Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Туркия узвияти Финландияро ба НАТО тасдиқ кард


Порлумони Туркия дархости Финландияро барои узвият дар НАТО тасдиқ кард. Ҳамаи вакилон раъйи мусбат доданд.

Туркия аз 30 кишвари узви НАТО кишвари охирине буд, ки узвияти Финландияро тасдиқ кард. Ҳафтаи ҷорӣ, пеш аз Туркия, порлумони Маҷористон дохил шудани Финландияро тасдиқ карда буд.

Мақомоти Финландия ҳамаи талаботи расмии шомил шудан ба НАТО-ро қонеъ карданд. Ин кишварро мумкин аст, моҳи июл ба узвият пазиранд.

Дар ҳамин ҳол сарнавишти Шветсия норӯшан аст. Шветсия ҳамроҳи Финландия дархости узвият дода буд. Маҷористон ва Туркия дархостро то ҳанӯз қонеъ накарда, шартҳоеро барои Шветсия гузоштаанд.

Туркия дархости истирдоди беш аз 100 фаъоли курдро дорад, ки дар Шветсия паноҳандагӣ дарёфт кардаанд. Анкара онҳоро ба терроризм айбдор медонад. Мақомоти Маҷористон Шветсияро ба дахолат ба кори дохилии Маҷористон айбдор мекунанд.

Дар НАТО гуфтанд, дар сурати ғайр мумкин аст, Финландияро бидуни Шветсия ба узвият пазиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG