Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон пас аз 8 моҳ фазояшро ба рӯи ҳавопаймоҳои Тоҷикистон боз кард


Фурудгоҳи Манас, фурудгоҳи аслии шаҳри Бишкек.
Фурудгоҳи Манас, фурудгоҳи аслии шаҳри Бишкек.

Пас аз 8 моҳи хунрезӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҳукумати ҳамсоякишвар ҳарими ҳавоиашро ба рӯи ҳавопаймоҳои Тоҷикистон боз кардааст.

Пас аз 8 моҳи хунрезӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҳукумати ҳамсоякишвар ҳарими ҳавоиашро ба рӯи ҳавопаймоҳои Тоҷикистон боз кардааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба Оҷонсии ҳавопаймоии Қирғизистон навиштааст, ки аз рӯзи 3-уми феврал ба ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” иҷоза доданд, ки аз тариқи қаламрави ҳавоии он кишвар ба шаҳри Урумчии Чин парвоз кунад.

Оҷонси мазкур гуфтааст, ширкати “Сомон Эйр” ба онҳо муроҷиат кардааст, ки иҷоза бидиҳад, то ҳавопаймоҳои хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе аз рӯзи 8-уми феврал то рӯзи 21-уми марти имсол аз тариқи қаламрави Қирғизистон парвоз кунанд. Дархости дигар иҷоза додан ба парвози ҳавопаймои Душанбе-Новосибирск-Душанбе дар рӯзи 5-уми феврал будааст.

Маълум нест, ки Оҷонси ҳавопаймоии Қирғизистон ба “Сомон Эйр” фақат барои муҳлати дархостшуда иҷозаи парвоз додааст ва ё доимӣ, вале худи боз кардани қаламрави ҳавоии худ, ба рӯи ҳавопаймоҳои Тоҷикистон гардише дар сиёсати ҳамсоякишвар дониста мешавад. Мақомоти Тоҷикистон ва ё ширкати “Сомон Эйр” ҳануз дар бораи ин қарор чизе нагуфтаанд.

Баъди муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 28-30-уми апрел, ҳукумати Қирғизистон моҳи май бо як қарор, ҳаракати шаҳрвандон ва убуру мурури нақлиёти Тоҷикистон аз дохили қаламравашро манъ кард. Ҳавопаймоҳо низ аз ҳаққи ҳаракат аз ҳарими ҳавоии ҳамсоякишвар маҳрум шуданд. Дар натиҷаи муноқиша дар баҳори соли 2022 аз ду тараф 50 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Баъди қабули қарор дар моҳи май, як ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-ро баъди чаҳор соат интизорӣ дар фурудгоҳи “Манас” бо 177 мусофиру халабонҳояш ба Душанбе баргардонданд.

Ҳукумати Тоҷикистон қаламрави ҳавоиашро ба рӯи ҳавопаймоҳои Қирғизистон боз гузошт ва аз ҷумла ҳавопаймоҳои ширкати “Аэрономад”, ки дар Бишкек сабти ном шудааст, аз тариқи қаламравии Тоҷикистон ба Ҳинду Покистон парвоз мекунанд.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 664 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст. Бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст, аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.

Моҳи сентябри соли гузашта дар натиҷаи низоъ дар сарҳади ду кишвар дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Ҳарду кишвар, ки садҳо километр марзи аломатгузориношуда доранд, якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд.

Моҳҳои ахир мақомоти баландпоя, аз ҷумла раҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар бораи суръат бахшидан ба таъйину аломатгузории марз ва ҳамкориҳо суҳбат кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG