Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Politico: Чин ба Русия аслиҳа фиристодааст


Ширкатҳои чинӣ ба Русия ҳазор аслиҳаи таҳоҷумӣ, инчунин, қисмҳои эҳтиётии дронҳо ва зиреҳ ворид кардаанд, ки мумкин аст, онҳоро дар ҷанг истифода бурд. Дар ин бора нашрияи Politico бо такя ба ҷамъоварандаи маълумоти гумрукӣ - ImportGenius хабар дод.

Воридсозии аслиҳа ва дигар дастгоҳҳо аз моҳи июн то декабри соли 2022 сурат гирифтааст.

China North Industries Group Corporation Limited - яке аз ширкатҳои бузурги давлатии Чин моҳи июни соли 2022 ба ширкати "Техкрим"-и мақомоти Русия аслиҳа фиристодааст.

Ба иттилои Politico, туфанги навъи CQ-A, ки ба туфанги M16 амрикоӣ шабоҳат дорад, дар ҳуҷҷатҳо "туфанги шикорӣ" номида шудааст. Дар Чин CQ-A-ро пулис ва дар Филиппину Судони Ҷанубӣ ва Парагвай низомиҳо истифода мебаранд.

Ба илова, ширкатҳои Русия тавассути Чин дар 12 маврид қисмҳои эҳтиётии дрон ва зиреҳ дарёфт кардаанд. Як ширкати дигари чинӣ дар моҳи декабр тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Русия қисмҳои эҳтиётии бесарнишин фиристодааст.

Дар ҷабҳаи ҷанг дар Украина истифодаи туфангҳои чинӣ аз ҷониби Русия мушоҳида нашудааст, аммо дронҳои навъи Mugin-5-ро артиши Украина суқут додааст.

Mugin Limited тасдиқ кард, ки дронҳои суқутдодашуда чинӣ ҳастанд. Ширкат истифодаи дронҳояшро дар ҷанг "таассуфангез" номид. "Мо истифодаи онҳоро қабул надорем. Мо ҳамаи талошро мекунем, ки ин корро манъ кунем", - гуфтааст дар суҳбат бо расонаҳо намояндаи ширкат.

Ба иттилои ImportGenius, Русия дар моҳи декабри соли 2022 аз Чин ба арзиши 10 миллион доллар зиреҳ ворид кардааст. Ин зиреҳҳоро ширкати туркии Ariteks истеҳсол карда.

Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен дар моҳи феврали имсол Чинро аз оқибатҳои ҷиддии фиристодани аслиҳа ба Русия ҳушдор дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG