Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Легиони Туркистон". Ҷосусӣ ё мубориза барои озодӣ?


Аъзои мусалмони Легион ҳангоми намозгузорӣ. Акс аз бойгонӣ
Аъзои мусалмони Легион ҳангоми намозгузорӣ. Акс аз бойгонӣ

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Бахши 2. Қисми аввалро дар инҷо хонед

Тоҷикистон аз хати ҷанг чанд ҳазор километр дур буд, аммо пойи "абвер" то ҷумҳурии мо низ расид. Бино ба гузориши муовини раиси НКГБ ҶШС-и Тоҷикистон аз 8-уми сентябри соли 1945, барои гузаштан ба тарафи Олмон 20 нафар ва барои ҷосусӣ ба нафъи ин кишвар 29 каси дигар ҳабс шуданд.

Дар умум, дар солҳои 1941-1945 дар Тоҷикистон 459 нафар барои ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои хориҷӣ ва кӯшиши зараррасонӣ ва "саботаж" дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ боздошту ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Ҳамчунин, дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар солҳои 1941-1945 шаклҳои нави унсурҳои зиддишӯравӣ ва "агентураи хориҷӣ" дар ҷумҳурӣ ошкор шуданд, аз ҷумла:

  • "Олмониҳое, ки то оғози ҷанг дар Тоҷикистон мезистанд, фаъолияти зиддишӯравиро ба таври васеъ ба роҳ монданд;
  • Дар миёни шахсоне, ки аз қисматҳои ғарбии Украина ва Беларус, ҷумҳуриҳои Соҳили Балтика ва Полша ба Тоҷикистон эвакуатсия шуда буданд, рӯҳияи муҳоҷиршавӣ зиёд ба мушоҳида мерасид;
  • Босмачиҳо низ фаъолияти худро қувват бахшиданд ва дар баъзе ҳолат ошкоро баромад карданд;
  • Ҳаводиси паҳн кардани варақаҳои зиддишӯравӣ ва навиштани номаҳои беимзо афзуд;
  • Рӯҳониёни иртиҷоии мусулмон низ фаъолияти худро нерӯ бахшиданд" (“Военно исторический журнал”. с.1996. №5. саҳ.27 -28).

РАҲИМ БУРҲОНОВ

Ба мақсади ҳарчи бештар фаъол кардани кори разведка соли 1944 дар шаҳри Дрездени Олмон Пажӯҳишгоҳи Арбайтс Гемайншафт "Туркестан" (АТ) таъсис ёфтааст. Институт 9 шуъба дошт, аз ҷумла, кишваршиносӣ, нақлиёт, геология, канданиҳои фоиданок, ислом, тиб ва адабиёт. Роҳбари муассисаро мутахассиси кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла, Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна гауптштурмфюрер Райнер Олтсша ба уҳда дошт.

Кормандони АТ бо баҳонаи таълифи китобҳо аслан ба ҷамъоварии маълумоти махфӣ машғул буданд. Як вазифаи дигари АТ тарбияи мутахассисоне буд, ки пас аз гузаштани курсҳои омӯзишӣ дар мактаби разведка кор карда, ҷосусонро барои партофтан ба минтақаҳои мусулмоннишини Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна тайёр мекарданд.

Разведкаи Шӯравӣ дар навбати худ дар бораи фаъолияти Кумитаи миллии Туркистон, Легиони Туркистон ва Пажӯҳишгоҳи Арбайтс хабар ёфта, мекӯшид, кормандони худро ба ин ниҳодҳо ворид кунад.

Коршиносони қазоқ дар ин иртибот менависанд, дар давраи ҷанг разведкаи Шӯравӣ 50 корманди худро дар Алмато тайёр кард ва ба ниҳодҳои мазкур фиристод. Гуё яке аз инҳо Раҳим Бурҳонов – писари маорифпарвари машҳури тоҷик Абдураҳим Мунзим – будааст.

Дар ҳақиқат, Бурҳонов дар солҳои 1944-1945 ба ҳайси маъмури иктишофӣ ба Олмон партофта шудааст, аммо ӯ бо мактаби разведкаи Алмато ягон иртибот надошт. Муаллифи ин сатрҳо соли 2001 парвандаи ҷиноии номбурдаро омӯхт ва дар ин зимн мақола таълиф кард, аммо дар ягон ҷойи парванда номи шаҳри Алматоро вонахӯрд.

Раҳим Бурҳонов дар солҳои 1922-1926 дар Олмон ҳамроҳи Валӣ Қаюмхон хонда, пас аз бозгашт ба Иттиҳоди Шӯравӣ Академияи ҳарбӣ – муҳандисиро хатм кардааст. Сипас дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор карда, бо оғози ҷанг ба Институти педагогӣ ба ҳайси муаллими забони олмонӣ ба кор рафт.

Соли 1943 ба разведка ҷалб шуд. Дар наздаш вазифа гузоштаанд, ки бо Валӣ Қаюмхон ва роҳбарони дигари “Ҳукумати Туркистон”, ки онро Олмон ташкил карда буд, робита барқарор кунад. Раҳим Бурҳонов дар охири соли 1943 хати фронтро гузашта, ба нерӯҳои Олмони нозӣ таслим гардид. Вай гуфтааст, ба ҳукумати Шӯравӣ нафрат дорад, зеро барои гуноҳи сабуке аз рутбаи капитанӣ маҳрум намуда, ба ҳайси аскари қаторӣ ба “штрафбат” фиристоданд.

Баъд аз бозпурсиҳои зиёд Бурҳоновро озод карда, рутбаи гауптштурмфюрер (капитан) додаанд. Ӯро дар охири баҳори соли 1944 барои чанд моҳ жандармерияи ҳарбии Олмон ҳабс кард. Боқӣ Абдураззоқ ва чанд корманди дигари Кумитаи миллии Туркистон, ки бо Раҳим Бурҳонов иртиботи наздик доштанд, дар суҳбатҳои хусусӣ таъкид кардаанд, ки ӯро бо ташаббус ва интригаҳои Валӣ Қаюмхон зиндонӣ карданд, зеро дар симои ӯ рақиби худро медид.

Азбаски иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Шӯравӣ собит намешавад, мудири АТ Райнер Олтсша барои озодии Бурҳонов мусодидат намуда, сипас ӯро ба кор гирифтааст. Ба қавли Бурҳонов, дар институти мазкур кормандони Шӯравӣ бояд ҳама маълумотеро, ки пеш аз асир афтодану ба ин ниҳод ба кор омадан дар хотир ҳифз карда буданд, мукаммал менавиштанд. Махсусан, дар бораи вазъи иқтисодии Осиёи Миёна, теъдоди корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолот.

Сониян, муваззаф буданд, китобҳоро доир ба ин минтақа, даъватномаҳои зиддишӯравӣ, зиддирусӣ ва миллатгароёна бинависанд. Муаллифони ин таълифот мекӯшиданд, исбот кунанд, ки туркҳои Осиёи Миёна бо Олмон як душмани умумӣ доранд – русҳо, ки “баъд аз тасарруфи минтақаи мазкур ҳузури турконро дар сиёсат, фарҳанг, дини мубини ислом ва ғайра маҳдуд кардааст”.

Ҳангоми кор дар Институт Бурҳонов ба муҳити Кумитаи миллии Туркистон роҳ ёфта, дар боби фаъолияти он ва аъзояш маълумоти дақиқ ҷамъ овардааст. Дар охири соли 1944 ба собиқ дабири кулли Кумитаи миллии Туркистон Қорис Қанатбой наздик шуда, ба ӯ дар ташкили Шӯрои миллии Туркистон мадад кард. Созмони тозатаъсис аз Валӣ Қаюмхон фосила гирифт.

Қанатбоев ташкилоти тозатаъсисашро ба ҳайати Артиши озодихоҳи Русия, ки сарвариашро генерал Власов ба уҳда дошт, шомил кардааст. Бурҳонов дар ин ташкилот бояд мудири шуъбаи ҳарбӣ мешуд.

Ӯ маълумоти ҷамъовардаи худро дар бораи Кумитаи миллии Туркистон, Легиони Туркистон ва Институти Арбайтс баъди хатми ҷанг расондааст. Раҳим Бурҳонов дар рӯзи ғалаба дар Чехословакия буд.

Аз соли 1946 Валӣ Қаюмхон, Қорис Канатбоев, Боймирзо Ҳаитов ва дигар фаъолони туркзабон бо ёрии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ созмонҳои нави сиёсӣ таъсис додаанд. Бино бар ин, разведкаи Шӯравӣ тасмим гирифтааст, ки кормандони худро ба ташкилоти нави зиддишӯравӣ ворид кунад.

Ҳамин тариқ, Бурҳоновро баъд аз як соли кор дар Институти омӯзгории Душанбе ба Олмони ғарбӣ фиристоданд. Ӯ 3 сол дар онҷо кор карда, дар хусуси нақшаҳои Валӣ Қаюмхону ҳомиёнаш маълумот ҷамъ овардааст.

Соли 1949 худи Бурҳонов ғайриинтизор аз ҷониби Вазорати амнияти ИҶШС боздошт ва ба ҷосусӣ ба нафъи Амрико муттаҳам шуд. Додгоҳ дар соли 1950 ӯро ба муҳлати 10 сол ба ҳабс маҳкум кард ва ба Воркута фиристод. Ин ҳукм соли 1956 бекор шуд. Раҳим Бурҳонов ба Тоҷикистон баргашт.

САРНАВИШТИ ЛЕГИОНЕРОН

Вермахт дар даврони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон легионҳои зиёдеро аз ҳисоби асирон ва фирориён таъсис дода буд. Легиони Туркистон танҳо яке аз онҳо буд.

Ағлаби муҳаққиқон зикр мекунанд, ки дар солҳои 1942-1945 як қисми қобили мулоҳизаи легионерҳои Туркистон бо фаро расидани аввалин имконият ба сӯи Артиши Сурх, партизанҳо ва Ҳаракати Муқовимат дар Аврупо пайваста, на танҳо бо вермахту СС, балки бо собиқ ҳамхидматони легионери худ низ ҷангиданд.

Тибқи омор, то 1-уми марти соли 1946 беш аз 4 миллиону 199 ҳазор шаҳрванд ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргардонда шуданд. Аз ин миён зиёда аз 1 миллиону 846 ҳазор асир буданд.

Бояд ин нуктаро зикр кунем, ки аз Осиёи Миёна ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Ҷанги Дувуми Ҷаҳон) наздик ба 4,5 миллион нафар даъват шуда буданд. Пас аз хатми он аз асорат ва аз сафи Легиони Туркистон ба ватан 29588 узбек, 24448 қазоқ, 4299 қирғиз, 3791 туркман баргардонда шудаанд. Манобеи мухталиф шумораи тоҷиконро аз 4300 то беш аз 4700 нафар нишон додаанд. Маълум нест, чӣ қадари онҳо асирони конслагерҳо буданд ва чӣ қадари дигарашон собиқ аскарони Легиони Туркистон.

Дар манобеи гуногун зикр мешавад, ки ҳайати шахсии Легиони Туркистон то охири соли 1944 ба беш аз 181 ҳазор кас мерасид.

Мурофиаи пурсарусадо дар мавриди аскарони Легиони Туркистон ва Кумитаи миллии Туркистон, Шӯрои Миллии Туркистон аз 8 то 18-уми апрели соли 1949 лар шаҳри Алмато гузаштааст. Дар ин мурофиа 49 нафар ба курсии айбдорӣ нишаста, аз ҷумла, 2 тоҷик.

Дар китобу мақолаҳои зиёде, ки дар иртибот ба ин мурофиа тайи даҳсолаҳои гузашта чоп шудаанд, номи аксари онҳо зикр шуда, аммо номи 2 тоҷик сарфи назар гардидааст.

Додгоҳ ҳукм баровард, ки 11 нафар ба марг маҳкум шаванд, аммо дертар бознигарӣ шуд ва танҳо як кас афар ҳукми қатл гирифт. Ӯ Артур Колдибаеви қазоқ буд. Ба ин тартиб, пас аз бозбинии парванда 48 нафар аз 7 то 25-солӣ аз озодӣ маҳрум гардида, ба зиндонҳои Сибир ва Шарқи Дур фиристода шуданд.

Баъзе аз муҳаққиқон, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳуҷҷатҳои легионерон дар бойгониҳо дастрасӣ ёфтанд, мегӯянд, онҳо барои тамоми умр зери назорати қатъии ниҳодҳои интизомиву ҳизбӣ қарор доштанд.

Дар тобистони соли 1991 дар марҳилаи ниҳоии бозсозии Горбачёв ва чанд моҳ қабл аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ асирони ҳарбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбонии “репрессияҳои сиёсии сталинӣ” ва “қурбонии худсариҳои сталинӣ” эълон шуданд. Аз нимаи солҳои 90-уми асри гузашта дар баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя кӯшиш доранд, то легионерон ва лидерони онҳоро муборизони ҳаракати озодиву истиқлолхоҳӣ муаррифӣ кунанд.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG