Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир Тим Ҷонс: "Муҳоҷирони тоҷик аз Бритониё бо таҷрибаи нав бармегарданд" ВИДЕО


Тим Ҷонс, сафири Бритониё дар Душанбе
Тим Ҷонс, сафири Бритониё дар Душанбе
Сафири Бритониё мегӯяд, муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳақ доранд, танҳо шаш моҳ ва дар бахши кишоварзӣ дар кишвараш кор бикунанд. Тим Ҷонс шумораи дақиқи онҳоро нагуфт. Тахмин зад, ки эҳтимол "ҳазорҳо нафар" ҳастанд. Мегӯяд, баъзе аз муҳоҷирон аз Русия рафтаанд. Тим Ҷонс рӯзи 22-юми феврал меҳмони Радиои Озодӣ буд ва ба чанд суоли вобаста ба муҳоҷирати тоҷикон ба Бритониё посух гуфт.

Радиои Озодӣ: Чанде пеш сафорат аз корҷӯёни тоҷик хост, эҳтиёт кунанд, то бо орзуи рафтан ба Бритониё ба доми фиребкорон науфтанд. Нигаронӣ аз куҷо пайдо шуд?

Тим Ҷонс: "Чанде аз сокинон бо нияти гирифтани раводид (виза)-и Бритониё ба сафорати мо дар Душанбе омаданд. Ба онҳо чунин фаҳмондаанд. Мардум бояд донанд, ки сафорати Бритониё раводид намедиҳад. Дарёфти иҷозаи сафар ба Бритониё танҳо тавассути сомонаи расмии ҳукумат имконпазир аст. Вақте ба мардум мегӯянд, ки сафорат виза медиҳад ва ба назди мо мефиристанд, кори дуруст нест."

Радиои Озодӣ: Ягон мавриди қаллобӣ ошкор шуд?

Тим Ҷонс: "Шумораи онҳоро дақиқ гуфта ва тасдиқ карда наметавонам. Тафтиши ҳодиса аз доираи масъулияти мо берун аст."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик шиква доранд, ки кор дар Бритониё мавсимӣ аст ва ҳамагӣ 6 моҳ. Харҷи сафар ва раводид ҳам аз тарафи худи онҳост...

Тим Ҷонс: "Бале, медонам, муҳоҷирон дар онҷо фақат ним сол кор карда метавонанд. Ин барномаи кишоварзӣ аст, аммо як соат кор 12 доллар арзиш дорад. Маош нисбат ба Русия ва кишварҳои дигар зиёд аст. Роҳи дигар ҳам ҳаст, вале барои кормандони баландихтисос. Муҳим аст, ки муҳоҷирон шаш моҳ кор кунанду баргарданд, то солҳои оянда низ бираванд. Вақте мардум мераванду дигар барнамегарданд, мушкили калон пеш меояд."

Радиои Озодӣ: Ба сабаби бекорӣ мардуми зиёди Тоҷикистон дар ҳар ҷойи дунё кору маоши муносиб меҷӯянд. Аз ҷумла, дар Бритониё. Мепурсанд, чӣ гуна мешавад ба онҷо роҳ ёфт? Тавассути кӣ?

Тим Ҷонс: "Дар Тоҷикистон як ниҳоди масъул аст, ки довталабони кор дар Бритониё ба он муроҷиат кунанд. Маркази машваратӣ дар назди Хадамоти муҳоҷират дар Душанбе. Ширкати "Pro Force" ҳам ҳаст. Тибқи қарордод бо Вазорати кишоварзии Бритониё муҳоҷиронро ба кор мегирад, аммо дар Тоҷикистон намояндагии расмӣ надорад."

Радиои Озодӣ: Ба назар мерасад, Бритониё дар Тоҷикистон ҳузури густурда надорад, вале муносибати Лондону Душанберо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Тим Ҷонс: "Ба равобити дипломатии мо 30 сол пур мешавад. Муносибатро аз сифр оғоз кардем. Ҳамеша мегӯям, рушди Тоҷикистон барои Бритониё низ фоида дорад. Вақте муносибатҳои тиҷоратӣ ва амниятӣ беҳтар мешавад ва вақте тоҷикон моли Бритониёро мехаранд, барои мо бисёр хуб аст. Фикр мекунам, метавонем, дар оянда бештар кор кунем. Мардум бо таҷрибаи нав аз Бритониё бармегарданд. Барои равобити ду кишвар хеле муҳим аст."

Радиои Озодӣ: Пештар Бритониё дар баъзе аз тарҳҳо, аз ҷумла истихроҷи тилову иктишофи газу нафт дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекард. Ҳоло чӣ?

Тим Ҷонс: "Дар ҳоли ҳозир сармоягузорӣ чандон бузург нест. Умед дорем, дар солҳои оянда бештар шавад."

Радиои Озодӣ: Ва дар охир. Ба назари Шумо, ҷанги бедалели Русия дар Украина муҳоҷирони кории тоҷикро дар чӣ шароите гузошта?

Тим Ҷонс: "Фикр мекунам, ҳамлаи Русия ба Украина амниятро дар ҷаҳон бад кард. Вазъи муҳоҷирон дар Русия низ мушкилтар шудааст. Дар ҳар ҷумҳурие, ки ҷангро алайҳи кишвари дигар оғоз мекунад, вазъи мардум бадтар мегардад. Умед дорам, сари фурсат сулҳ ба минтақа баргардад."

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Мусоҳиба бо сафири Бритониё дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:31 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG