Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Легиони Туркистон". Тоҷикон чӣ нақшу ҷойгоҳ доштанд?


Аъзои "Легиони Туркистон"
Аъзои "Легиони Туркистон"

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Бахши аввал

ТАЪСИС

Задухӯрди хунини Артиши Олмон (вермахт) бо Артиши Сурх дар тобистон ва тирамоҳи соли 1941 нақшаи ҳамлаи барқосои стратегҳои Гитлерро барбод дод. Аз ин рӯ, тасмим гирифтанд, аз қартаи ҷудоӣ андохтан миёни мардуми Шӯравӣ кор бигиранд.

Ба ин мақсад таъсиси рейхкомиссариати панҷум кашида шуд. Онро иштибоҳӣ Туркманистон ном монда буданд. Ба ҳайати он Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, шимоли Афғонистон, Қирғизистон, баъзе аз вилоятҳои Қазоқистон, вилоятҳои Перм, Оренбург, Челябински Русия ва Уйғуристони Чинро дохил карданд.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Дар охири моҳи августи соли 1941 бо ташаббуси Вазорати территорияҳои ишғолшуда дар Шарқ (манзур Иттиҳоди Шӯравӣ. Н.Д.) 25 ё 30 кумисюн ташкил шуд, ки ҳар кадом 500–600 узв дошт. Аъзои кумисюн дар тӯли чаҳор моҳ ба 15-20 лагери асирони Шӯравӣ рафта, рӯйхати номзадҳоро барои пазируфтан ба легионҳои миллӣ тартиб доданд.

Ба кумисюнҳои мазкур як қатор лидерони фирории зидди коммунист ва ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравиро шомил карда буданд, аз ҷумла, Алихон Кантемир (Доғистон), Муҳаммад Амин Расулзода (Озарбойҷон), Алимҷон Идрисӣ, Валӣ Қаюмхони узбекистонӣ ва Мустафо Чуқай (Шоқай ба қазоқӣ. Н.Д.) ва ғ.

Дар ягон манобеи дастрас пиромуни мавҷудияти кумисюни тоҷикон ва ё ҳадди ақал ширкати ягон тоҷик дар кори кумисюнҳои мазкур ва ҷалбу ҷазби онҳо ба “Легиони Туркистон” мавод наёфтем.

Баталёони нахустин аз ҳисоби аскарони асири Туркистон (дар асл Осиёи Миёна) дар Украинаву Беларус 16-уми ноябри соли 1941 ташкил шуд. Бино ба ҳуҷҷатҳои расмӣ, рӯзи таъсиси он 22-юми декабри ҳамон сол ҳисоб мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз фармон ба имзо расидааст. Қароргоҳҳои асосии баталйон дар шаҳрҳои Глухово ва Ямполи Украина ҷойгир буд. Дар ҳар як баталйони тозатаъсис афсарон ва унтер-афсарони олмонӣ тахминан аз 3 то 5 дарсадро ташкил мекарданд.

Вермахт ба ташкили Легиони Туркистон амалан дар ибтидои соли 1942, пас аз шикасти ҷиддӣ дар наздикии Маскав (моҳи декабри соли 1941) сар кард.

ТОҶИКОН ДАР ЛЕГИОН

Баталйони туркистониҳо иборат аз 5 ротаи пиёдагард буд. Ротаи якумро қирғизҳо, дуюмро узбекҳо (як взводи тоҷикон дар ҳайати он амал мекард), сеюмро қазоқҳо, чорумро туркманҳо (як взводи онро тоторҳои шарқӣ ташкил менамуданд), панҷумро пулемётчикҳо ва взводи аз лиҳози миллӣ омехтаи зиддитанкӣ, миномётӣ ва сапёрҳо ташкил медоданд.

Ҳамаи ин ротаҳо 4 взводӣ доштанд ва як взвод аз 30 нафар иборат буд. Чингиз Дагҷӣ, нависандаи муҳоҷири тотор, фармондеҳи яке аз взводҳои ротаи дуюми Легиони Туркистон навиштааст, командири взводи тоҷикон “шахси дамдузд буд ва бо ягон кас гап намезад” (“Истина туркестанского легиона - между свастикой и красной звездой”. саҳ.49). Аммо ӯ на номи он командирро гирифтааст ва на номи легионери тоҷикро.

Мурод Тоҷмуроди туркман, собиқ аскари легион дар хотироти худ навиштааст, моҳи феврали соли 1942 ӯро ҳамроҳи як гурӯҳ асирони мусулмон, аз ҷумла тоҷикон, зери назорати автоматбадастони вермахт ба Легионово оварданд.

Моҳи майи соли 1943 фармондеҳии дивизияи 162-и Туркистон (Turcomann-Infanterie-Division №162) ташкил шуда, легионҳои шарқӣ ба шумули Легиони Туркистон ба тобеияти он гузаштаанд. Фармондеҳии дивизия ба зиммаи полковник Нидермайер вогузор шуд.

“МУЛЛОШУЛЛЕ”

Дар Легионово 6 мулло низ будаанд ва вазифаи асосии онҳо тарбияи легионерҳо дар рӯҳияи бадбинӣ нисбат ба сохти Шӯравӣ ва садоқат ба Гитлер – фюрери халқи Олмон буд. Муллоҳои агитатор ё мубаллиғ ба легионерони Осиёи Миёна талқин мекарданд, ки Олмон барои озодии Туркистон ёрӣ медиҳад.

Соли 1944 бо пешниҳоди Валтер Шелленберг, яке аз роҳбарони разведкаи Олмони нозӣ мактаби муллоҳоро ба номи “Муллошулле” таъсис додааст, ки дар он беш аз 50 мулло таълим гирифтанд.

Аъзои "Легиони Туркистон" ҳангоми ибодат
Аъзои "Легиони Туркистон" ҳангоми ибодат

Легиони Туркистон солҳои 1942 – 1943 дар Украина, Беларус ва Русия ҷангид, аммо азбаски фирори аскарони зиёди он ба тарафи Артиши Сурх ва партизанҳо афзуд, онро ба Аврупо интиқол доданд. Дар Аврупо Легиони Туркистон асосан дар ҷузъу томҳои сохтмонӣ, роҳи оҳан, нақлиёт ва ғ. истифода мешуданд. Азбаски вермахт дар ин вақт дар ду фронт ҷанг мекарду суст гашта буд, Легиони Туркистонро соли 1944 ба саркӯб кардани як қатор шӯришҳои зиддифашистӣ дар Аврупо истифода бурданд, аз ҷумла, дар саркӯби шӯришҳои мусаллаҳонаи Лаҳистон (Полша) ва Словакия.

ДАР ЗЕРИ ЧАТРИ ГИТЛЕР

Моҳи майи соли 1942 дар меҳмонхонаи “Адлон”-и Берлин конфронси муассисони Кумитаи миллии ягонагии Туркистон, ки дар таърих бештар ҳамчун Кумитаи миллии Туркистон маълум аст, баргузор гардид.

Дар нишаст як қатор сиёсатмадорони фирории Осиёи Миёна ва Қафқоз, Поволжие даъват шуданд, аз ҷумла: Ҳайдар Баммат, Саид Шомил, Алихон Кантемир (Қафқози Шимолӣ), Маҳмад Амин Расулзода (Озарбойҷон), Олимҷон Идрисӣ (Тотористон) ва ғ.

Ҳукумати Гитлер ба онҳо пешниҳод кард, ки ба ҷалби асирони ҳамватани худ ба легиони Туркистон машғул шаванд, аммо аксарияти онҳо аз ин пешниҳод норозӣ шуда, аз Олмон ба Туркия кӯчиданд.

Сарфи назар аз ин, ҳукумати Гитлер Валӣ Қаюмхонро, ки дар миёни фирориён чеҳраи ношинохта буд, роҳбари Кумитаи миллии Туркистон таъйин кард. Роҳбарии ду шуъбаро дар кумитаи тозатаъсис асирони собиқи тоҷик ба уҳда доштанд.

Номзади улуми таърих Ҳасанбой Шарифов дар китоби “Мардони палангошӯб” (соли 2004 чоп шудааст) менависад, “пантуркистон ба тоҷикон бовар надоштанд”.

Ӯ дар ин иртибот мегӯяд, маҳз ба ин хотир Раҳмон Сатторови тоҷикро, ки мудири шуъбаи тарғиботи Легиони Туркистон буд, барои надонистани забони узбекӣ соли 1943 аз вазифа ронда, ба Ҳолланд ба ҳайси аскари қаторӣ фиристодаанд.

Бо боз шудани фронти дуюми эътилофи зиддифашистӣ Гитлер иҷозат додааст, ки Кумитаи миллии Туркистон анҷуман ё қурултойи худро доир кунад. Аз ин рӯ, 8-уми июли соли 1944 дар бинои чортабақаии клуби императорӣ, воқеъ дар шаҳри Вена қурултой бо иштироки 400 вакил баргузор гардид.

Валӣ Қаюмхон президенти Кумитаи миллии Туркистон, ки барои хидматҳояш дар таъсиси Легиони Туркистон аз ҷониби Гитлер бо ордени “Уқоби сиёҳ” сарфароз гардида буд, раиси ҳукумати тозатаъсиси Туркистон эълон шуд.

