Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толиб Шаҳидӣ: Фазои Тоҷикистон бароям ҳамеша хуб буд. ВИДЕО


Толиб Шаҳидӣ
Толиб Шаҳидӣ

Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, ки солҳои ахир дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, ахиран барои баргузории консерти асарҳояш дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ ба Душанбе омад.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҷаноби Шаҳидӣ дар бораи эҷодиёту мушкилоти мусиқии касбӣ дар Тоҷикистон, солҳои ҷавониаш дар манзили падараш Зиёдулло Шаҳидӣ ва дидораш бо овозхонҳои маъруфи тоҷик сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Ин даъфа ба Душанбе ба чӣ хотир ва кай омадед?

Толиб Шаҳидӣ: Ба хотири суҳбат бо шумо омадам... Дигар ин ки мехоҳам бо роҳбарияти театри опера ва балет ва мухлисон суҳбат карда, масъалаи баргузории консерти хореографӣ аз рӯи асарҳои солҳои ахир эҷод кардаамро баррасӣ кунам. Ин асарҳои “Рубоиёти Хайём”, “Марги судхӯр”, балети “Юсуф ва Зулайхо” ва баъд операи “Амир Исмоил” аст. Фазо ва ҳунармандоне, ки ин ҷо буданд, ҳамеша дар ёдам ҳаст. Мутаассифона, дар аввали моҳи январ Бурҳон Мамадқулов аз дунё гузаштанд. Баъд аз Аҳмад Бобоқулов ин кас беҳтарин тенори тоҷик буданд. Хурсандам, ки бо ин ҳунармандон бисёр чизҳоро сабт карда будем. Мехостам онҳоро ёдоварӣ кунем, арияҳое, ки онҳо иҷро кардаанд аз тариқи телевизиону радио садо диҳанд. Ин кор Маскав .

Радиои Озодӣ: Воқеан, ёдоварӣ аз ин ҳунармандон, кори хайре хоҳад шуд. Лутфан, мегуфтед, ки оё дар консерте, ки шумо рӯзи 29 апрел баргузор мекунед, ҳунармандон ва мутрибони хориҷӣ ҳам ширкат мекунанд?

Толиб Шаҳидӣ: Ҳунармандон аз театри Перми Русия, аз ҷумла, Сергей Райник порчаҳои рақси балетиро дар саҳна мегузорад, “Созҳои Румӣ”-ро, ки қаблан дар Омрикову Лондон ва Маскав иҷро мешуд, ҳоло Сергей Райник бо дидаҳои худ рӯи саҳна мегузорад. Қаблан, мусиқие бо номи “Андешаҳо” барои виолончел навишта будам, ки дар Маскаву Лондон иҷро мешуд, ҳоло мехоҳем онҳо дар театри ба номи Садриддин Айнӣ ҳам садо диҳанд.

Радиои Озодӣ: Устод, шумо имрӯз бо мутрибони театр тамрине анҷом додед, оё онҳо аз иҷрои дурусти оҳангҳои эҷодкардаатон мебароянд ё не?

Толиб Шаҳидӣ: Дафтарҳои мусиқии (нотаҳо) навиштаамро бори нахуст иҷро карданд, ки дуруст буд, ҳоло дар оркестри театр мутрибони ҳирфаӣ бештар шудааст. Онҳо имкон доранд мусиқии классикиву замонавии навиштаи моро бо садои дуруст иҷро кунанд. Ин хеле хуб аст.

 Толиб Шаҳидӣ: Барои сӯҳбат бо мухлисон ба Тоҷикистон омадам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:36 0:00

Радиои Озодӣ: Боре гуфта будед, ки дастнависи бархе аз оҳангҳои эҷодкардаатонро гум кардаед ё наметавонед онҳоро пайдо кунед. Ҳоло ҳамаи дастхатҳоро сарҷамъ кардаед ё не?

Толиб Шаҳидӣ: Мутаассифона, ҳамаи эҷодкорон бо чунин вазъ дучор мешаванд. Вақте ҷавон будему энерҷиамон дигар буд, зиёд менавиштем, баъд оҳиста-оҳиста фанновариҳои компютерӣ кори моро осонтар кард, ки ҳамаи эҷодамон дар архиви электронӣ ҳифз шавад. Ҳоло бархе аз дастнависҳоямро пайдо карда, худам тааҷҷуб мекунам, ки ин асарро кай ва чӣ тавр навиштаам. Вале пайдо кардани дастнависҳои падарам бароям бештар ҷолибанд, ҳам дастнависи мусиқиву ҳам матн ҳам мактубҳо. Ҷавонҳо ҳамаи онҳоро дар компютер ҳифз кардаанд. Солҳои аввал, ки ба Тоҷикистон меомадам, дар китобхонаҳо на ҳама аз осори худамро пайдо мекардам, ки гунаҳгораш ҳам худам будам. Дар осорхонаи ҷумҳуриявии падарам ҳам дастнависҳои падар ва ҳам худам ва аксҳо ба ҳар шакле ҳифз карда мешаванд. Матлабҳои зиёдеро дубора пайдо кардаам.

Радиои Озодӣ: Шумо дар хонаводае бузург шудаед, ки ба он ҷо бузургони ҳунару эҷод ба мисли Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакару ҳунармандони маъруфи дигар ҷамъ меомаданд. Падари бузургвори шумо Зиёдулло Шаҳидӣ солҳо роҳбарии Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистонро ба зимма доштанд. Шумо низ узви ин иттиҳод ҳастед ва роҳбарии ҳам кардаед.

Толиб Шаҳидӣ: Дар Иттиҳоди оҳангсозон ман дар вазифаи муовини раис кор кардаам. Солҳое, ки падарам роҳбарии ин созмонро доштанд, барои тарбияи мо, ҷавонҳо муаллимеро бо номи Юрий Тер-Осиповро аз консерваторияи Боку даъват карда буданд. Устоди он кас Қаро Қароеви озарбойҷонӣ буданд. Юрий Тер-Осипов барои ҳамин театр бисёр операҳо, бахусус барои бачаҳо менавиштанд. Мо ҳам ба дунболи он кас чунин асарҳое эҷод мекардем, аз балету афсонаҳои аврупоӣ сар карда, то қиссаҳои тоҷикӣ. Дар хона аз ҷараёни эҷоди сурудҳое ба мисли “Хонаи мо он қадар ҳам дур нест” бо ширкати Барно Исҳоқова ва Шоиста Муллоҷонова огаҳӣ доштам.

Толиб Шаҳидӣ

Толиб Шаҳидӣ 13 марти соли 1946 дар Душанбе таваллуд шуда, фарзанди оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад. Соли 1967 Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва соли 1972 Консерваторияи давлатии Москавро хатм кардааст. Дар вазифаҳои устоди Донишкадаи санъати Тоҷикистон, муҳаррири мусиқии киностудияи “Тоҷикфилм” ва Телевизиони Тоҷикистон, дирежери театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Муаллифи балети “Марги судхӯр”, “Рубоиёти Хайём”, “Юсуф ва Зулайхо”, операҳои “Посбони оташ”, “Амир Исмоил”, “Халифи якрӯза”, “Себҳои сеҳрнок”, “Чор симфония”, аз ҷумла “Тоҷикон”, “Абӯалӣ Ибн Сино” ва “Мақомот”, консерт барои сюитаи балетӣ ва “Республикаи ман” барои оркестри симфонӣ, чор квартет барои созҳои торӣ, контатаҳо, асарҳои созиву камеравӣ, мусиқӣ барои филмҳову спектаклҳо мебошад.

Бисёре аз ин шахсиятҳо дар хонаи мо ҷамъ мешуданд ва аксҳои зиёди архивӣ дорем дар ин бора. Барои мо ҷавонҳо ин ҳама дарси ҷолиб буд, зеро аз суҳбатҳои онҳо ва тамринҳое, ки падарам бо онҳо анҷом медоданд, барои худ бардоштҳои даркорӣ мегирифтем. Масалан, бо Ҳанифа Мавлонова тамрин мекарданд ё оҳангсозони ҷавон он давра ба мисли Фаттоҳ Одинаев, Саид Ҳамроев меомаданд, ки эҷодкорони хеле аҷиб буданд. Мо, ҷавонҳо, Шодмон Пӯлодӣ, Заррина Миршакар, Фирӯз Баҳор ҳаракат мекардем аз дарсҳои хуби ҳамон муаллими Юрий Тер-Осипов баҳра бардорем. Баъд аз он ман дар Маскав таҳсил кардам, муаллими ман артисти халқии СССР Андрей Эшпай ва Сергей Баласанян бароям дарс медоданд. Аз курси аввал дар гуруҳи Арам Хачатурян дарс мехондам. Консерваторияи Маскав дар ҷаҳон бузургтарин буд ва мо дар он ҷо панҷ сол таҳсил кардем. Дар ин даргоҳ бастакорони машҳури он замонро дидаам ва асарҳояшонро дар толори ин консерватория шунидаам. Чанде пеш дар ҳамин толор консерти худамро низ баргузор кардам.

Радиои Озодӣ: То ҷое иттилоъ ёфтам, дирижёри машҳури рус Валерий Гергиев, ки бо шумо ҳамкорӣ дорад, гуфтааст, ки бо Толибхон Шаҳидӣ умумияти зиёде дорад. Фикр мекунед, муштаракоти шумо бо Гергиеви осетин танҳо гузаштаҳои ориёии ин ду миллат аст ё умумияти дигаре?

Толиб Шаҳидӣ: Ин ҳам ҳаст ва боз ин ки Валерий Гергиев дар театри Мариинский нахуст қисме аз асарҳои маро ба иҷро гузошту дар қисмати дувуми барномааш симфонияи рақами панҷуми Чайковскийро. Сардирежери ин оркестр дар ин консертро Александр Раҳбарии эронӣ ба уҳда дошт, эроние, ки дар Утриш таваллуд шуда, дар Аврупо бузург шудааст ва ҳоло дар театри ба номи Киров фаъолият дорад.

Радиои Озодӣ: Мехостам сари ин мавзӯъ баргардем - ба мавзӯи таҳияи оҳанги машҳури таронаи “Хонаи мо он қадар ҳам дур нест”, ки то ҳол шуҳратёр аст. Шояд, шумо ҷузъиёти таърихи навишта шудани оҳанги он аз сӯи падари бузургворатонро дар хотир доред?

Толиб Шаҳидӣ: Якҷо бо Аҳмад Бобоқулов, замоне, ки ман дар телевизиони Тоҷикистон фаъолият мекардам, дар бораи таърихи навишта шудани ин оҳанг барномаи чандсоатае сабт карда будем. Сипас, якҷо бо Барно Исҳоқова ва Шоиста Муллоҷонова низ чунин барномаҳое сабт кардаем. Дар бораи худам низ барномаи чандсоата таҳия шуда буд. Вале, намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ин барномаҳо аз тариқи телевизион хеле кам садо медиҳанд. Афсӯс мехӯрам ва мехостам бо масъулон дар ин бора суҳбат кунам. Ҳоло ҷавонҳо шудаанд ва бо мо маслиҳат намекунанд, давраҳои пеш бо мо маслиҳат мекарданд, ҳам бо падараму ҳам бо иҷрокунандаҳо. Ман беҳуда Бурҳон Мамадқуловро ёдоварӣ накардам, онҳо нотакрор буданд.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳоло дар хориҷи Тоҷикистон зиндагӣ мекунед, намехоҳед ба ватан баргардед ва ин ҷо кору зиндагӣ кунед?

Толиб Шаҳидӣ: Не, чаро? Дар ин ҷо худамро хеле хуб ҳис мекунам дар ҳамон муҳите, ки калон шудааму пир шудаам. Ин фазои Тоҷикистон бароям ҳамеша хуб буд.

Радиои Озодӣ: Шояд, зиндагӣ ва эҷодиёт берун аз Тоҷикистон роҳаттар бошад?

Толиб Шаҳидӣ: Осонтар не, вале он ҷое, ки ман таҳсил кардаам дар Маскав замони ҷавониам хеле ҷолиб буд.

Радиои Озодӣ: Дар як суҳбате аз Гулсифат Шаҳидӣ, хонуми муҳтарами шумо пурсидам, ки оё шуҳрати ҳамсаратон монеи машҳур шудани шумо ба унвони нависанда намешавад? Он кас посух доданд, ки на, баръакс, ҳамсарам ҳамеша бароям кӯмаку машварат медиҳанд. Мехоҳам баръакси ин саволро ба шумо ҳам ироа кунам, ки ҳоло Гулсифатхонум дар минтақа ва ҷаҳон ба унвони адиб хеле саршинос шудаанд. Назари шумо ба шуҳратёбии эҷодии хонуматон чист?

Толиб Шаҳидӣ: Ҳам барои ман ва ҳам барои бачаҳоямон ин хеле кори хубе шуд. Зеро китобҳои Гулсифат ҳам ба забони тоҷикиву русӣ ва узбекиву англисӣ нашр мешаванд ва дар хона мо ҳамакаса дар бораи сюжету қаҳрамонҳои асарҳояшон суҳбат мекунем. Баъзан, ман барояшон маслиҳатҳо медиҳам, ки ин тур бошад беҳтар аст ё не. Дар ниҳоят дарк кардам, ки агар дар оила боз як касе эҷодкор шавад, вақт кам мемондааст...

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG