирифторӣ ба бемории зукому роҳҳои нафас дар Тоҷикистон якбора зиёд шудааст. Мутахассисон яке аз сабабҳои якбора зиёд шудани ин бемориҳоро ба коҳиши боришот, тағйирёбии иқлим ва ҳавои ғуборолуд, рабт медиҳанд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, дар як муроҷиат аз сокинони хостааст, барои пешгирӣ аз бемориҳои мавсимӣ, чораҳои зарурии беҳдоштиро ҷиддан риоя кунанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, нишонаҳои аввалини бемориҳои мавсимӣ одатан бо баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа, дарди гулӯ, хастагии ногаҳонӣ ва дарди мушакҳо оғоз меёбанд.
Марказ тавсия додааст, ки ҳавои утоқҳои корӣ ва истиқоматӣ бояд мунтазам тоза карда шавад ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои серодамро низ муҳим номидааст. Пизишкони ин ниҳод таъкид кардаанд, ки сокинон аз истифодаи худсаронаи антибиотикҳо худдорӣ кунанд.
Солҳои ахир махсусан дар охири фасли тирамоҳ ва зимистон, шикоятҳо аз зуком ва бемориҳои шадидироҳҳои нафас зиёд мешавад. Ба гуфтаи сокинон, нишонаҳои ин беморӣ ба COVID-19 монанд аст. Мақомот мегӯяд, ин зукоми мавсимӣ аст.
Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб аз зиндон озод шудааст
Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб, ки дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, пеш аз муҳлат аз зиндон раҳо гаштааст. Мақомот дар ин бора хабар намедиҳанд. Пайвандонаш озодии Иноятзодаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ҳоло ӯ машғули табобат аст.
Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, рӯзи 2-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародараш ду ҳафта пеш аз маҳбас раҳо шуд. Вай афзуд, ҳафтаи гузашта ба диданаш ба Душанбе рафтанд ва дар хонааш меҳмон буданд.
Иззатова гуфт, дақиқ намедонанд, ки бародараш бо кадом шарт озод шудааст: “Гуфтем, ки ба Кӯлоб биоед, гуфт, имкони омадан надорад. Ӯро афв карданд ё бахшиданд, аниқашро намедонем. Худаш ҳам чизе нагуфт, вале мо хеле хурсандем, ки ӯ дар озодӣ аст. Ҳамин барои мо бас аст.”
Ба қавли хоҳараш, Баҳром Иноятзода ҳоло табобат мегирад ва “пайваста доруҳои гуногун мехӯрад”.
Баҳром Иноятзода дар моҳи ноябри соли 2020 бо гуноҳи суистифода аз мансаб, ришвагирӣ ва аз худ кардани молу мулки ғайр ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуд, вале ӯ ва пайвандонаш иттиҳомҳоро беасос хонданд.
Худаш дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, ки "барои кори давлатро анҷом додан, иншооти давлатиро сохтан, Кӯлобро обод кардан 12 сол медиҳанд? Агар хонаамро обод мекардам, майлаш буд. Агар пулро аз они худ мекардам, майлаш буд. Адолати судӣ дар Тоҷикистон нест, нест."
Иноятзода, ки дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ кор кардааст, моҳи майи соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд ва дар ин мақом ҳамагӣ як сол кор кард.
Номи ӯ дар моҳи феврали соли 2020 замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси онвақтаи Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.
Тарҳи нави Русия барои ҷалби бештари хориҷиён ба артиш ва ширкат дар ҷанг
Русия мехоҳад, ихроҷу истирдоди шаҳрвандони хориҷиеро, ки бо Вазорати дифои ин кишвар қарордод баста, дар ҷанги зидди Украина ширкат доранд, манъ кунад.
Кумисюни ҳукуматӣ оид ба қонунгузорӣ тарҳи қонунеро дар ин бора таҳия карда, ба Думаи давлатӣ фиристодааст. Эҳтимол Маскав ният дорад, бо ин роҳ хориҷиёни бештареро барои артиш ва сафарбарӣ ба ҷанг ҷалб кунад.
Тибқи ин тарҳ, ҳамчунин ба хориҷиён дар гирифтани ҳаққи иқомат, иҷозатномаи кор ва иҷозаи вуруд ба Русия набояд посухи рад дода шавад.
Ин санад истирдоди ширкатдорони ҷанг дар Украинаро барои адои ҷазо ба кишварҳои худашон низ манъ мекунад. Тасмими манъи интиқоли сарбозони қарордодӣ ба давлатҳои дигар ба ҳазорҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ рабт мегирад, ки аз тарафи Русия ба ҷанги Украина сафарбар шудаанд.
Қонун дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, ширкати шаҳрвандон дар низоъҳои хориҷиро манъ ва ҷазо пешбинӣ кардааст. Дар Қазоқистон давоми 3 соли охир даҳҳо нафарро барои ширкат дар ҷанги Украина ба мӯҳлатҳои гуногун, аксаран то 5 сол, зиндонӣ кардаанд.
Дар Қирғизистон ва Узбекистон ба шахсоне, ки бо Русия қарордод бастаанд, ҷазои сабуктар пешбинӣ мекунанд ва аксарият ҷазои шартӣ гирифтаанд.
Ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя, дар Тоҷикистон касе "барои иштирок дар даргириҳои Украина" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст.
Моҳи августи имсол Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, "дар ҳоле ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед". Манзури ӯ тоҷикистониёне буд, ки шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар гузоришу пажӯҳишҳо аз ҳузури садҳо ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанг хабар дода шудааст.
Ба ҳисоби тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" (Украина) аз оғози соли равон беш аз 600 зодаи Тоҷикистон бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанг рафтаанд. Ин тарҳ дар маҷмӯъ номи 930 Тоҷикистониро нашр кард, ки ба ҷанг пайвастаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд.
Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, аксарият аз зиндонҳо ва қисме ҳам аз сохтмону бозорҳо ба ҷанг сафарбар шудаанд. Ба ин роҳ онҳоро бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон, пули калон ва ё пешниҳоди шиносномаи русӣ ҷалб мекарданд.
Гурӯҳи "Толибон" аз тамоси Сироҷиддин Муҳриддин ва Амирхон Муттақӣ хабар дод
Дар пайи ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба шаҳрвандони Чин дар ду ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон, ки панҷ кушта ва панҷ захмӣ барҷой гузошт, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон" телефонӣ суҳбат кардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии "Толибон" рӯзи 2-юми декабр дар эъломияе навишт, ки Амирхон Муттақӣ ва Сироҷиддин Муҳриддин "ба идомаи тамоси нерӯҳои марзӣ, ҳамкориҳои амниятӣ ва баргузории нишастҳои кумитаҳои муштарак тавофуқ карданд".
Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин тамоси телефонӣ то кунун ибрози назар накардааст.
Бар асоси изҳороти "Толибон", Муттақӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ду кишвар ахиран фазои эътимод ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро эҷод кардаанд, "аммо баъзе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб бизананд". Дар изҳорот ба ҳалқа ё гурӯҳҳое, ки мехоҳанд робитаҳои Тоҷикистону Афғонистонро халалдор кунанд, ишорае нашудааст.
Эъломияи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" мегӯяд, Муттақӣ гуфтааст, ки Аморати исломии Афғонистон (Толибон ҳукумати худро чунин меноманд), омодааст дар таҳқиқоти муштарак дар бораи раванди кушта шудани шаҳрвандони Чин дар хоки Тоҷикистон бо ин кишвар ҳамкорӣ кунанд.
Бар пояи хабарномае, ки "Толибон" нашр кардаанд, Тоҷикистон низ хоҳони ҳамоҳангӣ ва таъмини амнияти марзӣ бо "Толибон" шудааст.
Дар чаҳор соли пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон, бори аввал аст, ки дипломатҳои аршади Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон дар ин сатҳ бо ҳам телефонӣ суҳбат мекунанд.
Дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон ду ҳамла анҷом шуда, панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз кор мекарданд.
Зеленский ҳифзи тамомияти арзии Украинаро авлавияти аслӣ хонд
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз Фаронса ба Ирландия рафтааст ва интизор меравад, ки дар порлумони ин кишвар суханронӣ кунад.
Зеленский баъд аз мулоқот бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар Порис гуфт, барномаи сулҳ бисёр хуб аст, аммо баҳс дар мавриди вогузории сарзаминҳо барои Украина мавзуи бисёр печида ба шумор меравад.
Амрико дар талоши поёни ҷанги наздик ба чорсолаи Русия дар Украина аст ва дар ин робита як барномаи сулҳро ҳам пешниҳод кардааст.
Аз сӯи дигар, Стив Витткоф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико ба Маскав рафтааст ва интизор меравад, ки рӯзи сешанбе, 2 декабр, бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кунад.
Аз оғози соли равон то кунун ин шашумин мулоқоти Витткоф бо Путин аст.
Гуфтугӯ