Дар рӯзи охирини конфронс Анҷуман ба ҳукумати Туркистон супориш дод, ки масъалаи тарбияи кадрҳои афсарӣ, таъмини Артиши Туркистон бо техникаи ҳарбӣ ва озод кардани ҳама асирони туркистонӣ ва ҷалби онҳоро ба Артиши тозатаъсис бо раҳбарияти олии Олмон матраҳ кунад.

Кумитаи миллии Туркистон ҳампаймони Олмони фашистӣ эълон гардида, ба ИҶШС ҷанг эълон кард ва Легиони Туркистон ба Артиши Туркистон табдил ёфт.

Дар қурултой ҳамчунин ҳукумати Туркистон ва вазирони он иборат аз 12 нафар эълон шуданд. 28 кас узви Шӯрои Миллӣ интихоб гардиданд. Мудирии ду шуъбаи Кумитаи миллии Туркистон ба уҳдаи легионерони тоҷик, ки вакилони қурултой буданд, вогузор карда шуд. Легионери собиқи узбек Ортиқ Ғафуров баъд аз анҷоми ҷанг зимни бозпурсӣ аз ҷониби маъмурони амнияти Шӯравӣ дар соли 1945 гуфтааст, дар Кумитаи миллии Туркистон Алмамбетови қирғиз ва Атаеви 30-солаи тоҷик аз Самарқанд аз шахсони боэътимоди Валӣ Қаюмхон ба шумор мерафтанд.

ТОҶИКОН ДАР КУМИТАИ МИЛЛИИ ТУРКИСТОН

Як қисми ҳуҷҷатҳои Кумитаи миллии Туркистон ҳоло дар Бойгониии марказии Артиши Шӯравӣ дар Маскав маҳфузанд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои зиёд версияи рақамишудаи рӯйхати аъзои кумитаи мазкурро ёфтем. Дар он таҳти рақами 6 “группенфюрер Камол Атоӣ Мирзо” (gruppenführer Kalan Ataj Mirza) сабт шудааст.

Тоҷики дуюме, ки дар Кумитаи миллии Туркистон ба ҳайси мудири шуъбаи тарғибот фаъолият мекард, гауптштурмфюрер Боқӣ Абдураззоқ (gruppenführer Baki Abdurasak) буд, ки дар баъзе манобеъ, аз ҷумла, дар китоби “Мардони палангошӯб” Абдураззоқ Боқиев зикр шудааст.

Боқӣ Абдураззоқ (Абдураззоқ Боқиев) аслан аз тоҷикони Намангон буд ва гумон меравад, ки маълумоти олӣ дошт ва дар Артиши Шӯравӣ ба ҳайси капитан хидмат кардааст, зеро вермахт асирони шӯравиеро, ки ба тарафи фашистон мегурехтанд ё таслим мешуданд, рутбаи баробар медод. Разведкачии тоҷик Раҳим Бурҳонов дар солҳои 1944-1945 бо Боқӣ Абдураззоқ дар Берлин иртиботи наздик дошт, аммо дар бораи ин шахс тафсилот надодааст.

Азбаски аксар аъзои Кумитаи миллии Туркистон ва маҷаллаи “Миллий Туркистон” аз 9 корманд (5 нафар аз ҳамшаҳриҳои раиси Кумита, 4 нафари боқимонда тоҷик, қирғиз, туркман ва қазоқ) иборат буд, нисбат ба фаъолияти Валӣ Қаюмхон норозигӣ ба вуҷуд омад.

Бино бар ин, туркзабонҳои дигари Осиёи Миёна ба вазири территорияҳои ишғолшуда А.Розенберг нома навишта, хоҳиш карданд, иҷоза диҳад, ки кумитаҳои миллии худро таъсис дода, аз Валӣ Қаюмхон ҷудо шаванд, аммо ин дархост рад шуд.

Кумитаи миллии Туркистон аз соли 1942 маҷаллаи «Миллий Туркистон» (“Туркистони миллӣ”)-ро чоп мекард, ки гауптштурмфюрер Боқӣ Абдураззоқ дар он ба ҳайси мудири бахши тоҷикӣ кор мекард. Сардабири маҷалла худи Валӣ Қаюмхон буд.

Бо мусоидати Кумитаи Миллии Туркистон барои аскарони Легиони Туркистон маҷмӯаи семоҳаи “Миллий адабиёт” (“Адабиёти миллӣ”) ва рӯзномаи “Янги Туркистон” (“Туркистони нав”) низ чоп мешуд. Мавзуъҳои асосии нашрияҳо мубориза алайҳи болшевизм ва озод шудани Туркистон ё Осиёи Миёна аз зери ишғоли русҳо буд. Инчунин, диққати зиёд ба тарбияи динӣ дода мешуд. Тамоми харҷи чопи ин расонаҳо аз буҷети Вазорати шарқӣ пардохт мегардид.

Идомааш субҳи якшанбе, 12-уми феврал, нашр мешавад.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG