Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдории порлумони Уганда аз ҳукми қатл барои ҳамҷинсгароӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Порлумони Уганда лоиҳаи қонунро дар бораи ҷорӣ кардани ҳукми қатл барои ҳамҷинсгароӣ пазируфт.

Тарҳи қонунро акнун бояд президенти он кишвар, ки ахиран ҳамҷинсгароиро "берун рафтан аз меъёр" номид, имзо кунад.

Барои "ҷалб кардан, пешбарӣ ва маблағгузории фаъолияти ҳамҷинсгароӣ" низ ҷазои ҳамсон ҷорӣ карда мешавад". Қонунугузории амалкунандаи Уганда барои ҳамҷинсгароӣ ҳабси якумрӣ пешбинӣ мекунад.

Зидди лоиҳаи қонун аз 389 вакил танҳо ду кас раъй додаанд. Яке аз онҳо гуфтааст, ки лоиҳаи қонун муқаррароти ғайриконститутсионӣ дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ лоиҳаи мазкурро маҳкум карда, онро "қонунгузории бадбинӣ", "таҷовузи комил ба инсоният", "табъизкунанда" ва "ғайриконститутсионӣ" номидаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони Уганда гуфтаанд, мубориза бо табъизро идома хоҳанд дод.

Ҳамҷинсгароӣ дар бештари кишварҳои Африқо қонунан манъ аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG