Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писари ҳама ба артиш равад, хоҳ мансабдор, хоҳ мардуми одӣ" ВИДЕО


Чаро ҷавонони тоҷик ихтиёрӣ ба артиш намераванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Чаро ҷавонони тоҷик ихтиёрӣ ба артиш намераванд?

Аз 1-уми апрел даъвати баҳории ҷавонон ба артиши Тоҷикистон оғоз шуд. Бо вуҷуди онки мақомот аз ихтиёрӣ рафтани ҷавонон ба артиш ситоиш мекунанд, хабарҳо дар бораи маҷбурӣ бурдани онҳо ҳам кам нест. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки чаро ҷавонони тоҷик довталабона ба артиш намераванд.

Посухҳо:

  • “Эҳсоси ватандӯстии ҷавонони ҳозира дар сатҳи поин аст. Ин ватан аст. Чизе ҳаст, бояд рафта, онро ҳимоя кунӣ.”
  • “Азоб дар ҳама ҷо ҳаст. Ин ба худи ҷавон вобастагӣ дорад.”
  • “Муҳит дар ҳамон сафи нерӯҳои мусаллаҳ хуб нест. Аскарбачаҳо вафот мекунанд. Онҳоро шиканҷа мекунанд, мумкин, барои ҳамин ихтиёрӣ намераванд.”
  • “Ислоҳот даркор аст, ягон сабаб ҳаст, ки намераванд.”
  • “Аз ҳифзи ватан мегурезанд, ин ягон маъно надоранд.”
  • “Бачаҳо метарсанд, ки онҳоро мезананд.”
  • “Бояд мақомоти маҳаллӣ дар ин масъала кор кунанд.”
  • “Ба хидмат не, балки барои зиндагӣ ба Русия мераванд. Шояд ба ин далел аст.”
  • “Ҳама шаҳрвандон ба хидмат даъват шаванд, тағобозӣ аз байн равад. Фарзандони ҳама рафта хидмат кунанд, хоҳ писари мансабдор бошад, хоҳ аз мардуми одӣ. Ватан ватани ҳама аст.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG